Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТАДБИРҲОИ ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН ДАР МУҲЛАТҲОИ МУАЙЯНГАРДИДА АНҶОМ ДОДА ШАВАНД. Вазорати нақлиёт ба ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ барқиянома ирсол кард

Санаи нашр: 06-11-2024 Просмотрено: 2469

Вазорати нақлиёти ҶТ ба ҳамаи ассосиатсияҳо ва ширкатҳое, ки дар соҳаи нақлиёт кор мекунанд, барқиянома фиристода, хоҳиш намуд, ки тамоми тадбирҳои омодагиро ба мавсими зимистон дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.

Тавре Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, моҳи ноябр дар кишвар ҳавои сарду боронӣ пешбинӣ мешавад. Ҳарорат аз меъёри муқаррарӣ 1-2 дараҷа пасттар хоҳад буд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боришоти бештар, дар водиҳо тағйирёбии ҳарорат аз сардиҳои шабона то гармии рӯз дар назар дошта шудааст.

Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои муовини Вазир Ш.Саидмуродзода таҳти № 3(52) 1175 аз 31 октябри соли 2024 ба Ассотсиатсияи нақлиёти байналмилалии автомобилии Тоҷикистон (AIATT), Ассотсиатсияи интиқолдиҳандагони байналмилалии автомобилии Тоҷикистон (ABBAT), Ассотсиатсияи нақлиёти мусофиркашонии Тоҷикистон ва ҶСП «Холинг Осиё Гурӯҳи Тоҷикистон»  барқиянома фиристод, ки дар он аз онҳо хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиётеро, ки таҳти назорати  онҳо қарор доранд, бо симтанобҳои кашолакунанда (тросс), занҷир барои чархҳо, таҷҳизоти зидди лағжиш, яхканак (скребкаҳо), инчунин гузаштан аз муоинаи техникии мавсимӣ, иваз кардани равғани муҳаррик ва дигар равғанҳои  молиданӣ ва филтрҳои равған, моеи хунуккунанда, чархҳои  тобистонӣ ба зимистонӣ таъмин кунанд ва ҳамаи тадбирҳои омодагӣ ба зимистонро дар мӯҳлатҳои муайяншуда  ба анҷом расонанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан, 9 октябри соли 2024 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур дода буд, ки омодагии роҳҳои кишвар ва муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо ба мавсими зимистон санҷида шавад.

Дар ҷаласаи назоратии 7 октябр Вазир таъкид кард, ки ҳолати роҳу пулҳо, инчунин омодагии техника ва таҷҳизоти махсусро санҷидан лозим аст. Ба қадри зарурӣ захира кардани маводи зиддилағзиш, дизел, ангишт, ҳезум ва либоси зимистона низ муҳим аст», - илова намуд ӯ.

Барои ин Гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шуд, ки ба он муовинони вазир ва роҳбарони сохторҳои марбута дохил шуданд. Гурӯҳро муовини аввали Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода роҳбарӣ мекунад.  Аъзоёни Гуруҳ инчунин сохтмон ва таъмири роҳҳо, тибқи қоидаҳои муқарраршуда ҳаракат кардани мошинҳои гаронвазнро дар роҳи автомобилгард  назорат хоҳанд кард. 

Вазир таъкид кард, ки ҳамаи муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо бояд то 1 ноябр  ба зимистон пурра омода бошанд.