Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023 таҳти рақами 544 Барномаи миллии «Кишвари сабз» -и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ гардид, ки тибқи он то охири соли 2025 дар масоҳати беш аз 4 ҳазор гектар шинондани 65 миллион дарахту бутта ба нақша гирифта шудааст.
«Кишвари сабз» бо мақсади кам кардани таъсири манфии омили инсонӣ ба муҳити зист қабул шудааст.Он дар ду марҳила амалӣ карда мешавад: марҳилаи аввал солҳои 2023-2025, марҳилаи дуюм солҳои 2026-2027 – ро дар бар мегирад.Маблағи умумии лоиҳа 129 миллиону 875 ҳазор сомонӣ (беш аз 11,8 миллион доллар) - ро ташкил медиҳад.
Аллакай дар марҳилаи аввал бояд дар масоҳати зиёда аз 4 ҳазор гектар 65 миллион дарахту бутта шинонда шавад. Бештар аз ҳама дарахтони мевадиҳанда, садбарг, ангат ва санавбар шинонда мешаванд. Дар нақшаҳои ниҳолшинонӣ намудҳои дигари дарахтон мавҷуданд: сафедор, ақоқиёи сафед, павловния, туя (сарв), саксавул. Барои ҳар кадоми онҳо аз 200 то 275 гектар қитъаҳо ҷудо карда мешаванд. Майдонҳои хуч (настаран) ва ангат на танҳо аҳамияти ороишӣ, балки аҳамияти хоҷагидорӣ низ хоҳанд дошт.
Барномаи «Кишвари сабз» инчунин парвариши навъҳои босифати чормағз, писта, олу, бодом ва ғайраро пешбинӣ мекунад, ки майдонҳои онҳоро бо истифода аз дастовардҳои селексионӣ таъсис медиҳанд.
Бояд зикр кард, ки Ҳукумати ҶТ 28 июни соли равон боз як санади муҳим дар ин самт – Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро қабул намуд. Тадбирҳое, ки ин барнома пешбинӣ мекунад, ба коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, барқарор кардани ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳ доштани тавозуни устувори табиӣ, мутобиқ шудан ба равандҳои тағйирёбии иқлим нигаронида шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои татбиқи самараноки ин барнома чораҳои мушаххас андешанд.
Кабудизоркунии шафати роҳҳои автомобилгард
Тибқи барномаҳои давлатии дар боло зикргардида, ки бар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 асос ёфтаанд, ба Вазорати нақлиёти мамлакат супориш дода шудааст, ки якҷоя бо идораю муассисаҳои тобеи худ дар канори роҳҳои автомобилгард 5 миллион бех ниҳол, аз ҷумла сафедор ва дигар дарахтони ороишии сояафкан ва ҳамешасабз шинонад.
Аз ҷумла, корҳо оид ба кабудизоркунӣ ва шинонидани ниҳолҳо дар шоҳроҳҳои автомобилгарди «Душанбе – Қулма» ва «Душанбе – Чанок», аз ҷумла дар қитъаҳои роҳҳои «Айни – Панҷакент», «Обигарм – Нуробод», «Хулбук –Темурмалик – Кангурт», «Данғара – Левакант – Бохтар», «Қалаи Хумб – Ванҷ», «Қизилқала – Бохтар», «Душанбе – Бохтар», «Бекобод – Бобоҷон Ғафуров – Конибодом», «Гулистон – Фархор», «Ҷ. Балхӣ – Қабодиён – Шаҳритус», «Данғара – Гулистон – Кӯлоб», «Рӯшон – Хоруғ – Қулма», «Хуҷанд – Конибодом», «Хуҷанд – Ашт» ба нақша гирифта шудаанд.
Сомонаи мо андешаҳои мутахассисонро дар бораи он, ки чаро дар канори роҳҳо дарахт шинондан ҳатмист, ҷамъ овард. Ҳафт сабаби асосӣ инҳоянд:
Дар роҳҳои берун аз шаҳр дар сояи дарахтон одамон истироҳат мекунанд. Роҳҳои бо дарахтон орододашуда хусусияти хоси манзараҳои миллӣ гардидаанд. Ҳангоми ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳо ва минтақаҳои ҷойгиркунии объектҳои истироҳати оммавӣ ба муҳити атроф талаботи махсус гузошта мешавад, аз ин рӯ, хати паҳншавии газҳои зарарноки аз мошинҳо хориҷшаванда ва минтақаи наздироҳии садои нақлиёт ба назар гирифта мешавад;
2. Дар наздикии роҳҳое, ки тамаркузи гази карбон хеле баланд аст, шинондани дарахтон муфид мебошад. Онҳо қодиранд гази карбонати барои саломатии одамон зарароварро ҷаббида, оксиген хориҷ кунанд. Аз ин рӯ, ҳар қадаре, ки дарахтон дар канори роҳҳо зиёд бошанд, ҳамон қадар ҳавои тоза бештар мешавад;
3.Хати дарахтон ва пиёдагардҳои сабз дар канори роҳҳои автомобилӣ барои муҳофизат аз барф ва хокбориш ҳангоми шамоли сахт, аз селу тарма, фарсоиши шамол ва оби заминҳои назди роҳҳо пешбинӣ шудаанд;
4. Дарахтон дар канори роҳҳои автомобилгард гармии зиёд бар асари офтобро коҳиш медиҳанд. Пӯшиши асфалтубетони роҳҳо зуд гарм ва дер хунук шуда, муддати тӯлонӣ ҳарорати ҳавои атрофро баланд нигоҳ медорад. Дарахтон кам гарм мешаванд, зеро қисми радиатсияи офтоб танҳо ба сатҳи болои онҳо - шоху баргҳо мерасад. Дарахтони сабз на танҳо гармии тобистонро коҳиш медиҳанд, онҳо ҳамзамон намии нисбии ҳаворо тақрибан 15-30% зиёд мекунанд. Чунин ҳаво барои нафаскашии одамон мувофиқ аст, афзоиши намӣ бошад ҳамчун паст шудани ҳарорати ҳаво қабул карда мешавад.
5. Ронанда чашм аз роҳ канда, ба ҳама гуна ашё, иншооту одамон ва манзараҳои зебоманзар дар майдонҳои ду тарафи роҳ назар дӯхта, парешон намешавад, ба парешон ва тамоми диққати худро ба роҳ равона мекунад;
6. Дарахтон барои инзивои (изолятсияи) садои роҳ низ манфиатоваранд. Аксаран дар наздикии роҳҳо деҳаҳо ва шаҳрҳо ҷойгиранд. Дарахтон садоеро, ки аз ҳаракати мошинҳо дар роҳ ба вуҷуд меояд, ба худ мегиранд ва ба ин васила оромии мардумро муҳофизат мекунанд;
7. Вақте ки офтоби дурахшон чашмро хира месозад, рондани мошин хеле ногувор аст, чашмон хаста мешаванд. Дарахтон ронандагонро аз офтоб муҳофизат мекунанд.
Хулоса қад-қади роҳҳо бояд дарахтон шинонда шаванд!