Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 16-09-2024 Просмотрено: 3312

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, рейтингҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

 

ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати худ ба мардум ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз намуданд, ки дар тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ дар кишвар барои рушди инфрасохтор корҳои зиёде анҷом дода шуданд.

«Дар даврони истиқлоли давлатӣ, - гуфтанд Сарвари дапвлат, -  мо тамоми саъю талоши худро дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлоли энергетикии кишвар, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани он, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат муттаҳид сохтем. Дар ин давра бо заҳмати содиқонаи мардумамон беш аз 2200 километр роҳ, даҳҳо километр нақб ва садҳо пули ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд карда, ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил гардидем. Яъне Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил додем ва кишвари маҳбубамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, онро ба мамлакати транзитӣ мубаддал сохтем».

                                         

                                        ***

 

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29 август Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2030  қабул гардид.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ҳадафи барномаи мазкур таъмини бехатарии мусофирон, ҳайати парвоз, кормандони рӯизаминӣ, ҳифзи иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ мебошад.

 

                                         ***

Дар Душанбе аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ 20% зиёд карда шуд, хабар дод маркази матбуоти  корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон».

Зикр шуд, ки ин тасмим барои он гирифта шуд, ки бинобар оғози соли нави таҳсил теъдоди мусофирон ба таври назаррас зиёд мешавад. Қобили зикр аст, ки ин таҷриба чандин сол боз ба кор бурда мешавад.

 То ҳол дар роҳҳои шаҳр 305 автобус равуо дошта, аз 1 сентябр шумори онҳо ба 375 адад расонида шуд. Мутаносибан шумораи троллейбусҳо аз 55 адад то 75 адад зиёд  гардид.

Дар робита ба микроавтобусҳо (маршруткаҳо) бошад, шумораи онҳо 100 адад зиёд карда, ба 1050 адад расонида шуд. 

Шумори таксиҳо аз 3200 адад то 3350 адад зиёд  гардид.  

Дар назар аст, ки ин шумори нақлиёти ҷамъиятӣ барои қонеъ намудани талаботи сокинони шаҳр кофӣ хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, дар корхона зикр карданд, ки агар ин тадбирҳо барои хизматрасонии муосир ва бароҳати сокинни шаҳр кофӣ нашавад, дар мавриди боз ҳам зиёд кардани шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.

 

                                        ***

 

Дар 7 моҳи соли 2024 аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 230,4 ҳазор тонна маҳсулоти карбоҳидрогенӣ, аз ҷумла 208,2 ҳазор тонна гази моеъ, зиёда аз 21 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва тақрибан 0,5 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ ворид карда шуд. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст

Ёдовар мешавем, ки 22 август дар доираи сафари давлатии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Душанбе Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ байни вазоратҳои энергетикии ду кишвар ба имзо расид.

Дар доираи санад, кишварҳо ҳамкориро дар соҳаи иктишоф ва истихроҷи маҳсулоти карбоҳидрогенӣ дар Тоҷикистон, интиқоли нафти хом ва маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон тақвият медиҳанд.  

Қазоқистон содиркунандаи асосии гази моеъ ба ҷумҳурии мо мебошад ва ҳиссаи он дар таъмини талаботи бозори дохилӣ 94% - ро ташкил медиҳад. Воридкунандагони тоҷик ин навъи сӯзишвориро асосан аз истеҳсолкунандаи калонтарини Қазоқистон – «Тенгизшевройл» (ТШО) ва дар ҳиссаи камтар аз ширкатҳои дигар харидорӣ мекунанд.

 

                                          ***

Ширкати «Innovative Road Solutions LTD» (IRS) татбиқи чорабиниҳоро оид ба таъмири асосӣ ва ҷорӣ дар роҳи «Душанбе-Чанок» идома медиҳад. Аз оғози фаъолияти худ, дар тӯли 15 сол, ин ширкат беш аз 2,5 миллион метри мураббаъ роҳи мазбурро таъмир карда, дар ин замина тақрибан 400 ҳазор тонна асфалт сарф кардааст.

Дар тӯли ин солҳо бо ташаббуси ширкат 10 корхонаи асфалтбарорӣ ба истифода дода шуд, ки 3 адади  онҳо дар ноҳияи Варзоб ва 7 адад дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилояти Суғд.

Ба наздикӣ мавсими нави таъмири роҳ оғоз ёфт, ки дар он истифодаи зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт ба нақша гирифта шудааст.Ба иҷрои ин кор мутахассисони соҳибтахассус, техника ва механизмҳои муосир ҷалб карда шудаанд.

Дар мавсими ҷорӣ таъмири садҳо километр роҳҳои амалкунанда ва навсозӣ дар даҳҳо километри ин шоҳроҳ ба нақша гирифта шудааст.

 

                                        ***

          Дар Душанбе маркази нави дилерии Chery ифтитоҳ шуд.Ин ширкати автомобилбарории чинӣ аллакай дар бозори байналмилалӣ эътимод пайдо кардааст ва ҳоло мошинҳояш дар Тоҷикистон низ дастрасанд.

           Маркази нав доираи пурраи хидматҳоро аз фурӯши мошинҳо ва ташкили дискҳои санҷишӣ то хидматрасонии касбӣ пешниҳод мекунад.

Дар ифтитоҳи он директори минтақавии Chery Лянг Дзяти ҳузур дошт, ӯ маъруфият ва фурӯши фаъоли мошинҳои Chery-ро ҳам дар Чин ва ҳам дар саросари ҷаҳон таъкид кард.

 Акнун сокинони Душанбе имкон доранд, ки бо сабти ном ба драйви санҷишӣ шахсан ба идоракунӣ, бароҳатӣ ва динамикаи муделҳои Chery боварӣ ҳосил кунанд.

 

                                         ***

Намояндагони Вазорати нақлиети Тоҷикистон дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарии роҳро бо намояндагони истеҳсолкунандаи металлҳои инфрасохтори роҳҳои Русия  - «ОАО Завод Продмаш» баррасӣ карданд. Музокирот 5 сентябр дар Душанбе баргузор шуд.

Ҷонибҳо имкони интиқоли маҳсулоти заводи  «Продмаш» - ро ба бозори Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён перомуни вазъи кунунии инфрасохтори роҳ дар Тоҷикистон, инчунин зарурати деворҳои босифат ва муосири роҳҳо барои баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо изҳори назар намуданд. Ширкат маҳсулоти худро муаррифӣ кард ва мутобиқати онро ба стандартҳои байналмилалии сифат ва бехатарӣ таъкид намуд. Завод омода аст, ки доираи васеи деворҳои роҳро пешниҳод кунад, аз ҷумла деворҳои монеа, фарогир, пиёдагард, деворҳои такягоҳ ва ғайра, ки метавонанд барои намудҳои гуногуни роҳҳо ва гузаргоҳҳои нақлиётӣ истифода шаванд.

Намояндагони Вазорати нақлиёт ба ҳамкорӣ бо ширкат изҳори ҳавасмандӣ намуда, аҳамияти  истифодаи деворҳои замонавиро барои таъмини бехатарӣ дар роҳҳои кишвар зикр карданд.

                                          

                                      ***

 

Дар ноҳияи Абдураҳмон Ҷомии вилояти Хатлон дар 7 моҳи соли ҷорӣ 6 километр роҳҳои автомобилгард таъмир карда шуданд.

Корҳо аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати нақлиёт, мақомоти маҳаллӣ, инчунин бо дастгирии соҳибкорон ва  шахсони саховатпеша иҷро карда шуданд.

          Рӯзҳои наздик таъмири 9 боз километр роҳ ба нақша гирифта шудааст. Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи А. Ҷомӣ Усмон Тағойбекзода хабар дод, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби МД  «Дирексияи сохтмони иншооти давлатӣ»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,8 километр роҳ ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ сохта шудааст. Вазорати нақлиёт барои таъмири роҳҳо 750 ҳазор сомонӣ, мақомоти маҳаллӣ 600 ҳазор сомонӣ ҷудо намудаанд.Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки соҳибкорон даҳҳо километр роҳҳои мошингардро таъмир кардаанд. То охири сол таъмири 6-7 километри дигар ба нақша гирифта шудааст.

 

                                 ДАР МИНТАҚА

 

Президенти Узбекистон қарореро имзо кард, ки низоми транзити соддашудаи воситаҳои нақлиёти боркашро байни Узбекистон ва Тоҷикистон  пешбинӣ мекунад. Тибқи протоколи нав, ки 18 апрели соли 2024 дар Душанбе ба имзо расид, нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду кишвар бидуни зарурати ба расмият даровардани варақаҳои иҷозатнома транзит хоҳад шуд.  

Санад дар бораи тағйиру иловаҳо ба Созишномаи алоқаи байналмилалии автомобилӣ, ки 9 марти соли 2018 ба имзо расидааст, дар сомонаи қонунгузории миллии Узбекистон нашр шудааст. Тибқи протокол, барои эътибор пайдо кардани тағйирот, Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон бояд ҷониби Тоҷикистонро дар бораи ба итмом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ огоҳ кунад. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар Душанбе миёни  КВД "Тоҷикаэронавигатсия" ва  КВД "Узаэронавигатсия" Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия, табодули таҷриба ва таъмини бехатарии парвозҳо тавассути фазои ҳавоии ду давлат равона шудааст.

 

                                       ***

Дар Алмаато автобусҳои барқӣ, троллейбусҳо ва автобусҳои бо газ ҳаракаткунанда  зиёд мешаванд. Дар доираи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ корҳо оид ба навсозӣ ва таъмини гузариши он ба намудҳои экологӣ идома доранд, хабар дод агентии  Oqu. news бо истинод ба  ҳокимияти метрополия.   

Дар ин сол фармоишҳо барои хариди 600 автобуси бо газ ҳаракаткунанда, 100 автобуси барқӣ ва 112 троллейбус аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ  ворид карда шуданд.

Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби муассисаҳои хусусии автомобилӣ 150 автобуси бо газ ҳаракаткунандда ва 15 автобуси барқӣ харидорӣ карда шуд.

Ҳамин тариқ, дар соли 2024 ҳиссаи нақлиёти ҷамъиятии экологӣ аз 53,7% то 70% афзуда, мӯҳлати миёнаи истифода аз 3 то 2,5 сол коҳиш меебад.

                                         

                                        ***

Дар Қазоқистон аз 1 январи соли 2025 истифодаи мошинҳои  чамбараки фармонашон аз самти рост ҳамчун такси манъ карда шудааст, хабар медиҳад Azattyq rýhy.

Вазири нақлиёти Қазоқистон Карабаев хабар дод, ки мақомоти кишвар аллакай бо агрегаторҳои маъмул созишнома бастаанд: аз соли оянда онҳо мошинҳои самти ростро аз системаи худ ҷудо мекунанд. Мақомот бар ин назаранд, ки манъи чунин мошинҳо бехатарии мусофиронро дар Қазоқистон баланд мебардорад.

Дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ истифодаи мошинҳои  самти рост манъ аст. Соли 2008 бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» тағйирот ворид карда шуд, ки  тибқи онҳо «иштирок дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ бо идоракунии автомобилҳои  самташон рост иҷозат дода намешавад».

Дар ҷаҳон кишварҳое, ки дар онҳо ҳаракати мошинҳои  ростгаро иҷозат аст,  он қадар зиёд нестанд: Ҷопон, Бритониё, Кипр, Малта ва чанде дигар. Дар маҷмӯъ, 76 давлат вуҷуд дорад, ки ронанда дар тарафи рости мошин мешинад.

Дар байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мошинҳои ростгароро дар роҳҳои Русия, Беларус, Украина, Гурҷистон ва Арманистон дидан мумкин аст. Зимнан, дар Гурҷистон аз 1 апрели соли 2020 бақайдгирии нави мошинҳои ростгаро  манъ карда шуд.  

 

                                           ***

Дар вилояти Фарғона барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ба аҳолӣ, фароҳам овардани шароити иловагӣ барои мусофирон, такмили низоми нақлиёти ҷамъиятии шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон хабар медиҳад.

Ба масъалаи навсозии автомобилҳои корхонаҳое, ки дар ҳудуди вилоят мусофиркашонӣ мекунанд, диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, ҶДММ «Ферганаавтотранс сервис» 8 автобуси ASIA STAR ва ҶДММ «Тошлокйуловчитранс» 12 автобуси Yutong харидорӣ карданд.

Ин автобусҳо ба зудӣ дар масири шаҳри Қӯканд дар асоси шартномаи умумӣ хизматрасониро ба аҳолӣ шуруъ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки то охири соли ҷорӣ барои минтақаҳо овардани 1000 автобус ба нақша гирифта шудааст.

   

                                  ДАР ҶАҲОН

 

Вакилони Думаи Давлатии Русия ба парлумон лоиҳаи қонунеро пешниҳод карданд, ки то 600 ҳазор рубл зиёд кардани ҷаримаҳо барои таъмири пастсифат ва нигоҳдории роҳҳоро пешбинӣ мекунад. Ҳуҷҷат дар пойгоҳи электронии Дума дастрас аст. Дар ин бора РИА Новости хабар дод.

Дар айни замон барои шахсони мансабдор, ки ба ҳолати роҳҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан ё дигар иншооти роҳ масъуланд, аз 20 ҳазор то 30 ҳазор рубл ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 200 ҳазор то 300 ҳазор рубл ҷарима муқаррар карда шудааст. 

                                      

                                         ***

Барои баланд бардоштани бехатарӣ дар роҳҳои автомобилгарди Русия чароғакҳои мутобиқкунанда насб карда мешаванд, ки метавонанд низоми кориро вобаста ба шиддати ҷараёни ҳаракат ба таври худкор тағир диҳанд. Дар ин бора портали AUTONEWS хабар додааст.

Танзимгари электронӣ бо камераҳо ва сенсорҳо муҷаҳҳаз буда, онҳо маълумотро ба системаи идоракунии чароғаккҳо (светофорҳо) интиқол медиҳанд, ки дар бораи тағйир додани сигнал зуд қарор қабул кунад.

Ҳамин тариқ, дастгоҳ метавонад ба нақлиёти ҷамъиятӣ дар соатҳои авҷи кор афзалият диҳад, масалан, дар сурати ҷамъшавии зиёди мошинҳо дар хати ҳаракат чароғи гардишро иваз кунад.

Илова бар ин, чунин чароғакҳо метавонанд дар бораи хатоҳои худ ба маркази ҷамъоварии маълумот "Системаҳои нақлиётии зеҳнӣ" (СНЗ) хабар диҳанд.

То охири соли 2024 чунин чароғакҳо дар 25 чорроҳаи назди Москва пайдо мешаванд.Дар ин бора волии вилояти Москва Андрей Воробьев дар канали Telegram-и худ хабар дод.

                                                  

                                          ***

Дар Беларус Оператори ягонаи миллии системаҳои интеллектуалии ниқлиётӣ роҳандозӣ мешавад. Ин масъала дар ҷаласаи Президенти ҶБ Александр Лукашенко бо роҳбарияти Шӯрои Вазирон ба муҳокима гузошта шуд, хабар дод  рӯзномаи «Минская правда».

Президент зикр кард, ки беш аз як сол қабл сармоягузор пешниҳод  намуда буд, ки чунин оператореро таъсис диҳад, ки ҳамаи системаҳои мавҷудаи нақлиёти интеллектуалии кишвар, аз ҷумла роҳҳои пулакӣ, системаҳои таваққуфгоҳ, назорати вазн ва системаҳои аксбардории қонуншиканиҳоро муттаҳид кунад.

 

                                           ***

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев фармон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Низомнома дар бораи Вазорати рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон» - ро имзо кард. Тавре агентии Trend 15 август хабар дод, тибқи фармони Сарвари давлат ба рӯйхати вазифаҳои вазорат ваколатҳои зерин илова карда шуданд:

-иштирок дар ташкили ҳаракати роҳ ва инфрасохтори пиёдагарду роҳ тавассути муассисаи тобеи худ, ҳамзамон якҷоя бо мақомоти дахлдор дар танзими ҷараёни нақлиёт;

- таъмини назорати риояи талаботи таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои таваққуфгоҳ дар ҳудуди маъмурии шаҳри Боку;

- аз нуқтаи назари таъмини талабот вобаста ба интиқоли одамон ва борҳо пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо ба лоиҳаҳои нақшаҳои муфассал, ки дар доираи банақшагирии ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин ё қитъаҳои ҳудудӣ таҳия шудаанд;

-таъмини пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо оид ба лоиҳаҳои сохтмон, таъмири асосӣ, таҷдид ва барқарорсозии роҳҳои автомобилӣ, автовокзалҳо (автостансияҳо), гузаргоҳҳои зеризаминӣ, баромадгоҳҳои метро, роҳҳои велосипедронӣ бо назардошти қобилияти гузариши роҳ ва нишондиҳандаҳои мувофиқати ҳудуди инфрасохтори роҳу нақлиёт.

 

                                           ***

Иттиҳоди Аврупо  (ИА) омода аст, ки ба мошинҳои барқии Чин боҷи сахт ҷорӣ кунад. Брюссел чораҳоро посух ба субсидияҳои Пекин меномад, ҷониби Чин дар ин бора ба Созмони ҷаҳони  савдо (СҶТ) даъво кард. Дар айни замон фурӯши мошинҳои барқӣ дар кишварҳои ИА қариб дар ҳама ҷо коҳиш меёбад

Боҷҳои баланд ва қариб манъкунандаи воридоти мошинҳои барқии Чин ба ИА ба воқеият табдил меёбанд. Комиссияи Аврупо 20 август андозаи тарифҳои ба нақша гирифташударо пешниҳод кард, ки каме ба самти пастшавӣ баррасӣ карда шуданд. Аз ҷумла, барои мошинҳои Tesla, ки дар Чин истеҳсол шудаанд,- 9%, барои пешоҳанги ҷаҳонии фурӯши мошинҳои барқии BYD ва аксари ширкатҳои Чин, ки бо Брюссел ҳамкорӣ мекунанд, аз 17% то 21% ва барои онҳое, ки аз пешниҳоди маълумот ба ИА дар бораи ҳаҷми субсидияҳои худ дар Чин даст кашидаанд, якбора 36%.     

Ба ақидаи Комиссияи Аврупо, тадбирҳо бояд "хатари зарари иқтисодӣ" - ро барои истеҳсолкунандагони аврупоӣ, ки бо субсидияи "бузург ва ноодилонаи" маркаҳои чинӣ аз ҷониби мақомоти Чин алоқаманд аст, бартараф кунанд.

 

 

                                          ***

 

 

Аз 1 сентябри соли 2024 дар ҳамаи фурудгоҳҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо истифодаи қатъии қоидае, ки интиқоли маводҳои моеъгиро то 100 миллилитр маҳдуд мекунад, дубора ҷорӣ карда мешавад, хабар медиҳад портали BNR.bg.

Сканерҳои  замонавӣ, ки тасвирҳои сеченакаро аз рӯи принсипи томографияи компютерӣ дар тиб нишон медиҳанд, дар бисёр фурудгоҳҳо имкон доданд, ки тадбирҳоро сабук кунанд ва ба мусофирон имкон диҳанд, ки дастгоҳҳои электронӣ ва моеъҳоро бидуни маҳдудият ва бидуни  берун овардан аз бағоҷ ҳамроҳ дошта бошанд.

Аммо, намояндагони Иттиҳоди Аврупо шубҳа карданд, ки то чӣ андоза сканерҳои нав кафолат медиҳанд, ки ба ҳавопаймоҳо ягон модда ё ашёи хатарнок ворид карда намешавад. Аз ин рӯ, Брюссел тасмим гирифт, ки санҷишҳои қатъии амниятиро  аз нав ҷорӣ намоянд. Мусофирон бояд ҳама зарфҳои моеъеро, ки ба ҳавопаймо меоранд, дар як халтаи шаффоф ҷойгир кунанд. Ин қоида соли 2006 пас аз ҳамлаи террористии пешгиришуда ҷорӣ гардида буд.

Маъмурияти фурудгоҳҳо метарсанд, ки қоидаҳои нави санҷиши бехатарӣ ба таъхири парвозҳо ва талафот оварда мерасонанд. Сканерҳои нав ҳашт маротиба гаронтаранд ва нигоҳдории онҳо кадрҳои баландихтисосро талаб мекунад.

                                         ***

 

Шӯрои ИА ҳадафҳои нави Иттиҳоди Аврупоро барои коҳиш додани партовҳои карбонии мошинҳо тасдиқ кард, ки ин метавонад маънои манъи фурӯши мошинҳои нави  бо бензин ва дизел ҳаракаткунандаро то соли 2035 дошта бошад. Дар ин хусус ТАСС бо истинод ба қарори эълоншудаи Шӯрои ИА хабар медиҳад.

«Шӯрои ИА муқарраротро дар бораи меъерҳои сахттари партовҳои карбон барои мошинҳо ва микроавтобусҳои нав тасдиқ кард», - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат. Ҳамин тавр, дар давраи аз соли 2030 то 2034 партовҳои карбонии мошинҳои нави сабукрав бояд нисбат ба соли 2021 ба андозаи 55 фоиз ва фургонҳо 50 фоиз кам карда шаванд. То соли 2035 сатҳи партовҳои карбон бояд 100% кам карда шавад.

Ҳадафи меъёрҳои нав коҳиш додани партовҳо аз нақлиёти роҳ мебошад.

      

                                          ***

 Бандари Чобаҳор дар Эрон имконияти хуби стратегӣ барои Ҳиндустон  ҷиҳати ворид шудан ба бозорҳои Осиёи Марказӣ бидуни воридшавӣ ба бандарҳои покистон Қарочи ва Гвадари Покистон мебошад.  Таъминоти нерӯи барқ, тавсеаи тиҷорат, дастрасӣ ба бозорҳо ва захоири нав ва истифодаи сарватҳои маъданӣ манфиатҳои калидии иқтисодии Ҳиндустон дар минтақа мебошанд, менависад хабаргузории DARYO.

1 августи соли 2024 аввалин қатораи контейнерӣ, ки аз 20  контейнери TEU бо лавҳаҳои керамикӣ иборат аст, бомуваффақият аз Бандар-Аббос ба Сарахс бо нуқтаи таъинот дар истгоҳи Чуқурсойи Узбекистон фиристода шуд. Ҳоло Эрон, Ҳиндустон ва  кишваарҳои  Осиёи Марказӣ бояд барои истифодаи иқтидори бандари Чабаҳор ҷиҳати афзоиши тиҷорат дар минтақа чораҳои бештар андешанд.

 

                                           ***

Ҳукумати Гурҷистон сохтмони ду қитъаи баландсуръати роҳҳоро дар қарибии марзҳои Озарбойҷон ва Арманистон эълон кард. Корҳо соли 2025 оғоз меёбанд. Дар ин бора «Вестник Кавказа» иттилоъ додааст.

Ин қитъаҳои роҳҳо қисми роҳҳои баландсуръати Шарқ-Ғарб ва Шимол-Ҷануб хоҳанд буд. Ҳоло тендер эълон шудааст, гуфт департаменти роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ.

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои роҳҳои “Рустави – Пули Сурх” ва “Алгети – Садахло”, ки Гурҷистонро бо ҷумҳуриҳои ҳамсояи Қафқози Ҷанубӣ мепайвандад, гузаронида мешаванд.