Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояӣти Мухтори Куҳистони Бадахшон мусобиқа оид ба футбол барои дарёфӣти Ҷоми Раиси вилоят баргузор гардид.
Дар ин ҳунарнамоӣ, ки хеле тезутанд ва шавқовар гузашт, дастаи Идораи нигоҳдории роҳҳои вилоят сазовори ҷои аввал ва Ҷоми Раиси вилоят шуд.
Ҷомро бо мукофоти пулӣ ба ғолибон 16 ноябр, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти ботантана Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот супорид.
Мо ҳамкасбони худро бо ин ғалаба табрику таҳният мегӯем ва таманнои онро дорем, ки ҳамеша сарбаланду комгор бошанд!