Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Дар Вазорати нақлиёт машварати васеи корӣ оид ба татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир гардид

Санаи нашр: 11-12-2024 Просмотрено: 5843

9 декабр дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати васеи корӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он татбиқи баъзе санадҳои қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар машварат масъалаи риояи меъёрҳои қонунгузории мамлакат, аз ҷумла қонунҳои ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022, «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз 20 июни соли 2024, «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июни соли 2024, «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» аз 1 марти соли 2005,  «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, «Дар бораи  муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009 ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин аз 4 апрели соли 2018  мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин қарор дода  шуд.

«Имрӯз тарбияи ватандӯстӣ, яъне муҳаббат ба Ватан аҳамияти торафт бештари ҷамъиятӣ пайдо намуда, ба вазифаи дорои аҳамияти давлатӣ табдил  ёфтааст», -  гуфт Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим бо истинод ба   суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти соли равон баргузор гардид. Дар он Сарвари давлат дар бораи равандҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла бархӯрди фарҳангҳо ва тамаддунҳо, ихтилофот ва низоъҳои динӣ, тавсеаи бесобиқаи терроризм ва ифротгароии динӣ ибрози назар намуданд.

Дар робита ба ин, Вазири нақлиёти мамлакат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ба таври муфассал ҷалб намуд.

«Ватандӯстӣ ин муҳаббат ба Ватани худ, хоҳиш ва омодаи хизмат кардан ба халқ ва давлати худ аст. Он дар оила, мактаб, ҷомеа дар асоси ғояҳои ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ташаккул меёбад. Ин ҳиссиёт бо ҷаҳонбинӣ, дониш, махсусан бо донистани таърихи Ватани худ ва халқи худ, анъанаҳо ва мероси фарҳангии он зич алоқаманд аст. Мафҳуми "ватандӯстӣ", ба монанди мафҳумҳои "озодӣ" ва "ваҳдат" аз худи дин  низ бармеояд», - иброз дошт Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва яке аз ҳадисҳоро мисол овард, ки дар он гуфта мешавад:  «Ҳуббул-ватану минал имон»,  яъне  дӯст доштани ватан аз имон аст.

Ба гуфтаи Вазир, шахсе, ки ба Ватани худ ва халқи худ бо назари бепарво ва бад менигарад, ҳаргиз ватандӯст шуда наметавонанд. Ин қабил одамон   китоб нахондаанд ва намехонанд, камсаводанд, ҷаҳонбинии васеъ надоранд, дар мактаб маълумоти казоӣ ва дар оила тарбияи дуруст нагирифтаанд  ва бинобар ин дар ҷаҳолат ва нодонӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Онҳо метавонанд ба аносири хатарнок барои  ҷомеа – мутаассибони динию мазҳабӣ, вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷинояткорон табдил ёбанд. Онҳоро ба осонӣ ба созмонҳои экстремистию террористӣ ҷалб  мекунанд.

Вазир ба арқому далоиле, ки Президенти мамлакат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баён доштанд, истинод намуда гуфт, ки дар давоми 10 соли охир дар кишвар 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амалҳои террористӣ ва кӯшишҳо пешгирӣ карда шудааст. Танҳо соли гузашта 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор карда шуд, ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ гардид, ки ин аз фаъол шудани раванди шустани мағзи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон шаҳодат медиҳад.

«Ватан аз чӣ сар мешавад? Тавре устод Лоик фармудааст, “Ватан сар мешавад аз гоҳвора”, аз меҳру муҳаббат ба обу хоки Ватан, ба хонадон, хешовандон ва наздикон, аз ҳисси масъулият  нисбат ба онҳо, аз худшиносӣ ва худогоҳӣ, яъне аз ватандӯстӣ. Ватандӯстӣ чӣ гуна ташаккул меёбад? Бо хондану хонондан, бо омӯхтану омӯзонидани дониш ва тарбия дидану тарбия кардан», - хулоса намуд Вазири нақлиёт Азим Иброҳим.

Дар машварат дар бораи мафҳумҳои асосии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумоти мухтасар дода, зарурияти омӯзиш ва тарғиби асарҳои намояндагони бузурги илму адаби тоҷик, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи дурусти фарзандон ва эҳтироми падару модар, танзими ҷашну маросимҳо, баргузории тӯю маъракаҳои камхарҷ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъкид гардид.

Вазири нақлиёт ба баъзе камбудиҳо дар фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ишора кард ва ҷиҳати бартараф сохтани онҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.   

Инчунин дар самтҳои  зикргардида як қатор чораҳо андешида шуданд, аз ҷумла, Суҳроб Соҳибназарзода котиби Комиссия оид ба танзими ҷашну маросимҳо таъин карда шуд, Кудрат Неъматов  ҷиҳати татбиқи Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва Дилором Курбонова барои татбиқи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълим ва тарбияи кӯдак»  масъул ва муваззаф карда шуданд.