Дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ 6 - 7 ноябр, дар натиҷаи боронҳои пай дар пай сатҳи об дар дарёҳо баланд гардид, сел ва обхезӣ ба амал омад. Дар натиҷа, ҳаракат дар баъзе қисматҳои роҳҳои кишвар муваққатан қатъ гардид.
6 ноябр дар ноҳияи Тоҷикобод дар ҳудуди деҳаи Миразиён боронҳои шадид боиси омадани сел гардиданд, ки бар асари он 2 километр роҳ, 5 иншооти ёрирасон ва 4 пули автомобилӣ (аз 6 то 10 метр) дар роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ осеб диданд. Яке аз пулҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Муассисаи нигоҳдорӣ ва истифодаи роҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТ дар ноҳияи Тоҷикобод худи ҳамон рӯз ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шуруъ намуд. Ба ҳолати имрӯза (8 ноябр) кормандони муассисаи мазкур бо истифода аз техникаи махсус корҳои тозакунии роҳу пулҳоро ба анҷом расониданд ва ҳаракати нақлиёти автомобилӣ барқарор карда шуд.
7 ноябр дар роҳи мошингарди «Лабиҷар – маркази ноҳияи Сангвор» дар ҳудуди чанд деҳа, аз ҷумла дар километрҳои 0,5, 20 ва 37-уми роҳ сел омад. Дар натиҷаи фаъолияти фаврии муассисаи ноҳиявии нигоҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТ оқибатҳои офати табиӣ сари вақт бартараф ва ҳаракати нақлиёти автомобилӣ барқарор карда шуд.