Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

МЕТРО ДАР ДУШАНБЕ. Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Куриё натоиҷи омӯзиши имкониятҳои марҳилаи аввали сохтмонро баррасӣ карданд

Санаи нашр: 24-05-2024 Просмотрено: 3084

22 майи соли 2024 дар меҳмонхонаи «Румӣ» - и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим мулоқоти васеи ҳайатҳои мутахассисони Тоҷикистону Куриёи Ҷанубӣ оид ба натиҷаҳои омӯзиши имкониятҳои марҳилаи аввали сохтмони метро дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

  Дар мулоқот инчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс  Саидзода, мутахассисони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, мушовири калони Бонки содироту воридоти Куриё Квон Бен Юн, муовини Сардори корпоратсияи «Роҳи оҳани миллии Куриё» Лим Чон Ил, роҳбари лоиҳа   Юн Чи Ман, профессори Донишгоҳи Вусони Куриё (Woosong University), намояндагони ширкати сохтмонии «Dahan Consultance»-и Куриё  иштирок карданд.  

Дар ҷараёни мулоқот коршиносони Тоҷикистону Куриё натиҷаҳои омӯзиши имкониятҳои марҳилаи аввали сохтмони метро дар шаҳри Душанберо баррасӣ карданд.

 Намояндагони корпоратсияи «Роҳи оҳани миллии Куриё», ки дар сохтмони метро таҷрубаи зиёд доранд, зикр карданд, ки Душанбе бо аҳолии беш аз 1,2 миллион нафар ба бунёди чунин роҳҳои бехатар, қулай ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ниёз дорад. Онҳо пешниҳод намуданд, ки метро  бо истифода аз системаи метрои баландсуръат (Light Rail Transit) сохта шавад.

Ҳамзамон ҷонибҳо ба идомаи марҳилаи навбатии лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе изҳори алоқамандӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки 14 марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корпоратсияи «Роҳи оҳани миллии Куриё» (Korean National Railway е Korea Railroad Corporation) дар ҳолати онлайн Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи метро дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Зери ин санад Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Раиси корпоратсияи «Роҳи оҳани миллии Куриё» Ким Хангёнг имзо гузоштанд.

Дар асоси ин санад мутахассисони ду кишвар дар давоми 11 моҳ ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқии сохтмони метро дар шаҳри Душанберо таҳлил ва таҳқиқ намуданд.

22 августи соли 2023 Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Куриёи Ҷанубӣ, ки бо номи «Эксимбонк»-и Кореяи Ҷанубӣ низ маъруф аст, ҷиҳати маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метрополитен дар Душанбе Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расониданд.

Санади мазкурро Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ва намояндаи  «Эксимбонк»-и Куриёи Ҷанубӣ Квон Биеонг-Юн имзо карданд.

Бонки Куриёи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллари ИМА пешниҳод мекунад. Намояндагони бонк розӣ шуданд, ки инчунин таҳияи муфассали лоиҳаро низ  маблағгузорӣ кунанд.

 Мавриди зикр аст, ки қаблан барои муҳокимаи саривақтии масъалаҳои сохтмони метро ҷонибҳо аз ҳисоби намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва корпоратсияи «Роҳи оҳани миллии Куриё» Гурӯҳи кории доимоамалкунанда таъсис дода буданд.

Дар доираи Гурӯҳи корӣ аллакай 17 вохӯрӣ, ба шумули вохӯрии  ду рӯзи пеш, баргузор гардид.