17 июн тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ № 126 аз 28 марти соли 2023, қарори Шӯрои Гененералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дастури Вазири нақлиёти ҶТ гурӯҳи сеюми кӯдакону наврсон - фарзандони кормандони соҳаи нақлиёти кишвар барои истироҳату фароғат дар мавсими таътил ба лагерҳои тобистона фиристода шуданд.
Гуфтан ҷоиз ҳаст, ки ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Агентии суғуртаи иҷтимоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо барои кӯдакону наврасони аълохону лаёқатманд ва ятимону бепарасторон роҳхатҳои лагеру фароғатгоҳҳои бачагона харидорӣ карда мешаванд.
То ба имрӯз 92 нафар фарзандони кормандони соҳаи роҳу нақлиёт барои хушу босамар гузаронидани таътили тобистона ба лагеру истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ фаро гирифта шуданд.
Тибқи шартномаҳои дуҷониба, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, ки ташкилу сафарбаркунии наврасонро ба лагерҳо бар дӯш дорад, дар мавсими имсола бо лагери “Барқчиён” (“Энергетик”-и Вазорати энергетика ва зазираҳои оби ҶТ), лагери “ 20-солагии Истиқлолият”- и МИҲД вилояти Суғд ва минтақаи фароғатии ҶДММ “Шоҳин-БМТ”- и шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳамкорӣ менамояд.
Раёсат ва комиссияи доимиамалкунандаи ин Кумита аз омодагию шароити хуби лагерҳои зикршуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба соҳибмулкон, муассисону сарварон ва мураббияҳои меҳрубони лагерҳои мавсимӣ сипосу минатдорӣ изҳор намуда, ба кӯдакону наврасон - фарзандони кормандони хушбахти соҳа истироҳати шавқовару хотирмон таманно менамояд.