Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти №668, соли 2024 дар Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидааст. Ба ин муносибат бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 Нақшаи тадбирҳо дар вазорату идораҳо ва муассисаю ташкилотҳои мамлакат тасдиқ шудааст.
Дар асоси ин нақша имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кормандони соҳаи роҳу нақдлиёт бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи палатаи поёнии Парлумон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуҳалим Ғаффорзода мулоқот доир гардид.
«Иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби намояндагони тамоми соҳаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли илму адаб, коршиносону ҷомеашиносони дохилу хорҷи мамлакат ҳамовозӣ пайдо кард, - гуфт Абдуҳалим Ғаффорзода ва илова кард, ки ба чунин тадбири оқилона мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр ниёз дошт, зеро бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, бидуни донистану риоя кардани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ аз ҷониби шаҳрвандон ғайри имкон аст.
Маҳз ба ҳамин хотир дар моддаи 10-уми Конститутсия омадааст: Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқукии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдуҳалим Ғаффорзода изҳори таассуф кард, ки солҳои охир бисёр ҷавонони кишвар маҳз аз боиси надоштани донишу саводи казоӣ, надонистани қонунҳо, риоя накардани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ба доми ташкилоту созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ афтида, ба ҷиноятҳои сангин даст заданд. Ба гуфтаи ӯ, ифротгароӣ ва тақлиди кӯркӯрона ба фарҳанг ва расму оини бегона аз ҷониби баъзе шаҳрвандони мо низ аз ҳамин сабаб аст.
Ба андешаи Абдуҳалим Ғаффорзода, имрӯз ҳар як шаҳрванди солимфикр бояст на танҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худро дарк ва риоя кунад, балки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати дигар аъзои ҷомеа саҳмгузор бошад.
Дар охир Абдуҳалим Ғаффорзода ба саволҳои аҳли нишаст посух дод.
Дар мулоқот муовинони Вазири нақлиёт ва роҳбарону намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат низ иштирок намуданд.