Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

БАРОИ САҲМИ НАЗАРРАС ДАР РУШДИ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо медали «Нақлиётчии фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» мукофотонида шуд

Санаи нашр: 19-11-2024 Просмотрено: 4764

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим барои саҳми назаррас дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо медали «Нақлиётчии фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» мукофотонида шуд.

Мукофотро ба Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим имрӯз, 19 ноябри соли 2024 дар Маскав  Раиси КИ Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (МҲН ИДМ)  Геннадий Бессонов ва муовини Вазир нақлиёти Русия Дмитрий Зверев дар ҷараёни ҷаласаи 44-уми СҲН ИДМ, ки дар доираи Форуми байналмилалии «Нақлиёти Русия»  баргузор шуд, супориданд.

Тақдими ин мукофоти фахрии байналмилалӣ эътирофи натиҷаҳои баланди  фаъолияти Вазири нақлиёти Тоҷикистон мебошад, ки ба таҳким ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти давлатҳои Иттиҳод, инчунин баланд бардоштани нақши нақлиёт дар иқтисодиёт ва ҳаёти ҷомеа равона шудааст