Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 27-05-2024 Просмотрено: 2373

ДАР ТОҶИКИСТОН

22-23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари давлатӣ анҷом доданд.

Музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 май бо мулоқоти хосаи сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев дар оғоз гардида, сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфтанд. Ҷонибҳо аҳамияти рушди ҳамкориро дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, боркашонӣ ва истифодаи бандари баҳрии Боку таъкид карданд.

 Ҷонибҳо аҳамияти рушди ҳамкориро дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, нақлиет ва коммуникатсия, боркашонӣ ва истифодаи бандари баҳрии Боку таъкид карданд.

         «Таваҷҷуҳи ҷудогона ба соҳаи нақлиёт ва комуникатсия зоҳир карда шуд, - омадааст дар Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев - Мо бо қаноатмандӣ тамоюли афзоиш ёфтани ҳаҷми боркашонии сохторҳои давлативу тиҷоратии Тоҷикистонро тавассути қаламрави Озарбойҷон зикр намудем. Ба ҷониби озарбойҷонӣ ҷиҳати ба боркашонҳои тоҷик додани имтиёзоти тарифӣ изҳори миннатдорӣ намудем».

                                                ***

Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №44659(27-2) аз 14.12.2023с. рӯзҳои 29-30 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони мақомотҳои соҳаи нақлиёти кишварҳои хориҷии дуру наздик ва созмонҳои байналмилалии хориҷӣ баргузории Конфронси байналмилалии минтақавӣ дар мавзӯи «Роҳ ба сӯи Тияншон» ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳошияи Конфронс баррасии масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин баргузор намудани мулоқотҳо бо масъулини кишварҳои хориҷии дуру наздик, баррасӣ ва муҳокимаи мушкилоти вобаста ба таҳвили таҷҳизот ва бору коло аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шоҳроҳи «Душанбе-Қулма-сарҳади Хитой» ва доир намудани маросими муаррифии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст.

                                       ***

22 майи соли 2024 GAC International ва ҶСК «ЭКО Такси» (минбаъд "ECO" номида мешавад) дар мавзӯи «Ронандагии ҳушмандонаи бидуни марз, саёҳати муштарак дар Роҳи Абрешим»  ҳамоиш баргузор карданд, ки он    ба оғози пойгоҳи содиротии GAC дар Осиёи Марказӣ ва маросими таҳвили мошинҳо барои лоиҳаи ECO Mobility дар Тоҷикистон бахшида шуд. Дар ин бора маҷаллаи "Automotive World" хабар медиҳад.

Маросим ифтитоҳи расмии пойгоҳи содиротии GAC дар Осиёи Марказӣ   нишонаи он буд, ки мошинҳои нави барқӣ рамзи марҳилаи муҳим дар тавсеаи байналмилалии GAC мебошад.

Пас аз он таҳвили мошинҳо барои лоиҳаи Eco Mobility баргузор шуд,  ки дар он GAC International беш аз 1000 мошини AION Y-ро расман ба ECO супурд ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон гузинаи нави экологӣ ва интеллектуалии нақлиётро пешниҳод кард.                                     

                                         ***

Дар Душанбе бензини навъи АИ-100 муаррифӣ карда шуд. Ин навъи сӯзишвории дорои октани баланд бо бренди "Z power 100" аллакай дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шабакаи "Ориё" дастрас аст, хабар дод агентии Аѕіа-Plus 17 май.

Ин сӯзишворӣ  барои мошинҳои мукофотӣ ва варзишӣ бо муҳаррикҳои пурқувват  пешбинӣ шудааст. 

Инчунин бензини АИ - 100 метавонад дар мошинҳое истифода шавад, ки истеҳсолкунандагон рақами октании сӯзишвории 95 ва болотар аз онро тавсия додаанд.

                                           ***

Аз 25 май дар Душанбе автобусҳои дуошёнаи сайёҳӣ ба кор шурӯъ карданд.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 24 май дар «Кохи Наврӯз» расман 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрии автобусҳо кушода шуд, ки бо автобусҳои дуошёна амалӣ карда мешаванд.

 Хатсайрҳои нав бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии пойтахт, инчунин ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳӣ барои пешниҳоди маҷмӯи хизматрасониҳои ҷаззоб ба меҳмонони шаҳр ҷалб карда мешаванд.

                                           ***

Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Ҳусейн Озхонро иҷрокунандаи вазифаи Директори идоракунанда дар Осиёи Марказӣ таъин кард. Дар ин бор дар варақаи иттилоотии БАТР хабар дода шудааст.

Ҷаноби Озхон дар ин вазифа Ҷужанна Харгитайро иваз мекунад, ки Директори идоракунандаи маблағгузорӣ ва рушди тиҷорати хурду миёна дар қароргоҳи марказии Бонк дар Лондон таъин шудааст.

 Шаҳрванди Туркия, ҷаноби Озхон аз 1 июни соли 2024 ба иҷрои вазифаҳои нави хидматӣ дар дафтари БАТР дар Алмаато шуруъ мекунад.

Вай амалиёти Бонкро дар Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон назорат хоҳад кард.

 Мавриди зикр аст, ки то имрӯз БАТР тавассути дастгирии тақрибан 168 лоиҳа, аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақлиёт, ба Тоҷикистон беш аз 947 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.

                                                  ***

Бори аввал дар таърихи авиатсияи Тоҷикистон парвози мунтазами мустақим бо хатсайри «Душанбе-Тбилиси-Душанбе» оғоз гардид. Парвози аввал 22 май сурат гирифт.

 Ин ташаббус бо кӯшиши ширкатҳои FLY.TJ, EASYBOOKING ва    SOMON AIR имконпазир гардид. Ин хатсайр на танҳо робитаҳои нақлиётии Тоҷикистону Гурҷистонро тақвият мебахшад, балки барои соҳибкорони ватанӣ ва дӯстдорони сайёҳӣ низ имкониятҳои нав фароҳам меорад.

 Ҳамчунин парвози чартерӣ ба Урдун 6 июн ба нақша гирифта шудааст, ки онро ширкатҳои FLY.TJ ва СОМОН ЭЙР барои дастгирии  тими мунтахаби миллии футбол дар бозии ҳалкунанда бо тими тунтахаби Урдун ташкил карданд.

 Ба ҷуз ин моҳи июл парвози мустақим дар яке аз самтҳои маъмултарин — «Душанбе-Шарм-ул-Шайх (Миср)» ба нақша гирифта шудааст.

                               ДАР МИНТАҚА

Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути Узбекистон тақрибан 2,755 миллион тоннаро ташкил дод.

Аз ин шумора қариб 2,219 миллион тонна бор тавассути роҳи оҳан ва 0,536 миллион тонна тавассути нақлиёти автомобилӣ кашонида шудааст. Дар ин бора Агентии омори Узбекистон хабар додааст.                                         

                                              ***

 Кумитаи гумруки Узбекистон ба ҳамкасбони худ дар ИДМ пешниҳод кард, ки мубодилаи рақамии сертификатҳои молро ба роҳ монанд. Дар ин бора дар ҷаласаи 78-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ, ки 26 апрели соли 2024 дар Тошканд баргузор гардид, изҳори назар карда шуд, хабар медиҳад ТАСС.

Инчунин пешниҳод карда шуд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои муштарак, ки аз стратегияҳои рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 бармеоянд, саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дода шавад.

 Тавре зикр гардид, барои ин зарур аст, ки кори муштарак оид ба рафъи монеаҳо ва маҳдудиятҳо дар роҳи ҳаракати озоди молҳо, суръат бахшидан ба транзити борҳо, такмили ҳамкории иттилоотии хадамоти гумрук барои мубориза бо ҳаракатҳои фаромарзии молҳои қалбакӣ идома дода шавад.                                       

                                ДАР ҶАҲОН

 Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки дар Ашқобод (Туркманистон) 24 майи соли 2024 баргузор шуд, Нақшаи тадбирҳо оид ба беҳдошти инфрасохтор ва рушди  долонҳои байналмилалии нақлиётӣ то соли 2030 ба имзо расид. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Ҳукумати Русия хабар медиҳад.

 Дар хабар гуфта мешавад, ки навсозии фаъолонаи инфрасохтор, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта идома дорад, ки барои соҳибкорон имкониятҳои иловагӣ фароҳам меоранд, интиқоли борро суръат мебахшад, ба афзоиши гардиши мол, ошкор кардани иқтидори транзитии Иттиҳод кӯмак мерасонад.

Зикр гардид, ки барои такмили минтақаи савдои озоди молҳо ва хизматрасониҳо дар доираи ИДМ, афзоиши механизмҳои кооператсия ва ташаккули шароит барои фаъолияти тиҷорат, инчунин ташкили занҷирҳои ояндадори истеҳсолӣ ва технологӣ дар қаламрави ИДМ хатсайрҳои логистикӣ лозиманд.                                            

                                           ***

Рушди босуръати нақлиёти роҳи оҳан дар Чин барои  тараққиёти тамоми иқтисодиёти кишвар ангеза гардид. Тибқи омор, сармоягузорӣ ба фондҳои асосии роҳи оҳани Чин аз моҳи январ то апрел тақрибан 185 миллиард юанро ташкил дод. Ин назар ба соли гузашта 10,5 дарсад зиёд аст.