Хабарҳо

Blog

Мулоқоти Вазири нақлиёт бо муовини Раиси Ҳукумати Россия

Санаи нашр: 03-03-2023 Просмотрено: 1901

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистн Азим Иброҳим  2 марти соли равон бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Шакирзянович Хуснуллин, ки дар доираи баргузории Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Россия ба Душанбе ташриф овард мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои  Тоҷикистону Россия дар соҳаи нақлиёт мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо масоили таъсиси марказҳои логистикӣ, таъсиси “долони сабз” барои интиқоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, зиёд намудани теъдоди рухсатномаҳои навъи аз\ба давлати сеюм байни Тоҷикистону Россия ва соддагардонии расмиёти раванди ҳамлу нақли байналмиллалии бору мусофирро баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки масоили марбута дар доираи гуруҳои корӣ муҳокима ва оид ба ҳалли онҳо таклифҳо пешниҳод мегарданд.   

Мавриди зикр аст, ки қисмати асосии Конфронс болозикр бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин доир гардида ба рушди имконоти фарохи ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Россия мусоидат менамояд.

Пеш аз оғози қисми расмии конфронс дар бахшҳои нақлиёт, саноат, энергетика ва ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ, маориф ва илм ва  ҳамкории байнишаҳрӣ панелҳои алоҳида оғоз шуда, ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима намуданд.