Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

БАРОИ БЕҲТАРИН ХИЗМАТРАСОНИИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАКЛИ РАҚАМӢ. Вазорати нақлиёт соҳиби Ҷоизаи миллӣ дар соҳаи технологияҳои инноватсионӣ гардид

Санаи нашр: 10-12-2024 Просмотрено: 4582

6 декабри соли 2024 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» дар Душанбе нахустин маросими супоридани ҷоизаҳои миллӣ дар соҳаи тиҷорати рақамӣ (e-Commerce) баргузор шуд. Он аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронӣ роҳандозӣ гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки дар соҳаи технологияҳои IT ва рақамисозӣ кор мекунанд, ширкат намуданд.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани Ҷоизаи миллӣ дар соҳаи тиҷорати рақамӣ дар соли 2024 дар номинатсияи «Беҳтарин хизматрасонии давлатӣ дар шакли рақамӣ» шарафёб гардид. Вазорат бо ҷоиза «барои дастовардҳои баланд ва татбиқи қарорҳои инноватсионӣ дар соҳаи рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд» мукофотонида шуд.

Диплом ва тӯҳфаи хотиравиро ба муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Бобозода Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо супорид.

 Таъкид гардид, ки тақдими Ҷоизаи миллӣ дар соҳаи тиҷорати рақамӣ яке аз рӯйдодҳои асосии соли равон буда, ба рушди технологияҳои электронӣ дар Тоҷикистон  бахшида шудааст. Он дар доираи  тадбирҳои Барномаи «20 соли навовариҳои рақамӣ дар Тоҷикистон» ("20 Years of Digital Innovations in Tajikistan") баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» - ро расман мавриди истифода қарор доданд. Марказ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 таҳти рақами 617 дар заминаи Вазорати нақлиёт таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт дар кишвар буда, он татбиқи системаҳои рақамии назоратро таъмин мекунад ва ба танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳатто дар минтақаҳои дурдасти мамлакат имкон медиҳад.