Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрҳои Бохтар ва Леваканти вилояти Хатлон 6 адад техникаи нави партовпартоӣ туҳфа карда шуд.
15 январ дар расми қабули тӯҳфаҳо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Таъкид карда шуд, ки муассисаҳо ва шахсони масъул бо истифода аз имкониятҳои мусоид ва техникаи муосир бояст дар тозаву озода намудани шаҳрҳо ва корҳои ободониву созандгӣ саҳми арзандаи худро гузоранд
Техникаҳои нав ба ҳама талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар беҳдошти корҳои созандагӣ ва тозаву озода н нигоҳ доштани шаҳр мусоидат хоҳанд намуд.
Ба туфайли ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти Хатлон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар ин замина дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ободкориҳо рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо намуда истодаанд.
Бо ҷаҳду талош ва дастгирию кӯмаки ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд лоиҳаҳои кӯмаки техникӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ваҳдату ягонагӣ ва пешрафти соҳаҳо, пеш аз ҳама таъмини равуо ва равобити дохилиҷумҳуриву хориҷӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар сар карда, пайгирона аҳли кишварро ба ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақлиёт даъват мекунанд.