Бонки Осиёии рушд (БОР) кумаки молиявиии (грант) иборат аз 86,67 миллион доллари ИМА-ро ҷиҳати такмили минбаъдаи шабакаи миллии роҳҳои Тоҷикистон тавассути таъсиси долони сабзи намунавӣ дар кишвар тасдиқ кард.
Дар назар аст, ки роҳи автомобилгарди «Данғара – Гулистон» навсозӣ карда, ба долони сабзи намунавӣ табдил дода хоҳад шуд. Дар доираи лоиҳа бори аввал усулҳои инноватсионии бунёди роҳҳои сабз санҷида мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Бонки Осиёии рушд.
Лоиҳа таҷдиди роҳи дуқатораи мавҷудаи ҳоло фарсудашудаи «Данғара – Гулистон» (дарозиаш 49 км) ва васеъ кардани онро то чор қатор пешбинӣ менамояд. Барои татбиқи лоиҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад. Бонки Аврупоии рушд (БАР), пас аз тасдиқи расмӣ аз ҷониби шӯрои директорони бонк дар аввали соли 2025, ба маблағи 40 миллион доллари ИМА қарз медиҳад. Иҷрокунандаи ин лоиҳа, ки татбиқи он бояд то соли 2030 ба анҷом бирасад, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.
«Роҳи «Данғара – Гулистон», ки солҳои 1930-юм сохта, солҳои 1970-ум навсозӣ шуда буд, аввалин роҳ дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки бо унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тарҳи махсус сохта мешавад, ки манфиати занону духтаронро низ дарбар мегирад», – изҳор дошт Мудири кулли БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков. Суханони ӯро дафтари матбуоти Бонк www.adb.org иқтибос намудааст.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 роҳи «Данғара – Гулистон»-ро дар қатори иншооти бунёдшавандаи нақлиётӣ яке аз роҳҳои муҳими минтақавии кишварамон арзёбӣ намуданд.
«Мо тасмим гирифтаем, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ-шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем, – гуфтанд Сарвари давлат. – Яъне бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегиамон – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин намоем».
Роҳ дар оянда чӣ гуна хоҳад шуд
ЯКУМ. Роҳи автомобилгарди фармсудашудаи дуқатора 49-километра ба роҳи чорқатора табдил дода, ба он роҳҳои велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва одамони имконияташон маҳдуд илова карда мешаванд.
ДУЮМ. Дар шоҳроҳ равшанӣ беҳтар карда, гузаргоҳҳои бехатар ва бо аломатҳо хуб муҷаҳҳазшуда сохта мешаванд, ки тарроҳии онҳо дар ҷараёни тарҳрезии муштарак бо назардошти фикри аҳли ҷомеа муайян мегардад.
СЕЮМ. Ҳоҷатхонаҳо ва утоқҳои ҷудогона барои модарон ва кӯдакон бунёд карда, дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҷойҳои имтиёзнок барои маъюбон пешбинӣ карда мешаванд.
ЧОРУМ. Азбаски норасоии истгоҳҳои зарядпуркунӣ дар деҳот афзоиши эҳтимолии ин бозорро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад, дар доираи лоиҳа ду истгоҳи зарядпуркунии озмоишӣ сохта мешаванд ва чаҳорчӯбаи сармоягузорӣ барои ҳавасмандгардонии сармоягузории хусусӣ дар рушди ин бахш таҳия карда мешавад.
ПАНҶУМ. Барои беҳтар кардани шуғли сокинони маҳаллӣ лоиҳа омӯзиши занонро ба соҳибкорӣ бо додани грантҳо барои кушодани тиҷорат ташкил мекунад.
Дар бораи «роҳҳои сабз»
Чунин роҳҳо тибқи Барномаи БОР оид ба бунёди «роҳҳои сабз», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии роҳҳо ва MetaMeta Research (Нидерландия) таҳия гардидааст, сохта мешаванд.
Барномаи мазкур ба муҳандисон, тарроҳон, тасмимгирандагон ва таҷрибаомӯзон дар бунёди «роҳҳои сабз» дар минтақаҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, бо назардошти ҳадафҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, кумак хоҳад кард.
***
Ёдовар мешавем, ки Бонки Осиёии рушд (Asian Development Bank, ADB) соли 1966 таъсис ёфтааст. Он 69 кишварро дар бар мегирад, ки аз онҳо 49 кишвар дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти ин Бонк пазируфта шудааст. Дар тӯли 26 сол БОР доираи васеи бахшҳоро – аз инфрасохтори стратегии роҳу нақлиёт ва энергетика то соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, рушди шаҳр, идоракунии бахши давлатӣ ва молия – ба маблағи умумии беш аз 2,7 миллиард доллар, аз ҷумла тавассути грантҳо ба маблағи беш аз 2,2 миллиард доллари ИМА, дастгирии молиявӣ кардааст.
Ҳамкории байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БОР соли 2000 оғоз гардида, аз он вақт инҷониб бо кӯмаки молиявии Бонк дар кишвари мо 12 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи умумии 434,4 миллион доллари ИМА амалӣ гардидааст.