Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода, ки дар ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон дар Беларус қарор дорад, 4 июн дар Минск бо муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Беларус Сергей Дубина мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами марбут ба ҳамлу нақли дуҷонибаи нақлиёти автомобилӣ байни кишварҳо, аз ҷумла ҳамлу нақли байналмилалӣ, масъалаи будубоши ронандагон дар қаламрави кишварҳо, ҳамкорӣ дар самти рушди долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба кори Комиссияи якҷояи Тоҷикистону Беларус оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ ва Барномаи «Харитаи роҳ»-и ҳамкории дуҷонибаи ҶТ ва ҶБ барои солҳои 2022-2026 мавриди гуфтугӯ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо дар бораи зарурати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Тоҷикистон ва Беларус ба мувофиқа расиданд.
Бояд тазаккур дод, ки аъзои ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон 5 июн дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҶТ ва ҶБ иштирок намуда, инчунин аз Намоишгоҳи байналмилалии махсуси «Белагро-2024» дидан карданд.
Ёдовар мешавем, ки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус соли 2000 таъсис ефтааст. Ҷаласаи 16-уми Комиссия 28 сентябри соли 2023 дар Душанбе доир гардида буд.