Ҳамкасбони азиз, кормандони шарафманди маҷмааи нақлиёту роҳ!
Мо 5 октябр Рӯзи забони давлатиро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошад, таҷлил мекунем ва аз ин хотир, ҳамаи Шуморо самимона табрик гуфта, барои ҳар кадоматон таманно мекунам, ки дар фазои озоду ороми кишвар ба сар бареду посдори ин гавҳари ҳастии миллат бошед.
Дар давлатдории ҳар қавму миллат забони миллӣ мисли шаҳсутун дар сохтмони бинои маънавии давлат шинохта шуда, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, афкори миллатро мисли ойина дар худ инъикос мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро ҳастии миллат арзёбӣ намуда, чунин гуфтаанд: «Ҳастии забон гарави ҳастии миллат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, замонати бақои фарҳангу тамаддуни он мебошад, зеро кулли ганҷинаи илмиву адабӣ ва фарҳангии миллат, пеш аз ҳама, ба василаи забон ҳифз мегардад».
Аз ин хотир, забони тоҷикӣ барои худшиносии миллӣ рукни асосӣ маҳсуб ёфта, барои ҳар як тоҷик азизу муътабар мебошад. Танҳо ба василаи забони миллӣ мо таъриху фарҳангро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос карда метавонем.
Мо нисбат ба забон бояд пайваста ғамхорӣ дошта бошем, барои рушди минбаъдаи он ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин забони ширину гуворову шоирона мунтазам саъю талош намоем.
Дар акси ҳол, забони миллӣ зери таъсири омилҳои гуногуни манфӣ метавонад мавриди ҳуҷуми унсурҳои бегона қарор гирифта, меъёрҳои адабии он халалдор гарданд ва забон ҷойгоҳи аслии худро дар ҷомеа аз даст диҳад. Ҳамин гуна вазъи ногувор ба сари забони мо қабл аз ноил гардидан ба истиқлоли давлатӣ омада буд. Роҳи ягонаи наҷоти забони тоҷикӣ ба маснади давлатӣ нишонидани он буд.
Аз ин хотир, бо ташаббусу ҳидоятҳои Сарвари хирадманди давлатамон забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар чун забони расмии кишвар пойдор гардид ва давлат забонро дар паноҳи сиёсии худ қарор дод. Забони тоҷикӣ дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон гардид ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Ҳамин тавр баъди ба тасвиб расидани қонуни нав аз 5 октябри соли 2009, таҳти №553 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд, ки ин қадами ҷиддӣ барои баланд кардани устувории забонӣ тоҷикӣ асоси қонунӣ пайдо кард.
Минбаъд барои пешрафти забони давлатӣ ва густариши доираи истифодаи он шароити мусоид фароҳам омада, тамоми монеаву маҳдудиятҳои сунъӣ, ки дар замони то Истиқлоли давлатӣ мавҷуд буданд, бартараф карда шуданд ва забони модарии мо ба шоҳроҳи тараққиёти озодона ворид гардид.
Акнун бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат муваффақона ва бомаром идома дорад.
Имрӯз масъалаҳои коргузорӣ, хусусан, мукотиба дар байни мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин, забони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори умум, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра ба забони давлатӣ таъмин гардидааст ва кор дар ин самт ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.
Мо ифтихор дорем, ки забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромада, имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад.
Бо ин забон на танҳо адабиёти оламшумули беш аз ҳазорсола офарида шудааст, балки аз ҷониби донишмандони бузурги мо асарҳои пурарзиш дар самтҳои мухталифи илмӣ таълиф ёфтаанд, ки ба пешрафти минбаъдаи илмҳои табииву дақиқ дар ҷаҳон мусоидат намудаанд. Ба ибораи дигар, забони тоҷикӣ аз даврони қадим на танҳо забони фарҳангу адаб, балки забони илм, аз ҷумла илмҳои дақиқу табиӣ низ ба шумор меравад.
Эҳтирому бузургдошти забони модарӣ бо риояи меъёрҳои забони адабӣ ва одоби муошират вобастагии зич дорад.
Аз ин лиҳоз, мо ба фарҳанги суханварӣ ва тарзи баёни хоси ин забони ширин бояд пайваста таваҷҷуҳ зоҳир намоему забони равону шевои тоҷикиро аз ҳар гуна олоишҳои бегонаву нозарур эмин нигоҳ дорем.
Моро зарур аст, ки аз ин неъмати бебаҳои маънавӣ ҳарчи бештар баҳра бардошта, барои саҳеҳу бехато навиштан ва бо забони давлатӣ муошират кардан кӯшиш намоем.
Бори дигар ҳамаи умо ва аҳли хонадонатонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, бароятон саодатмандиву осудагии рӯзгор ва дар роҳи ҳифзу рушди ин забони ширину шево комёбиҳо таманно менамоям.
Иди забони давлатӣ, муборак!