Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Душанбе ҳоло сохтмони се таваққуфгоҳи бисёрқабатаи автомобилӣ дар назди бозори «Корвон», дар кӯчаҳои Айнӣ ва «Бохтар» идома дорад. Дар ин бора сармеъмори пойтахт Самӣ Азиз рӯзи 11 феврал ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, таваққуфгоҳ дар кӯчаи Айнӣ, дар наздикии Беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ», дар кӯчаи «Бохтар» ва дар паси бинои маъмурияти шаҳр сохта мешавад.
«Сохтмони таваққуфгоҳҳо дар дигар ҷойҳо низ пешбинӣ шудааст. Дар сурати муроҷиати соҳибкорон мо омодаем, ки ҷойҳои сохтмонро муайян ва пешниҳод кунем», – зикр кард Самӣ Азиз.
***
Ширкати «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳоро тариқи хатсайри «Душанбе – Рашт» барқарор намуд. Парвози аввал бо хатсайри «Душанбе – Рашт – Душанбе» пас аз танаффуси тӯлонӣ 7 феврали соли 2025 сурат гирифт, хабар доданд дар ширкат.
Парвоз дар ҳар самт 30 дақиқа тӯл кашид. «Ҳавопаймо соати 14:35 аз Душанбе парвоз карда, соати 15:05 дар фурудгоҳи Рашт фуруд омад. Аз Рашт парвоз соати 15: 40 оғоз шуд ва соати 16:10 дар Душанбе ба поён расид», – гуфтанд дар «Тоҷик Эйр».
Нархи чипта 350 сомонӣ буда, парвозҳо ҳафтае се маротиба – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа бо ҳавопоймои «АН-28», ки барои интиқоли 17 мусофир ва то 1750 кг бор пешбинӣ шудааст, анҷом дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» оғози парвозҳои нави дохилиро аз Душанбе ба Ванҷ, Рашт ва Лахш эълон карда буд.
Пас аз танаффуси тӯлонӣ моҳи сентябри соли гузашта ширкат парвозҳоро аз тариқи хатсайри «Душанбе – Хоруғ – Душанбе» аз сар гирифт. Он замон ширкат изҳор дошт, ки вобаста ба талабот, моҳи октябри соли 2024 парвозҳо аз Душанбе ба Панҷакент, Лахш, Рашт, Кӯлоб, Ишкошим ва Айнӣ низ оғоз хоҳанд шуд.
Баъдтар, дар моҳи январи соли 2025, ширкат парвозҳоро ба Кӯлоб ва Панҷакент барқарор сохт.
***
Дар Душанбе аввалин пайроҳаи велосипедронӣ дар кӯчаи А. Каҳҳоров ба нақша гирифта шудааст, таҷдиди кӯча ба зудӣ ба анҷом мерасад. Масъалаи ҳамгироии хатҳои велосипедронӣ ба инфрасохтори шаҳр дар нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт 10 феврал ба миён гузошта шуд.
Муовини аввали Раиси шаҳри Дуҳанбе Бахтиёр Шарифӣ зикр кард, ки барои бехатар ҷойгир кардани роҳҳои велосипедронӣ таҷдиди пурраи роҳҳо зарур аст. Таҷдиди кӯчаи Каҳҳоров моҳи марти соли 2023 оғоз ёфт. Дар доираи ин корҳо сохтмони роҳи велосипедронӣ пешбинӣ шудааст. Татбиқи лоиҳа бояд дар давоми 2,5 сол ба анҷом расад.
Ба гуфтаи Шарифӣ, дар оянда чунин роҳҳо дар кӯчаҳои дигари шаҳр низ пайдо мешаванд, ки ин ба беҳтар шудани шароити велосипедронҳо имкон фарҳам хоҳад овард.
***
23 феврал дармеҳмонхонаи «Hyatt Regency»- и пойтахт Форуми таълимӣ барои ҷавонон «Digital Fest 2025» баргузор мегардад. Он ба ҳалли масъалаҳои рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти интернет ва реклама бахшида мешавад.
Форум коршиносон, соҳибкорон, намояндагони тиҷорат ва ҷавонони ба технологияи оянда манфиатдорро ба ҳам меорад.
Дар Форум мубоҳисаҳои панелӣ, баромаду рӯнамоиҳо ва мулоқотҳои судманд дар назар дошта шудаанд. Дар як майдон коршиносони шинохта ва пешоҳангони соҳа баромад мекунанд.
Мавзӯъҳои асосӣ: маркетинги рақамӣ, гузариш ба амалиёти рақамӣ, амнияти киберӣ.
Дар Форум имзои санадҳои ҳамкорӣ дар назар дошта шудааст.
***
Дар ҷумҳурӣ амалиёти «Пиёдагард» идома дорад. Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (РБДА ВКД ҶТ) аз 15 то 25 феврал дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти навбатии «Пиёдагард» гузаронида мешавад. Дар ин хусус РБДА ВКД ҶТ иттилоъ дод.
Аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карда мешавад, ки дар гузаронидани амалиёти «Пиёдагард» фаъол бошанд, талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.
Мақсад аз гузаронидани амалиёти «Пиёдагард» коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо садамаҳои нақлиётӣ дар саросари ҷумҳурӣ маҳз бо иштироки пиёдагардон ба амал меоянд, ки боиси нигаронӣ аст.
***
Дар Тоҷикистон иди нави касбӣ таъсис дода шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 31 январи соли 2025, № 78 супориш дод, ки иловаҳо ба Конуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» барои баррасӣ ва тасдиқ ба палатаи поёнии парлумони кишвар фиристонда шавад.
Тибқи иловаҳо минбаъд ҳар сол 21 апрел дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан бо фармони Президенти ҶТ аз 27 марти соли 2024 таҳти рақами 798 Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти ҷумҳурӣ таъсис дода шуда буд. Ин идора мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии ҷумҳурӣ мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ амалӣ менамояд.
28 декабри соли 2024 Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тавсеаи равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар кишвар «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
8 январи соли 2025 Фармони Сарвари давлат дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030 ба имзо расид.
ДАР МИНТАҚА
Маркази байналмилалии бисёрфунксионалии нақлиётӣ-логистикӣ дар Тирмиз мақоми анбори Шабакаи глобалии таъминоти Идораи Комиссари Олии СММ оид ба кори гурезаҳо (ИКОГ) - ро гирифт. Марказ дар ҷанубтарнин шаҳри Узбекистон, маркази маъмурии вилояти Сурхондарё, дар наздикии сарҳади Афғонистон ҷойгир аст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, бо назардошти вазъи мураккаби байналмилалӣ, СММ кӯшиш мекунад, ки захоири асосиро барои кӯмак ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ нигоҳ дорад ва дар ин замина марказ аҳамияти стратегӣ пайдо кардааст.
Макони мусоиди ҷойгиршавии Тирмиз дар буриши Осиёи Марказӣ аа Ҷанубӣ, инчунин мавҷудияти кормандони соҳибихтисос омилҳои калидии ҳамгироии иншооти тиҷоратию логистикии Узбекистон ба шабакаи ҷаҳонӣ гардиданд.
Аҳамияти ин марказ фаротар аз Афғонистонро дар бар мегирад. Он имкон медиҳад, ки вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи ҷаҳонӣ тақвият дода шавад, ҳамкории минтақавӣ рушд пайдо кунад, мубориза бо тағйирёбии иқлим тавассути истифодаи технологияҳои тоза фаъол гардад.
Маркази логистикии Тирмиз соли 2022 бо мақсади таъмини мутамарказ ва мақсадноки кӯмаки башардӯстонаи СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ ба Афғонистон ва дигар кишварҳо дар заминаи ҶДММ «Термез Карго Центр» таъсис дода шудааст.
Маркази Тирмиз ҳаштумин анбори байналмилалии Идораи Комиссари Олии СММ гардид. Шабакаи глобалӣ инчунин маҷмааҳои воқеъ дар Уммон (Урдун), Дубай (АМА), Найроби (Кения), Аккре (Гана), Дуал (Камерун), Копенгаген (Дания) ва Панама-Сити (Панама)-ро дар бар мегирад.
***
Дар фасли баҳор аввалин саммити «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Ҳамоиш 3-4 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд доир мегардад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Узбекистон.
Саммит бо иштироки роҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон баргузор мешавад. Иттиҳоди Аврупоро президенти шӯрои Аврупо Антониу Кошта ва раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен намояндагӣ мекунанд.
«Ин ҳамоиш як имконияти калидии Иттиҳоди Аврупо барои нишон додани таваҷҷӯҳи геополитикии худ ба амиқтар кардани ҳамкориҳои минтақавӣ бо Осиёи Марказӣ хоҳад буд», - омадааст дар хабари хадамоти матбуот.
Интизор меравад, ки Иттиҳоди Аврупо дар ин ҳамоиш ӯҳдадории худро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои дорои манофеи мутақобила, аз ҷумла нақлиёт, робитаҳои рақамӣ, ашёи хоми стратегӣ таъйид мекунад.
ДАР ҶАҲОН
Ширкати машваратии Brand Finance рӯйхати муосири ширкатҳои гаронбаҳои логистикии ҷаҳонро раддабандӣ ва нашр кард. Дар он ширкати амрикоии UPS, ки арзиши бренди он 35,4 миллиард долларро ташкил медиҳад, пешсафи мутлақ мебошад.
FedEx-и ИМА ва интиқолдиҳандаи Ҷопон ширкати JR мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол кардаанд.
Тибқи иттилои ширкати Brand Finance, UPS сарфи назар аз 8 дарсад ва солона то 35,4 миллиард доллар коҳиш ёфтани арзиши бренд дар ҷои аввал аст. Афзоиши бренди дигари амрикоӣ FedEx, ки дар мақоми дуюм қарор гирифтааст, 11 фоиз, солона то 28,9 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бренди ҷопонии JR, ки ҷои сеюмро касб кардааст, арзиши худро 12 фоиз зиёд карда, ба 13,8 миллиард доллар расонидааст.
***
Кормандони Маъмурияти Литва оид ба бехатарии нақлиёт (LTSA) назорати фаъолияти интиқолдиҳандагони кишварҳои сеюмро тақвият додаанд. Ин тадбир барои таъмини шароити баробар барои ҳамаи интиқолдиҳандагони Литва ва кафолат додани он, ки интиқолдиҳандагони дар кишварҳои сеюм ба қайд гирифташуда иҷозатномаҳои заруриро барои сафар дар қаламрави Литва доранд, андешида мешавад.
LTSA ба тафтиши интиқолдиҳандагон аз кишварҳои сеюм, масалан, ташкили санҷишҳо дар роҳҳо диққати бештар медиҳад, инчунин барои кормандон тренингҳои махсус ташкил карда, ба интиқолдиҳандагон имкон медиҳад, ки аслӣ будани ҳуҷҷати пешниҳодшударо дуруст ва ҳуҷҷати қалбакиро эътироф кунанд.
«Аксари мошинҳои боркаше, ки моҳи гузашта зери санҷиши LTSA қарор гирифтанд, аз Қазоқистон, Узбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ омадаанд. LTSA инчунин мошинҳои тиҷоратиро, ки барои интиқоли мусофирон пешбинӣ шудаанд, низ зери назорат гинрифтааст», - гуфта мешавад дар хабар.
***
Ширкати «Porsche» тақрибан ду ҳазор ҷойҳои кориро коҳиш медиҳад. Истеҳсолкунандаи мошинҳои олмонии Porsche то соли 2029 тақрибан 1,9 ҳазор ҷойҳои кориро кам мекунад, хабар медиҳад рӯзномаи Stuttgarter Zeitung.
«Porsche AG тақрибан 1,900 ҷойҳои кориро коҳиш медиҳад. Ин ба мавзеъҳои Цуффенхаузен (ноҳияи Штутгарт) ва коммунаи Вайсах дахл дорад.Тавре дирнектори кадрҳо Андреас Хаффнер ва раиси шӯрои истеҳсолӣ Ҳаралд Бук хабар доданд, коҳиши ҷойҳои корӣ то соли 2029 ба нақша гирифта шудааст», - навиштааст Stuttgarter Zeitung.
Ҳамзамон таъкид карда мешавад, ки кормандони Porsche то соли 2030 кафолати шуғл доранд, аз ин рӯ ширкат ба қатъи ихтиёрии муносибатҳои меҳнатӣ такя мекунад.
Ин чораҳои сарфакорӣ ба тадбирҳои аллакай амалкунанда зам мешаванд: масалан, Porsche шартномаҳои мӯҳлаташон ба охир расидаро тамдид намекунад. Сабабҳои мушкилоти иқтисодӣ дар Porsche ба коҳиш ёфтани талабот ба мошинҳои барқӣ нисбат ба нақшаи пешбинишуда, инчунин кам шудани фурӯш дар бозори асосии Чин рабт дода шудааст.
***
Ҳукумати Русия мӯҳлати қарори манъи содироти бензинро аз кишвар то охири моҳи феврал тамдид кард, хабар доданд ба «Интерфакс» дар котиботи муовини Сарвазири Русия Александр Новак. Зикр карда шудааст, ки ба истиснои таъминоти истеҳсолкунандагон, ки дар соли 2022 зиеда аз 1 миллион тонна нафтро коркард кардаанд, тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар доираи тавозуни индикативӣ ворид карда шудааст.
Манъи содироти бензин 1 марти соли 2024 дар пасманзари болоравии нархи яклухти сӯзишворӣ ва хатари норасоии бозори дохилӣ ҷорӣ карда шуд. Ин тадбир бояд тӯли шаш моҳ амал мекард, аммо аз охири май то август маҳдудиятҳо бекор карда шуданд.
Интизор мерафт, ки манъи минбаъда то охири соли гузашта идома ёбад, аммо ноябри соли гузашта он то 31 январ ва сипас то охири феврал тамдид карда шуд.
Александр Новак қаблан зарурати қабули ин қарорро бо «қонеъ сохтани талаботи пуршиддат ба маҳсулоти нафтӣ дар дохири кишвар» шарҳ дода буд. Ин, ба гуфтаи ӯ, «барои ба эътидол овардани нархҳо дар бозори дохилии маҳсулоти нафтӣ мусоидат мекунад».
Маҳдудиятҳо дар содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон дахл надоранд, зеро ҷумҳурӣ онҳоро аз соли 2013 тибқи созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар дар асоси имтиёзнок (бе пардохти боҷи гумрукӣ ҳангоми убури сарҳади Федератсияи Русия) мегирад.
***
Дар ИДМ Созишномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар нақлиёт такмил дода мешавад. Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқа кардани лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар нақлиёт 6 феврал дар Минск баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Куитаи иҷроияи ИДМ.
Дар ҷаласа намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок карданд.
Коршиносон ҳуҷҷатро бо назардошти эродҳо ва пешниҳодҳои аз кишварҳо воридшуда такмил ва мувофиқа карданд. Қарор шуд, ки онро бо тартиби муқарраршуда ба баррасии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод кунанд.
Созишномаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар нақлиёт соли 2004 қабул карда шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 раёсатро дар ИДМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад.