Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёт бо роҳбари нави Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард

Санаи нашр: 17-12-2024 Просмотрено: 3544

17 декабр вохӯрии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбари навтаъини Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ко Сакамото баргузор гардид.

Дар оғози дидор Вазири нақлиёт ҷаноби Ко Сакамоторо ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи роҳбари Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт ва дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият хост.

Ҷонибҳо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои  сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёти кишварро, ки аз ҷониби БОР маблағгузорӣ мешаванд, инчунин масъалаи иштироки БОР дар маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки соҳа оид ба таҷдиди роҳи мошингарди «Балҷувон – Сари Хосор», «Гулистон – Кӯлоб» ва рақамикунонии соҳаи нақлиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.  

Мавриди зикр аст, ки БОР аз шарикони муҳими кишвари мо дар амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ ба шумор рафта, айни замон бо дастгирии молиявии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу  нақлиёт ба маблағи умумии 377,89 миллион доллари ИМА  мавриди татбиқ қарор доранд.

Моҳи феврали соли 2021 таҷдиди роҳи автомобилгарди  «Обигарм –  Нуробод» (марҳилаи 1)  бо кӯмаки бебозгашти БОР бо арзиши 110 миллион доллари ИМА оғоз гардид.  

Инчунин БОР кумаки молиявиии иборат аз 86,67 миллион доллари ИМА-ро ҷиҳати такмили минбаъдаи шабакаи миллии роҳҳои Тоҷикистон тавассути таъсиси «долони сабз»-и  намунавӣ дар кишвар тасдиқ кард. Дар назар аст, ки роҳи автомобилгарди «Данғара – Гулистон» навсозӣ карда, ба «долони сабз»-и намунавӣ табдил дода хоҳад шуд. Дар доираи лоиҳа бори аввал усулҳои инноватсионии бунёди роҳҳои сабз санҷида мешаванд.  

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби БОР ба бахши нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли охир 806,29 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ сурат гирифтааст.