4 май дар ноҳияи Файзобод бо ташаббуси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои кишвар таҳти унвони "Соли 2023 – Соли ҳифзи меҳнат" ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он зиёда аз дусад нафар – мутахассисони соҳаи бехатарии меҳнат, намояндагони иттифоқҳои касабаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, роҳбарият ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.
Ҳамоишро Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои ҶТ Нуринисо Бобоева ва муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Фаррух Неъматзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро шодбош гуфтанд.
Сипас дар бораи нақши иттифоқҳои касаба дар замони муосир, аз ҷумла дар самти ҳифзи меҳнат Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар назди ҷамъомадагон суханронӣ кард. Вай зикр намуд, ки соли 2003 Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнатро таъсис дод, ки минбаъд ҳамасола 28 апрел ҷашн гирифта мешавад. Имсол ин рӯз бо шиори " Бехатарӣ ва муҳити солими корӣ ҳамчун принсипи асосӣ ва ҳуқуқ дар соҳаи меҳнат” таҷлил карда шуд.
Дар робита ба ин, Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо қарори худ аз 06.01.2023, № 11/2, соли 2023-ро Соли ҳифзи меҳнат эълон кард.
Ба гуфтаи Маликшо Неъматзода, ин имкон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи корфармоён ба мушкилот, аз қабили садамаҳои корӣ ва бемориҳои касбӣ, инчунин бехатарии меҳнат ва сарнавишти одамоне, ки дар истеҳсолот осеб дидаанд, боз ҳам бештар ҷалб карда шавад.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили мамлакат тазаккур дод, ки кормандони соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳ, ки асосан дар Вазорати нақлиёт, инчунин дар сохторҳои ГУП "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ фаъолият мекунанд ва аъзои иттифоқҳои касаба мебошанд, на танҳо дар рушди иқтисодиёти кишвари мо, балки дар ташкили заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилӣ, беҳтар ва такмили низоми қонунгузории соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳ нақши муҳим доранд.
Дар ҳамоиш зикр карда шуд, ки Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои ҷумҳурӣ оид ба ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зеҳнии кормандони меҳнат корҳои муайян анҷом додааст.
Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои марбута ҷиҳати фаъолгардонии фаъолият ва амалӣ намудани нақшаҳои дарпешистода тадбирҳои мақсаднок меандешанд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттифоқҳои касаба" ва тибқи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ба тартибу муҳлати бастани шартномаҳои меҳнатӣ, беҳтар намудани шароити кору зиндагии аъзоёни иттифоқи касаба ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии онҳо саъю кӯшиш ба харҷ дода мешавад.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор аъзоёни фаъоли иттифоқҳои касабаи соҳа бо мукофотҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ба таваҷҷуҳи иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо айни замон 5 кумитаи вилоятӣ ва минтақавӣ, як кумитаи муттаҳид ва 182 ташкилоти иттифоқҳои касабаро дар бар мегирад. То 1 январи соли 2022 шумораи аъзоёни иттифоқи касабаи соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои кишвар 7821 нафарро ташкил медиҳад.