Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 21-11-2024 Просмотрено: 2872

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

 ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон истеҳсоли нақлиёти барқӣ ба роҳ монда шуд. 7 ноябр Дар Вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави «Вахш Саноат» - ро барои истеҳсоли нақлиёти барқӣ ифтитоҳ намуданд. Корхонае, ки дар доираи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) сохта шудааст, зиёда аз 30 намуди нақлиёти барқӣ, аз ҷумла мотосиклҳо, мотороллерҳо ва трисиклҳоро истеҳсол менамояд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Иқтидори истеҳсолии корхона то 800 адад дар як моҳ ва то 9 800 адад дар як солро ташкил медиҳад, ки ба таъмини бозори дохилӣ ва  содирот ба хорҷи кишвар имкон  фароҳам меорад. Дар корхона таҷҳизоти замонавӣ насб карда шудааст ва раванди истеҳсолот давраи пурраи васл, рангубор ва санҷиши тестии нақлиётро дар бар мегирад. Президенти мамлакат даъват карданд, ки маҳаллисозии истеҳсолот то 90% зиёд карда шавад, то аксари қисмҳо ва ҷузъҳо дар худи Тоҷикистон истеҳсол карда шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ин корхонаро барои рушди  саноати мамлакат ва дастгирии нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъкид намуда, ҷиҳати тавсеаи имкониятҳои содироти маҳсулот ба бозори байналмилалӣ дастур доданд.

***

Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли антифриз ба кор даромад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд рӯзи 17 ноябр дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли антифризи «Кӯли Сарез» - ро ба кор андохтанд, ки бозорро бо 310 тонна антифриз дар як сол таъмин намуда, маҳсулоти воридотиро иваз мекунад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.

 Корхона дар масоҳати 0,22 гектар доман густурда, дорои анбори нигоҳдории ашёи хом, маҳсулоти тайёр, ошхона ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар корхона 17 сокини маҳаллӣ, ки 9 нафарашро занҳо ташкил медиҳанд, бо ҷойи кор таъмин шуданд.    

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона солона 310 тонна антифризро ташкил медиҳад ва маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад. То имрӯз ин намуди маҳсулот барои нақлиет ва марказҳои гармӣ аз хориҷа ворид карда мешуд.

***

Корхонаи истеҳсоли мотороллерҳои барқӣ ба истифода даромад. Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябр дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи «Сайри Суғд» -ро мавриди истифода қарор доданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.

 Дар корхона бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол карда мешаванд. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20000 бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки роҳандозии истеҳсоли ин гуна нақлиёт дорои манфиати зиёд аст, зеро ҳам талаботи мардум ба он афзоиш дорад ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ барои ҳифзи покизагии муҳити зист судбахш мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар корхона 14 тамғаи мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешаванд, ки бо иқтидори борбардорӣ ва дигар мушахассоти техникӣ фарқкунандаанд. Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият доранд ва тибқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар расонида хоҳад шуд.

 ***

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» курсиҳои мусофиронро дар ҳавопаймоҳои худ нав мекунад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии мусофирон, ширкат барномаи навсозии курсиҳои мусофиронро дар ҳавопаймоҳои худ оғоз кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат. Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи барнома курсиҳои кӯҳна бо курсиҳои нав иваз карда мешаванд.

Ба сифати курсиҳои нав модели курсиҳои дараҷаи иқтисодии Elesa, ки аз ҷониби ширкати TCI (Туркия) истеҳсол мешавад, интихоб карда шуд. Муаррифии курсиҳо қаблан дар Душанбе дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии DITE-2024 баргузор шуд ва баҳои хуб гирифт. Дар курсиҳои нави бароҳати баланд мизи хурокхӯрӣ, ҷайбҳо барои адабиёт, либосовезак мавҷуданд. Курсиҳо бо механизми майл бо идоракунӣ ва такягоҳи оринҷ муҷаҳҳаз карда шудаанд.  

Ҳавопаймоҳои ширкати  «Сомон Эйр» аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвоз мекунад. Ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737800 ва Боинг 737900  истифода мекунад.

***

Дар Душанбе бозиҳои  видеоии COUNTER STRIKE ва GTA манъ карда шуданд.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (РВКД) дар шаҳри Душанбе соҳибони марказҳои бозиҳои компютериро дар бораи манъи қатъии паҳн кардани видеоҳо ва бозиҳои дорои мундариҷаи бадахлоқона ва зӯроварӣ огоҳ намудд, хабар медиҳад маркази матбуоти РВКД. 

«Ин алалхусус ба бозиҳои маъмул ба монанди  «COUNTER STRIKE» («Зарбаи ҷавобӣ») ва «GRAND THEFT AUTO» («Дуздии калони автомобилӣ») дахл дорад, ки nибқи хулосаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон унсурҳои зӯроварӣ, бераҳмӣ, куштор ва ғоратгарӣ доранд», - гуфта мешавад дар хабар.

 ***

Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар самти сохтмони роҳҳо густариш хоҳад ёфт. Дар ин бора 4 ноябри соли 2024 дар шаҳри Эль-Кувайт дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии  Бунёди Рушди Кувайт Валид ал-Баҳор иттилоъ дода шуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бунёди мазкур баррасӣ гардиданд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бунёди Рушди Кувайт маблағгузории лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои автомобилгард, иншооти бахши энергетика ва мелиоратсияро дар бар мегирифт.                                    

ДАР МИНТАҚА

         Соли 2024 дар қитъаҳои таҷрибавии роҳҳои автомобилгарди Қазоқистон 12 технологияи нав ва маводи роҳсозӣ озмоиш карда мешаванд. Дар доираи рушди соҳаи роҳсозӣ, ҶС «КаздорНИИ» дар сиғаи озмоишӣ Пойгоҳи ягонаи маводи роҳсозӣ ва технологияҳои инноватсиониро ба еор даровард. Ҳадафи он беҳтар кардани сифати роҳҳо ва баланд бардоштани шаффофият дар соҳаи роҳсозӣ, дастгирии истеҳсолот ва илми ватанӣ, инчунин пешгирии тақаллуб ва лоббии технологияҳо ва маводҳо мебошад, хабар медиҳад  маркази матбуоти «КаздорНИИ».

          Дар қитъаҳои таҷрибавӣ соли ҷорӣ озмоиши як қатор коркардҳои беназири ватанӣ оғоз ёфт. Аз ҷумла, коркардҳои охирини олимони «КаздорНИИ» аз инҳо иборатанд: модификатори битум ва асфалтбетони Qsmart-PM, ки устувории пӯшиши роҳҳоро  баланд мебардорад (дар қитъаи роҳи «Капшагай – Курти» санҷида мешавад), реагенти зидди яхбандии экологӣ ва то -25°С самараноки Qsmart - AntiGlaze (дар қитъаи роҳи автомобилгарди берун аз Остона озмоиш карда мешавад) ва ранги органикӣ барои аломатгузории роҳ бо муқовимати беҳтар ба обу ҳаво ва умри дароз  (дар роҳи «Алмаато – Бишкек» санҷида мешавад).                                                   

 ***

       Дар Тошканд Намоишгоҳи «Нақлиёт ва логистика» баргузор шуд. Дар ширкати миллии намоишии «Узэкспоцентр» 5-7 ноябри соли равон Намоишгоҳи 20-уми «Нақлиёт ва логистика – Translogistica Uzbekistan 2024» баргузор шуд. Намоишгоҳ, ки ширкатҳои пешрафтаи соҳаи нақлиётро ба ҳам  овард, дастовардҳо ва пешниҳодҳои охирини соҳаи нақлиёт ва логистика, инчунин масъалаҳои рақамикунонӣ ва IT-ро барои содда ва автоматикунонии амалиёти логистикӣ ба маърази тамошо ва баррасӣ гузошт.

Намоишгоҳи байналмилалӣ, ки дар он намояндагони зиёда аз 70 ширкат аз 14 кишвари ҷаҳон иштирок карданд, ба як майдони муассир табдил ёфтааст, ки бахшҳои гуногуни нақлиёт – роҳи оҳан, роҳи баҳрӣ, авиатсия, тиҷорат ва логистикаhj муттаҳид мекунад.

***

Туркманистон ва Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан мулоқот баргузор карданд. Дар Тошканд музокироти дуҷониба байни Раиси Агентии роҳи оҳани Туркманистон А.Атамурадов ва Раиси идораи ҶС «Узбекистон темир юллари» З. Нарзуллаев баргузор шуд. Дар ин бора нашрияи интернетии «Вестиабад» хабар медиҳад.

Намояндагони Туркманистон ва Узбекистон дар доираи ҷаласаи 81-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани  кишварҳои ИДМ, ки дар пойтахти Узбекистон аз 5 то 6 ноябри соли 2024 баргузор шуд, мулоқот  намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои мубрами марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ шуданд. Ба нақшаҳои афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, инчунин навсозии инфрасохтори роҳи оҳан ва навсозии парки вагонҳо диққат дода шуд.

 ***

Соли 2025 ҳаракати қатораи мусофирбари «Бишкек-Москва» аз сар гирифта мешавад. Барқарорсозии қатораи байналмилалии мусофирбарӣ аз тариқи хатсайри «Бишкек – Москва» соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Пас аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо бо сабаби пандемияи Covid-19, қатора аз ҳаракат бозмонд, ки на танҳо ба Қирғизистон, балки ба дигар кишварҳои ИДМ низ таъсир расонд.

Дар айни замон, алоқаи роҳи оҳан то Самара барқарор карда шудааст.

Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон  дар бораи нақшаи дохил кардани  ин қатораи байналмилалӣ ба ҷадвали нави ҳаракати қатораҳо барои соли 2025 хабар дод.

 ДАР ҶАҲОН

Ассотсиатсияи байналмилалии «Масири байналмилалии нақлиётии Транскаспий» барои сифати баланди хидматрасонӣ сертификат гирифт. Аз 3 то 4 ноябри соли 2024 дар шаҳри Лянюнган (Чин) Конфронси байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ 2024» оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи логистикаи боркашонӣ ва маҷлиси солонаи Паймони байналмилалии  боркашонии роҳи оҳан (IFREA) баргузор шуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш Ассотсиатсияи байналмилалии «Масири байналмилалии нақлиётии Транскаспий» (минбаъд Ассотсиатсияи TITR) барои стандартҳои баланди хидматрасонии операторӣ сертификат гирифт.

Саҳми аъзои Ассотсиатсияи TITR дар таҳкими робитаҳои нақлиётӣ ва муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни кишварҳо ва минтақаҳо нақши муҳим мебозад ва ба ин васила ба ҳамгироии онҳо ба шабакаи ягонаи логистикӣ мусоидат мекунад.

Ҷоизаи Ассотсиатсияи TITR аҳамияти саҳми онро дар баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои логистикӣ ва рушди гузаргоҳи трансконтиненталии нақлиётӣ, ки ба густариши тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамкории иқтисодӣ мусоидат мекунад, таъкид мекунад.

Паймони байналмилалии боркашонии роҳи оҳан (IFREA) як ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад, ки ба логистикаи байналмилалӣ, инчунин таҳқиқоти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар доираи долонҳои «Як камарбанд, як роҳ» тахассус дорад. Котиботи он дар Лянюнган ҷойгир аст.                                        

***

Роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ: дар 9 моҳи соли 2024 чанд мусофир ва чӣ қадар бор интиқол ёфтааст? Роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ дар 9 моҳи соли равон 7,3 миллион нафар мусофирон ва 1,2 миллиард тонна борҳоро интиқол додаанд. Чунин маълумот дар ҷаласаи Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии ИДМ дар Тошканд садо дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Кумитаи Иҷроияи ин созмон.

Тавре зикр карда шуд, гардиши борҳои кишварҳои ИДМ дар 9 моҳ 5 фоиз коҳиш ёфта, 2,1 триллион тоннаро ташкил дод. «1,2 миллиард тонна  бор интиқол дода шуд, ки ин ҳам аз сатҳи соли гузашта 3,1% камтар аст», — гуфт раиси Маъмурияти Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани ИДМ Виктор Попов.

Ба гуфтаи ӯ, қисми асосии интиқол ба ангишт, нафт ва маҳсулоти нафтӣ, маъдан, металлҳои сиёҳ, нуриҳои минералӣ, молҳои сохтмонӣ ва маҳсулоти ҷангал, инчунин ғалла рост омад.

 Дар навбати худ, ҳаҷми мусофиркашонӣ тавассути роҳҳои оҳани   кишварҳои ИДМ дар нӯҳ моҳи соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,1% афзоиш ёфтааст.

 ***

Чин интиқоли бор ба Афғонистон тавассуӣт роҳи оҳанро аз сар гирифт. Чин интиқоли мустақими боррро тавассути роҳи оҳан ба Афғонистон аз сар гирифт. Қатораи боркаш аз шаҳри Нантун дар музофоти Тззянсу ба роҳ даромад, хабар дод Ariana News 31 октябр.

 Ин рӯйдод бо як маросими расмӣ оғоз гардид, ки дар он Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин дар Афғонистон Юэ Сяоюн ва сафири Афғонистон дар Чин Билол Карими ҳузур доштанд.  Қатори иборат аз 55 вагон ба шаҳр ва бандари Хайратон (бо Узбекистон ҳамсарҳад аст) дар музофоти Балх роҳ пеш гирифт.

Ин пас аз он рух дод, ки Чин нақшаи бекор кардани боҷҳои гумрукиро барои содироти мол аз  Афғонистон ба Чин то охири соли равон эълон кард ва робитаҳои тиҷоратии ду кишварро боз ҳам мустаҳкамтар намуд.

Нантун, ки дар шимоли Шанхай ҷойгир аст, маркази ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» мебошад.

***

Дар Чин аввалин дар ҷаҳон корхонаи истеҳсоли мошинҳои парвозкунанда сохта мешавад. 27 октябр дар шаҳри Гуанчжоу, маркази маъмурии вилояти Гуандун дар ҷануби Чин, сохтмони аввалин пойгоҳи истеҳсолии интеллектуалии мошинҳои парвозкунанда дар ҷаҳон оғоз ёфт, хабар медиҳад рӯзномаи «Жэнмин жибао» бо истинод ба агенитии «Синьхуа».

Пойгоҳи истеҳсолии бо фармоиши ширкати XPENG AEROHT сохташуда аввалин корхонаи истеҳсоли оммавии мошинҳои парвозкунанда дар ҷаҳон хоҳад буд.

Тибқи маълумоти ширкати XPENG AEROHT, ки масоҳати 180 ҳазор метри мураббаъро ишғол мекунад, лоиҳаи навбати аввал  барои истеҳсоли модули ҳавоӣ барои мошини парвозкунанда пешбинӣ шудааст. Иқтидори истеҳсолии лоиҳаи оянда дар як сол 10 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Чжао Дэли, муассиси ширкати XPENG AEROHT, моҳи сентябри соли равон модели «ҳавопаймои хушкӣ» парвози аввалини худро анҷом дод ва фурӯши пешакии ин модел дар охири соли ҷорӣ оғоз меёбад.        

***

Дар Озарбойҷон холдинги нақлиётӣ-коммуникатсионӣ таъсис дода шуд. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев 7 ноябри соли ҷорӣ фармони таъсиси холдинги нақлиётӣ-коммуникатсионии Озарбойҷонро (AZCON) имзо кард, хабар медиҳад агентии Kazinform.

Рӯйхати корхонаҳои давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷамъиятҳои истеҳсолӣ   бо ҳиссаи давлатӣ, ки ба  ҳайати холдинг дода мешаванд, тасдиқ карда шуд.

 Ба ҳайати сохтори навтаъсис ҷамъиятҳои саҳомии «Озарбойҷон Хава Йоллары», ширкати киштиҳои баҳрии Озарбойҷон, Метрополитени Боку, Порти байналмилалии тиҷоратии баҳрии Боку, BakuBus, Заводи киштисозии Боку, «Азеркосмос», «Азтелеком», «Azerbaijan International Telecom» ва «Азерпочта» дохил шуданд.

Роҳбарии умумии фаъолияти AZCON-ро шӯрои нозирон ва фаъолияти ҷории онро директори иҷроия амалӣ мекунанд. Фонди оинномавии холдинг    ба андозаи 10 млн манат ($5,8 млн. доллари ИМА) муайян карда шудааст ва  он аз ҳисоби маблағҳое, ки  аз ҷониби корхонаҳои давлатии ба ҳайати он воридшуда пардохта мешавад, ташаккул дода хоҳад шуд.

***

Инфрасохтори роҳҳои оянда: рақамисозӣ, шаффофият ва назорат. Лоиҳаи миллии «Роҳҳои босифат ва  бехатар», ки дар Русия қабул гардидааст, то соли 2030  пешбинӣ шудааст ва  яке аз ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани сифат ва дастрасии роҳҳои автомобилгард, беҳтар кардани инфрасохтори роҳу нақлиёт ва паст кардани сатҳи садамавӣ мебошад.

Тибқи лоиҳа, рақамикунонии равандҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар дар самтҳои гуногун суръат мегирад. Ба технологияҳое, ки ба кам кардани хароҷот, баланд бардоштани суръати сохтмони роҳ ва бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсири мустақим доранд,  афзалият дода мешавад.

«Равандҳои рақамисозӣ бояд тамоми давраи фаъолияти роҳҳоро аз сохтмон то истифодаи онҳо дар бар гиранд, - мегӯянд коршиносони РБК, -  танҳо дар ин ҳолат мо роҳҳои бехатар ва босифати пешбининамудаи лоиҳаи миллиро ба даст меорем».