Хабарҳо

slider_img
slider_img

«ТАМБАШАВӢ ДАР РОҲҲОИ АВТОМОБИЛӢ». БДА бо чунин номи шартӣ дар шаҳри Душанбе амалиёт мегузаронад

Санаи нашр: 04-11-2024 Просмотрено: 3962

Дар Душанбе аз 1 то 10 ноябри соли равон амалиёт бо номи шартии «Тамбашавӣ дар роҳҳои автомобилӣ» гузаронида мешавад. Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ҳадафи он пешгирии вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат, хусусан ҳангоми исти (таваққуфи) воситаҳои нақлиёт дар қисми ҳаракати роҳ ва дигар ҷойҳои манъшуда мебошад.

Дар робита ба ин, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (РБДА ВКД ҶТ) аз ронандагон хоҳиш намуд, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя кунанд, мошинҳоро дар ҷойҳои номуайян нагузоранд ва барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод накунанд.

Дар сурати ошкор шудани вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нисбати ронандагоне, ки талаботро риоя намекунанд, ҷазои маъмурӣ татбиқ карда, мошинашон тавассути эвакуатор ба таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ бурда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ронандагон дар Душанбе аксар вақт барои таваққуфи мошин дар ҷойҳое, ки тибқи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  (ҚҲР) манъ аст, бо муроҷиати сокинони пойтахт ҷарима мешаванд. Тибқи иттилои РБДА ВКД ҶТ,  сокинон ба идора аксу наворҳои  вобаста ба нақзи Коидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиётро мефиристанд. Аксаран ронандагон мошинҳои худро дар қисми ҳаракати роҳ,  гузаргоҳҳои пиёдагард ва дигар ҷойҳои мамнӯъ мегузоранд, ки ин ба ҳаракати шаҳрвандон ва дигар  воситаҳои нақлиёт халал мерасонад. Гуфта мешавад, ки ронандагон  рӯзҳои ҷумъа мошинҳои худро дар роҳ дар назди масҷидҳо ҳангоми адои намоз  мегузоранд, ки ин боиси роҳбандӣ дар роҳҳо мегардад.

Вайронкунандагони Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  тибқи моддаи 324 (Риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, аломатгузории роҳҳо ва дигар қоидаҳои ҳаракат) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин модда ҷаримаро дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ менамояд, ки ба 72 сомонӣ баробар аст.

Таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои номуносиб ва мамнуъ яке аз  навъҳои маъмултарини  нақзи ҚҲР дар пойтахт мебошад, ки тақрибан сеяки тамоми қоидавайронкуниҳоро  ташкил медиҳад ва боиси тамбашавӣ дар роҳҳо мегардад.

Сабабҳои дигари тамбашавӣ инҳоянд:

-  шумораи аз ҳад зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳ;

- ҷойҳои ноҳамвору фарсудаи роҳҳо; 

- гузаронидани корҳои таъмирӣ;

- садамаҳои нақлиётӣ.