Хабарҳо

slider_img

«Ҷайка»-и Ҷопон дар нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон саҳм мегузорад

Санаи нашр: 30-05-2023 Просмотрено: 2930

30 майи  соли равон дар Вазорати нақлиёти ҶТ ҷаласаи навбатии  5- уми Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозӣ оид ба лоиҳаи Рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии пулҳо баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ “Ҷайка” («JICA»), кормандони идораҳои хоҷагии роҳҳо (ИХРА) ва муассисаҳои идоракунии роҳҳои минтақаҳо, мутахассиссони  Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» (ПЛИН)-и Вазорати нақлиёти ҶТ  ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ  ширкат намуданд.  

Дар ҷаласа муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Фаррух Неъматзода ва Роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имай Сэйдзу суханрони намуда,   барои роҳандозии  чунин семинари пурмуҳтаво изҳорӣ сипос намуданд.

 Ҳамзамон Фаррух Неъматзода  аз ҳамкории JICA бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  изҳори қаноатмандӣ намуд.

 Сипас Роҳбари гуруҳ Хироши Мита оид ба  корҳои анҷомдодашуда дар давоми 6 моҳ маълумот дод. Гуфта шуд, ки мутахссисон ин навбат бештар дар  минтақҳои Суғд ва Ҳисор семинару машваратро гузаронда,  роҷеъ ба тақвияти системаи идоракунии пул, беҳтар кардани потенсиали идоракунии пул ва тақвияти барномаи таълимии системаи рушди инсонӣ ва дигар масъалаҳо ба хозирин шарҳу тавзеҳ  пешниҳод намуданд.

  Дар семинару омӯзишҳо намояндагони идораҳои хоҷагии роҳҳои манотиқи Кӯлоб, Рашт ва ВМКБ низ иштироки фаъолона  намуданд.

Дар ҷаласа инчунин намояндагони Вазорати нақлиёти ҶТ, КВД ПЛИН ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ низ суханронӣ намуданд.

Бояд  тазаккур дод, ки дар муддати 20 рӯз 19 нафар мутахассисони соҳа аз Вазорани нақлиёт,  идораю муассисаҳои тобеи вазорат, КВД  ПЛИН ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои иштирок дар семинар-омӯзишҳо аз ҷониби JICA сафарбар шуда буданд.    Коршиносони Ҷопон  иттилоъ доданд, ки тибқи дархости Вазорати нақлиёт  чунин семинарҳои омӯзишӣ дар се минтақаи дигар - Рашт, Кӯлоб ва Бадахшон низ ба роҳ монда мешавад.

Инчунин зикр гардид, ки моҳи августи соли равон 11 нафар мутахассисони соҳа барои иштирок дар тренингҳо ба Ҷопон  сафар холҳанд намуд.