Хабарҳо

Blog

ТИК - ВОСИТАИ АСОСИИ НАВСОЗӢ. Дар Вазорати нақлиёт бо намояндагони USAID оид ба рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт мулоқот доир гардид

Санаи нашр: 02-05-2023 Просмотрено: 2932

Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) дар айни замон воситаи асосии навсозӣ дар соҳаи нақлиёт мебошанд. Дар ин бора дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Директори  Намонядагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Питер Райли,   2 май баргузор гардид, таъкид гардид.

 

"Тавре маълум аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакати мо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд"-  гуфт Азим Иброҳим. - Аз ин рӯ, ҳанӯз 20 сол пеш бо фармони худ Сарвари давлат Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро тасдиқ намуда буданд.

 Бино ба суханони Вазири нақлиёти ҶТ, системаҳои муосири иттилоотӣ  тавассути ТИК имкон медиҳанд, ки барои ҳамаи иштирокчиёни ҳамкорӣ фазои ягонаи иттилоотӣ фароҳам оварда шавад. "Дар айни замон меъмории 26 модули системаи оянда таҳия шудааст ва ман шодам, ки USAID яке аз аввалин шарикони мо буд, ки кӯшишҳои Вазоратродар самти  рақамисозиро дастгирӣ кард", - гуфт ӯ.

 Азим Иброҳим  ҳамчунин хабар дод, ки ба туфайли  ҳамкории самарабахши  Вазорат ва USAID  системаи электронӣ таҳия шудааст, ки шаффофият ва самаранокии раванди додани иҷозатномаҳоро барои ҳамлу нақли автомобилӣ баланд мебардорад. Система равандҳои тиҷоратиро автоматӣ мекунад, суръати қабули қарорҳоро беҳтар  месозад ва инчунин дастрасии иттилоотро барои интиқолдиҳандагон нисбат ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои иҷозатдодашуда дар портали берунии система беҳтар  мегардонад.

Вазорат барои дастгирӣ дар ташкили конфронси байналмилалиӣ оид ба логистика  моҳи октябри соли гузашта ва дастгирии  сафари ҳайати Вазорат ба Қазоқистон барои омӯзиши ташаббусҳо дар самти  рақамикунонӣ ва муҳокимаи ҳамкориҳои оянда миннатдорӣ баён  намуд.  Натиҷаи ин сафар  чанд соҳае хоҳад  буд, ки дар онҳо ҳарду кишвар метавонанд ҳамкорӣ кунанд, аз ҷумла ҳамгироии системаҳои электронӣ дар соҳаҳое, ба монанди додани иҷозатномаҳои махсус, шаҳодатномаҳои тарозу ва системаҳои навбат дар марзҳо ва ғайра.

 Дар  мулоқот  зикр карда шуд, ки Вазорати нақлиёт ният дорад  нуқтаҳои убури сарҳадро  барои додани иҷозатномаҳо ва назорати риояи талабот истифода барад. Ин метавонад самаранокии тиҷорати фаромарзиро ба таври назаррас афзоиш диҳад.

Питер Райли гуфт, Намояндагии  USAID пешниҳоди Вазорати нақлиёти Тоҷикистонро дар бораи беҳтар кардани инфрасохтори IT дар нуқтаҳои назоратию иҷозаитдиҳӣ баррасӣ хоҳад кард.