26 маи соли равон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар рафти сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо ҷараёни корҳои таҷдиди қитъаи “Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон” дар роҳи байналмилалии автомобилгарди “Душанбе - Қулма” шинос шуд.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди сатҳи байналмилалии «Душанбе-Кулма» дар қитъаи «Дарвоз -Ванҷ» то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз ёфта, давоми нуҳ моҳ роҳсозон мавзеъҳои мушкилтарини ин масирро тахту ҳамвор намуда, ба ҳудуди қитъаи 4-ум ва 5-уми лоиҳа дохил шуданд.
Мавриди зикр аст, ки қитъаи «Дарвоз-Ванҷ-даромадгоҳи Рӯшон» яке аз хатарноктарин қисмати роҳи байналмилалии автомобилгарди «Душанбе - Қулма» ба ҳисоб рафта, ронандагону мусофирони мошинҳои мусофирбару боркаш бо мушкили зиёде ин масирро тай мекунанд. Давоми чанд моҳи охир роҳсозон ба сардии ҳаво ва боронгариҳои пай дар пай нигоҳ накарда, корҳоро дар қитъаҳои хатарнок идома медиҳанд. Дарозии ин қитъа ҳарчанд 107 километ ҳам бошад, ронандагон ин масофаро ба иллати сангрезиву селфуроӣ бо мушкилоти зиёд тай менамуданд.
Корҳои лоиҳакаширо дар ин қисмати роҳ мутахассисони КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”- и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» анҷом додаанд.
Дар айни ҳол дар масофаи 40-километраи ин роҳ сохтмони 6 пули мошингузар, як долони зиддитармавӣ, 3 девори ҳимоявӣ, 66 новаи кушодаи селпарто ва чароғонкунии деҳаҳои аҳолинишин дар назар аст ва иҷрои ин корҳо бар уҳдаи ширкати чинии зерпудратчии «Сензиан Бейсин» гузошта шудааст.
Шуруъ аз километри 580-уми деҳаи Дашти Язгулом ҶДММ «Аҳмадиён» бо истифода аз техникаи пуриқтидори роҳсозӣ ба тахту ҳамкоркунии қитъаҳои душворгузари роҳ машғул мебошад. Гурӯҳи дигари роҳсозон корҳои хоккании пойдевори роҳро анҷом медиҳанд.
Корҳои навсозӣ дар қитъаҳои алоҳидаи ҳудуди ноҳияи Ванҷ тибқи лоиҳа пеш меравад. Роҳсозон қуллаи кӯҳро тавассути экскаватори дорои болғаи гидравликӣ ба замин ҳамвор мекунанд, то дар оянда лағзиши кӯҳпора, сангу хокро, ки боиси хароб ва басташавии роҳ мегардад, комилан аз байн баранд.
Дар мавзеи Хумроғӣ аз километри 73 -3 00 то 73 - 500 корҳои заминканӣ аз моҳи июни соли гузашта шуруъ шуда буд ва коргарону мутахассисони ҶДММ «Сохтмон ва тиҷорат» бо истифода аз 10 адад таҳизоту техникаи пуриқтидор корҳои роҳсозиро мутобиқи нақша ва талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ пеш мебаранд.
Дар мавзеи Сурхсангоби ноҳияи Ванҷ алакай шаҳраки роҳсозон бунёд гардида, корхонаи истеҳсоли сангу шағал сохта шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки фармоишгари татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи «Қалъаихумб-Ванҷ-Рӯшон» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози лоиҳа - Маркази тадбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ» ва паймонкори асосии лоиҳа - ширкати чинии «Чайна роуд бришин корпарейшин» мебошанд. Маблағгузории лоиҳаи роҳи байналмилалии «Душанбе-Қулма», дар қитъаи «Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон» кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин аст, ки хароҷоти лоиҳавии он 2,5 миллард сомониро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки санги асоси ин қисмати роҳи байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 сентябри соли 2021 гузошта шуд. Қитъаи мазкур кӯтоҳтарин масири роҳ то шоҳроҳи Қарокарум ва бандари Карочӣ мебошад. Роҳи мазкур барои тамоми кишварҳои минтақа аз лиҳози иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ манфиатовар аст. Яке аз натиҷаҳои асосии ин лоиҳа ҳаракати пайваста ва бемамонияти нақлиёти автомобилӣ дар масири Афғонистону Чин аз як тараф ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар дурнамои васеъ хоҳад буд.
Роҳсозон бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани роҳи мазкур аз мехнизму техникаи пуриқтидори замонавӣ самаранок истифода мебаранд ва талош меварзанд, ки роҳи пурхавфу душворгузарро ба ҷодаи тахту ҳамвор табдил диҳанд.
Бино ба гуфтаи мутахассисон, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи 3-юми техникӣ дохил мешавад. Ин роҳи сохташаванда аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии стандартии роҳ 12 метрро ташкил медиҳад.