Кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳими нақлиёт ва логистикаро ҳамчун асос барои пешбурди тиҷорати байналмилалӣ, равнақи иқтисодиёт ва рушди устувор махсус таъкид карданд. Дар ин бора дар Изҳороти муштарак, ки имрӯз аз рӯи натиҷаҳои Нишасти аввалини вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа қабул шуд, сухан меравад.
Дар Нишаст, ки таҳти раёсати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Карабаев, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Маҳқамов ва Директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон Мамметхон Чакиев иштирок ва суханронӣ карданд.
Вазори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим вазирон ва ҳайатҳои кишварҳои минтақаро аз номи Ҳукумати Тоҷикистон шодбош гуфта, изҳор дошт, ки нахустин Вохӯрии вазирони нақлиёт, ки тибқи банди 12-и Харитаи Роҳ оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ барои солҳои 2022-2024, ки аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ шудааст, доир мешавад ва яке аз чорабиниҳои мувозӣ мебошад, ки Тоҷикистон дар доираи раисӣ дар маҷмуи Мулоқотҳои машваратии сарони Давлатҳои Осиеи Марказӣ баргузор менамояд.
Бино ба гуфтаи ӯ, робитаҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ташаккули гузаргоҳҳои транзитӣ яке аз мавзӯъҳои мубрами рушди устувор буда, ба тамоюлҳои асосии рушди иқтисоди ҷаҳонии муосир ба таври органикӣ мувофиқат мекунад.
“Рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ, ҳалли мушкилоти шуғл ва ғайра бевосита аз фаъолияти самараноки системаи нақлиётии ҳар як кишвар ва робитаи он бо ҳамсоягон вобаста аст. Системаи нақлиётии Осиёи Марказӣ аз ҷониби бисер муҳаққиқон ҳамчун унсури муҳими системаи байналмилалии нақлиёт арзебӣ мешавад”, - зикр намуд ӯ.
Вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа пешниҳодоти худро оид ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти заминӣ дар Осиеи Марказӣ иброз доштанд. Онҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамаи кишварҳои минтақа бо ҳам алоқаманданд ва дар посух ба хусусиятҳо ва чолишҳои замони муосир, онҳо бояд ҳамбастагӣ ва ҳамкориро тақвият бахшанд, барои ҳалли мушкилоти бамиёноянда талошҳои муштарак ба кор баранд.
Аз рӯи натиҷаҳои Нишаст вазирони нақлиёт оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика Эъломияи муштарак ба имзо расониданд. Ҷонибҳо нақши муҳими нақлиёт ва логистикаро ҳамчун заминаи наздикшавии кишварҳо, пешбурди тиҷорати байналмилалӣ, равнақи иқтисодиёт ва рушди устувор махсус таъкид намуданд.
"Ҷонибҳо аҳамияти ҳалли масъалаҳои ҷорӣ ва ба миёнояндаро бо мақсади нигоҳдорӣ ва рушди хизматрасониҳои нақлиётии интермодалӣ ва мултимодалии фаромарзӣ ва транзитӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин таҳким ва тавсеаи имкониятҳои занҷири таъминот барои кишварҳои минтақа тавассути долонҳои мултимодалиро зикр мекунанд", - омадааст дар Эъломия.
Дар он зарурати истифодаи васеи имкониятҳои хизматрасониҳои логистикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати таъмини ҳамбастагӣ дар соҳаи нақлиёт байни давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳо таъкид шудааст.
Дар робита ба ин, тавре ки дар Эъломия баён ёфтааст, кишварҳо "ҳамкориро бо истифода аз платформаҳои дуҷониба ва бисерҷониба, ки ҳадафи онҳо рушд ва такмил додани хатсайрҳои ҳамгирошудаи нақлиётӣ ва робитаҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо мебошад, тақвият хоҳанд дод. Ҷонибҳо имконоти гурӯҳҳои кории дуҷонибаро ҳамчун воситаи муҳими рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика дар минтақа афзоиш медиҳанд."
Аз ин лиҳоз, кишварҳои минтақа ният доранд, ки барои рушди хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъсиси анборҳо ва иқтидорҳои истеҳсолӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ байни давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳо шароити зарурӣ фароҳам оранд.
Дар Нишаст вазирон инчунин лоиҳаи Созишномаро "Дар бораи таҳкими равобити байниҳамдигарии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ" мувофиқа карданд. Интизор меравад, ки он дар доираи Мулоқоти панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор мегардад, имзо шавад.
Ҳадафҳои асосии Созишнома фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти заминӣ, таъмини муҳити рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла мултимодалӣ, содда кардани раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти заминӣ, рушди хизматрасониҳои муосири нақлиётӣ ва логистикӣ, татбиқ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла рақамикунонии ҳамлу нақли заминӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди амалияи истифодаи навъҳои экологии нақлиёт мебошад.
Қобили зикр аст, ки Нишасти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баррасии масъалаҳои марбут ба нақлиёт ва логистика ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи ҳамкорӣ фазои мусоид фароҳам оварда, иқтидори гурӯҳҳои кории дуҷонибаи нақлиётро ҳамчун воситаи муҳими рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика дар минтақа тақвият мебахшад.
Дар доираи Нишасти нахустин мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи вазирони нақлиёт низ баргузор мегардад. Меҳмонон бо фаъолияти корхонаи нақлиётии "Акия Авесто", муҷтамаи “Истиқлол”, НБО “Норак” ва сохтмони роҳи автомобилгарди "Душанбе – Бохтар" шинос мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Нишасти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони Давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, доир гардид.