Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Вазири Федеролии комуникатсияи Покистон дар Душанбе мулоқот карданд

Санаи нашр: 28-05-2024 Просмотрено: 2394

Имрӯз, 28 май, Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири федеролии коммуникатсияи Покистон Абдул Алим Хон, ки барои ширкат дар Конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тён-Шон» ба Душанбе омадааст, мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ гардид.

Азим Иброҳим аз ҳамтои покистонии худ барои саҳми арзандааш дар густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ изҳори сипос кард.

Тавре қаблан хабар дода шуд, дар ҷараёни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон 14 декабри соли 2022 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон  Созишнома «Дар бораи тиҷорати транзитӣ» ба имзо расида буд.

Дар мулоқоти вазирон зикр гардид, ки ҳадафи имзои ин санад рушди тиҷорат, афзоиши ҳамлу нақли байналмилалии бор бо истифода аз намудҳои гуногуни нақлиёт, афзоиши гардиши мол ва фароҳам овардани шароити мусоид барои воридоту содирот байни Тоҷикистону Покистон мебошад.

«Бо назардошти он, ки имрӯзҳо масъалаи зиёд намудани ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои транзитии кишвар, ташкили ҳамлу нақли мултимодалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шудааст, татбиқи амалии Созишномаи болозикр барои мо хъеле муҳим аст», - гуфт Вазири нақлиёти ҶТ.

Дар доираи Созишнома «Дар бораи тиҷорати транзитӣ» 1 апрели соли 2024 нахустин корвони автомобилии бор аз Покистон ба Тоҷикистон ворид шуд. Иқдоми мазкур имкониятҳои иловагиро ҷиҳати баромадан ба бандарҳои   баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Ҷумҳурии Исломии Покистон, бо истифода аз ҳамлу нақли мултимодалӣ пайвастшавӣ ба долони иқтисодии Чину Покистон ва ба ин васила рушди тиҷорат, транзит ва ҳамлу нақли борро  байни ду кишвар фароҳам меорад.

Ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту логистика, тиҷорати транзитӣ, рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва контейнерӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ҷиҳати таъмини бехатарӣ сабукгардонии интиқоли бор, баргузор намудани мулоқоту гуфтушунидҳо, конфронсу намоишгоҳҳо, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии муштарак ва  табодули таҷриба ва ғайра изҳори омодагӣ намуданд.