Масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Тоҷикистон Рейнис Трокша, ки 2 майи соли равон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири нақлиёт аз ҳамкориҳо ва муносибатҳои дустонаи ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба имконятҳои нақлиётиву транзитии Тоқикстон, сохтмону таҷдиди роҳҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ба таври фишурда маълумот дод ва зикр намуд, ки барои беҳтару босифат ба роҳ мондани ҳамлу нақли байналимлалии бору мусофирон бунёди марказҳои логистикӣ зарур аст. Дар ин самт Муассисаи давлатии (МД) “Нақлиёти автмомбилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёт кор мебарад. Ба ҷуз ин, Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) “Рақамикунонии соҳаи нақлиёт” таъсис дода шуд, ки он фаъолияти худро аз рӯи 27 модул ба роҳ мондааст. Дар ҳоли ҳозир масъалаи рақамикунонии роҳхату борхатҳои воситаҳои нақлиёт қариб роҳи ҳалли худро ёфтааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳамчунин аз имконоти дигари ҳамлу нақл тавассути Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ва аз он ҷо ба бандарҳои баҳрӣ ҳарф зада, аз ҷумла гуфт: “Мо ҳамлу нақли мултимодалии борро аз Чин тавассути Тоҷикистон ба Узбекистон ва аз он ҷо ба Туркманистон, Эрон ва Туркия ташкил кардаем, ки дар ин масир вақту маблағи камтар сарф мегардад. Ин барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон имкони бештар фароҳам меорад.”.
Вазири нақлиёти кишвар аз кам датстрас гардидани иҷозатномаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ (дозвол) аз Латвия изҳори нигаронӣ карда, зикр намуд, ки афзун намудани шумораи иҷозатномаҳо аз ин кишвар ба Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд. Зеро, ба гуфти Вазири нақлиёти Тоҷикистон, талабот нисбати интиқоли борҳо ба ин кишвар зиёд аст.
Сафири Латвия ҷаноби Рейнис Трокша низ қаноатмандии худро аз ҳамкориҳо ва муносиботи дӯстонаи миёни ду кишвар баён намуда, пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистонро пазируфт. Мавсуф сабаби кам дастрас гардидани иҷозатномаҳоро аз Латвия ба манъ будани интиқоли бор тавассути Федератсияи Русия аз Латвия рабт дод. Дар навбати худ, Рейнис Трокша ҷиҳати идома ва тақвияти бештари ҳамкориҳо омодагии ҷониби Латваро баён дошт.
Хотиррасон мешавем, ки айни замон Тоҷикистон ва Латвияро муносибатҳои иқтисодӣ бо ҳам мепайванданд. Ин муносибатҳо бар асоси шартномаи байни ду кишвар, ки 11 июли соли 2009 дар Душанбе ба имзо расида, 28 ноябри ҳамон сол эътибор пайдо карда буд, танзим карда мешаванд. Санади мазкур ҳамкорӣ дар саноат, мубодилаи технология ва инноватсия дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш, нақлиёт, омор ва дигар соҳаҳо пешбинӣ мекунад.