Дар робита ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом пеша карда шуд, ки дар масири роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тозакунии шафати роҳҳо ва ниҳолшинониро баргузор намояд.
Бо ин мақсад бо иштироки кормандони соҳаи нақлиёти кишвар, яъне кормандони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии вазири нақлиёт Азим Иброҳим 4 март шанбегии навбатӣ ва ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд. Роҳдорони кишвар, дар ҳамкорӣ бо ризокорони Кумитаи ҳифзи муҳити зист поккории роҳ ва шафати он аз ашёи пластикӣ ва партовҳо, тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар ва дар баъзе манотиқ шинонидани ниҳолҳои арчаро анҷом доданд.
Дар ин маъракаи умумисоҳавӣ дар минтақаҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо корманди соҳаи роҳдорӣ иштирок карда, аз соати 8-00 то бегоҳирӯзӣ поккорӣ ва ниҳолшинониро идома доданд. Ин амал дар масири роҳҳои байналмилалии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон ва Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб ва дар ҳудуди шаҳри Норак анҷом дода шуданд. Дар ин маърака садҳо бех ниҳоли арча шинонида шуданд.
Ҳамчунин, кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат ва корхонаҳои дар бинои он ҷойгирбуда ба тозакунии гирду атроф ва ниҳолшинонӣ дар атрофи бино машғул буданд. Ин амал аввалу охир набуда, минбаъд ҳам идома хоҳад ёфт.