Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

МОШИНҲОИ ГАРОНВАЗН. Онҳо ба яке аз мушкилоти асосии роҳҳои автомобилгарди ҷаҳон табдил меёбанд

Санаи нашр: 04-12-2024 Просмотрено: 3060

Ҳаракати мошинҳое, ки аз меъёр зиёд бор мегиранд, ба яке аз мушкилоти асосӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷаҳон  табдил ёфтааст, зеро он боиси вайроншавии роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ мегардад.

Интиқоли бор як қисми муҳими системаи логистикии иқтисоди муосир маҳсуб меёбад. Нақлиёти боркаш дар ин система нақши махсус дорад, ки интиқоли борҳои вазнин ва калонҳаҷмро дар саросари кишвар ва берун аз он таъмин мекунад.

Воситаи асосии нақлиёти боркаш мошини ё трактори боркаш мебошанд, ки қодиранд борҳои вазну андозаи гуногунро интиқол диҳанд. Барои боркунӣ ва борфарорӣ техникаи махсус, ба монанди боркунак, экскаватор ё кранҳои контейнерӣ истифода мешаванд.

Аммо логистикаи кашонидани борҳои вазнин банақшагирӣ ва ташкили  махсусро талаб мекунад. Андоза ва вазни бор, хусусияти роҳҳо ва хатсайрҳо бояд ба назар гирифта шаванд ва қоидаҳо ва маҳдудиятҳои барои ин навъи воситаҳои нақлиёт муқарраршуда риоя гарданд. Дар акси ҳол, аз ҳад зиёд бор кардан (афзоиши ҳадди ақали иҷозатдодашуда ба мошини боркаш) сабаби мушкилоти марбут ба он – сарфи беҳудаи маблағҳо, захираҳо ва ҳатто талафоти ҷонӣ  мегардад.

Оқибатҳои вазни зиёд

 Ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо чунин оқибатҳо ба бор меорад:

 ВАЙРОНШАВИИ РОҲҲО. Ҳаракати мошинҳои вазнинбор ба роҳҳо  осеб мерасонад, дар роҳҳои вайроншуда садамаҳои нақлиётӣ  рух медиҳанд.

САДАМАҲО. Бо зиёд шудани шиддати ҳаракати мошинҳои боркаш садамаҳо дар роҳҳо ва кӯчаҳо зиёд мешаванд.

СУРЪАТИ СУСТ. Мошини вазнин на танҳо суст суръат мегирад, балки хеле суст тормоз медиҳад.

ТАҒЙИРИ САМТУ СУРЪАТ. Мошинҳои гаровазн ва ё бо борҳои ҳаҷман калон ҳангоми гардиш, хусусан дар дохили шаҳр, дар кӯчаҳои танг, ҳангоми яхбандӣ тамоми соҳати роҳро ишғол мекунанд.

«ПУРКУНӢ»-И ДУРУДАРОЗ. Ҳаҷми зарфи маводи сӯхти мошинҳои калонҳаҷми ширкатҳои аврупоӣ (Scania, Volvo, DAF, Renault) қариб як тоннаро ташкил медиҳад, аз ин рӯ онҳо дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ нисбат ба мошинҳои сабукрав вақти бештар сарф мекунанд.

«МИНТАҚАИ НОАЁН». Ҳар қадар, ки мошини боркаш калонтар бошад, ҳамон қадар назорати паҳлӯ ва пушти он ба ронанда камтар  муяссар мешавад, яъне ба истилоҳ «минтақаи ноаён» васеътар  мегардад.

МУШКИЛОТ ДАР ЛОГИСТИКА. Ташкили интиқоли техникаи вазнин муносибати махсус ва ҳамоҳангсозии кори тарафҳои гуногунро талаб мекунад. Вайрон кардани занҷири логистикӣ метавонад боиси таъхири боррасонӣ ва талафоти молиявӣ гардад.

ОҚИБАТҲОИ ЭКОЛОГӢ. Истифодаи нақлиёти вазнин боиси зиёд шудани партовҳои моддаҳои зараровар ба муҳити атроф мегардад. Шумораи бештари мошинҳо дар роҳҳо инчунин боиси тағйири шакли (деформатсияи) хок ва тахриби пӯшиши растаниҳо мегардад.

         Ғайр аз ин,  бори аз ҳад вазнин метавонад ба оқибатҳои гуногуни манфӣ дар худи мошин, ба монанди тарқишҳо, гармшавӣ, тахриб, фарсудашавӣ ва  короношоямии қисмҳо оварда расонад.

        Барои ҳалли мушкилот дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон  тадбирҳои муайян андешида мешаванд.

Тадбирҳои андешидашуда

      Моҳи августи соли 2024 Эътилофи амрикоӣ алайҳи мошинҳои боркаши калон (Coalition Against Bigger Trucks, CABT), ки як созмони миллии ғайритиҷоратии ИМА мебошад ва назорати бехатарии ҳаракат дар роҳ ва сиёсати оқилонаи нақлиётро пеш мебарад, ба Конгресс, мақоми қонунбарори ин кишвар дархост пешниҳод кард, ки  тадбирҳои зидди ҳаракати мошинҳои боркашро дар роҳҳои кишвар тақвият диҳад. Дархост аз ҷониби Вазорати нақлиёти ИМА дастгирӣ  пайдо намуд.

      «Иёлоти Муттаҳида бо бӯҳрони инфрасохтори миллӣ рӯ ба рӯ шудааст, - гуфта мешавад дар нома. - Синну соли зиёда аз нисфи пулҳо дар системаи роҳҳои автомобилгард аз 40 сол зиёд мебошад ва сохтори тақрибан 25% - и онҳо осеб дидаанд ё аз ҷиҳати функсионалӣ фарсуда шудаанд. Мошинҳои вазнин ва калонҳаҷм ба инфрасохтор таъсири манфӣ мерасонанд. То ба 91,000 фунт боло бурдани меъёри ниҳоии вазни мошинҳои боркаш ба беш аз 4,800 адад пули автомобилгард  таъсири манфӣ мерасонад, ки ба хароҷоти иловагии федералӣ то 1,1 миллиард доллар оварда мерасонад. Мошинҳои боркаши вазнашон 97,000 фунт ба 6,200 адад пул ба маблағи  2,2 миллиард доллар таъсири харобиовар мерасонанд».

     Дар Аврупо Дастурамали Шӯрои ИА таҳти № 96/53/ИА аз 25 июли соли 1996 қабул карда шудааст, ки барои баъзе воситаҳои нақлиёти дар қаламрави Иттиҳод ҳаракаткунанда ҳадди имконпазири андозаи бор дар интиқоли миллӣ ва байналмилалӣ ва ҳадди имконпазири вазни борро дар интиқоли байналмилалӣ муқаррар кардааст. Ҳадди имконпазири вазни қатораи автомобилӣ, тибқи ин ҳуҷҷат, бо назардошти сатҳ ва ҷойгиршавии роҳҳо, бояд аз 38 то 44 тонна бошад.

     Дар Нидерландия дар қисматҳои муайяни роҳ лампаҳои LED истифода мешаванд. Барои ба кор даровардани лампаҳо танҳо энергияи офтоб кифоя аст: вақте мошин наздик меоянд, ин лампаҳо ба таври худкор фурӯзон мешаванд ва роҳи ронандаро равшан месозанд.

     Қонуни нави федеролии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) «Дар бораи ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин» 1 октябри соли 2023 ба ҳукми амал даромад. Тибқи қоидаҳои нав, вазни иҷозатдодашудаи мошинҳои ва дигар воситаҳои нақлиёти вазнин дар роҳҳои АМА набояд аз 65 тонна зиёд бошад.

      Дар Русия барои сабти қонуншиканиҳо таҷҳизоти сайёр ва статсионарии назорати вазни воситаҳои нақлиёт истифода бурда мешавад. Системаҳои статсионарӣ ба таври худкор вазни воситаи нақлиётро бо бор ҳисоб мекунанд. Вазн ҳангоми  ҳаракати мошин бо суръати на бештар аз 140 км/соат чен карда мешавад. Агар система вазни баш аз меъёрро ошкор кунад, он ба Бозрасии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ (ГИБДД) маълумот ва акси рақами давлатии воситаи нақлиётро ирсол менамояд. Нозири ГИБДД маълумотро дар бораи соҳиби мошин гирифта, таҳлил мекунад ва дар бораи таъин намудани ҷарима қарор омода месозад.

      Соли 2020 дар Федератсияи Русия барои мубориза бо боркашонии аз меъёр зиёд терминалҳои ғалладона (портҳо, элеваторҳо) вазифадор карда шуданд, ки агар вазни воситаҳои нақлиёт аз вазни иҷозатдодашуда аз 2% зиёд бошад, қабули  онҳоро рад кунанд.

      Дар Қазоқистон бори иҷозатдодашуда ба меҳвар то 10 тоннаро ташкил медиҳад, аммо соҳибони самосвалҳои истеҳсоли Чин онҳоро то 40 тонна ва зиёда аз он бор мекунанд. Дар натиҷа, роҳҳо вайрон ва барои таъмири онҳо маблағҳои  калони буҷетӣ  сарф карда мешаванд. Аз ин рӯ, дар он ҷо тақрибан 220 адад камера насб карда мешавад, ки вазни мошинро ба таври худкор чен мекунанд ва  пас аз он соҳиби мошин ҷарима баста мешавад.

        Ҳамчунин дар Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки  аз соли 2026 дар роҳҳои истифодаи умум ҳаракати мошинҳои бузурги боркаши дар конҳои маъдан истифодашавандаро умуман манъ кунанд.

      Дар Узбекистон низ тадбирҳо оид ба ҷорӣ намудани назорати вазн ва  андозаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ  андешида шудаанд. Қарори дахлдори Ҳукумат аз соли 2020 ба таъмини бехатарии шабакаи роҳҳои автомобилгард, инчунин пешгирии фарсудашавии бармаҳали роҳҳо равона шудааст. Тибқи ин қарор Барномаи тадбирҳо оид ба сохтмон ва навсозии нуқтаҳои назорати вазн ва андозаи мошинҳо тасдиқ карда шуд. Фармоишгари корҳо оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир ва нигоҳдории  нуқтаҳои назорати  мошинҳои гаронвазн Кумитаи роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёт  таъйин шудааст. Аз ҷумла, ташкили постгоҳҳои статсионарӣ ва сайёри  назорати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои калони дорои аҳамияти байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.  

      Дар Озарбойҷон дар роҳҳо санҷишу рейдҳо гузаронида, рандагони  воситаҳои нақлиёти аз ҳад зиёд боршуда аз масъулияти маъмурӣ ва ҷаримаҳо барои қонуншиканиҳо огоҳ карда мешаванд.                       

Дар Тоҷикистон                          

        4 январи соли 2024 дар ҳудуди деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ мошини боркаши «Дулан» ҳангоми интиқоли санг ва сангпора аз болои пули автомобилӣ байни деҳаҳои Тугарак ва Хосаи Курбон  бо вазни аз меъёр зиёд (вазни бор тақрибан 50-52 тоннаро ташкил медод)  ҳаракат кард, ки дар натиҷа пул фурӯ рехт.

      Андозаи пул 33 М Х 3 - ро ташкил медиҳад, дар назди он  аломатҳои роҳ бо нишон додани қобилияти борбардории пул «40 тонна» насб карда шудааст. Дар айни замон пул барқарор карда шудааст.

        Ҳамасола аз сабаби ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард даҳҳо миллион сомонӣ ба буҷет зарар мерасад. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳаракати мошинҳои гаронвазн, ки беш аз 40 тонна борро интиқол медиҳанд, манъ карда шудааст. Илова бар ин, дар баъзе роҳҳои автомобилгард дар зимистон ва тобистон барои ҳаракати ҳамаи мошинҳои боркаш маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ карда мешаванд.

      Соли гузашта даҳҳо ҳазор ҳолати риоя накардани қоидаҳои интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин аз ҷониби ронандагон ба қайд гирифта шуд. Нисбати ронандагон санадҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода,   ба маблағи якчанд миллион сомонӣ ҷарима таъйин карда шуд.

      Бо вуҷуди ин, чунин қонуншиканиҳо, ҳарчанд кам шудаанд, ҳанӯз ба қайд гирифта мешаванд.

      Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат  28 декабри соли 2023  чунин зикр намуданд: «Дар баробари сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои автомобилгард тартиби истифодаи самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, ҷорӣ намудани механизми рақамии идоракунии ҳаракати нақлиёти боркаш зарур аст».

      Сарвари давлат ба Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла лоиҳаи ташкили шабакаи ягонаи назорати рақамии боркашонӣ чораҷӯӣ намоянд.

      Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо мақсади иҷрои супориши Сарвари давлат ва талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои роҳандозии воситаҳои нақлиёт бо сарборӣ ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд» Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва дигар сохтору муассисаҳои дахлдори тобеи Вазоратро  вазифадор намудааст, ки оид ба андешидани  тадбирҳо  ҷиҳати  пурзӯр намудани назорати мошинҳои гаронвазн, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи барномаи «Тарозуи ҳушманд» дар роҳҳои автомобилгарди кишвар ва ташкили  нуқтаҳои рақамии назорати вазн ва андозагирӣ пешниҳодҳо манзур намоянд.