20 октябри соли 2026 дар Душанбе таҳти раесати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид.
Ҷиҳати иштирок дар ҷаласа сарвазирон ва намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия ва Узбекистон дар Душанбе ҷамъ омаданд.
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин, Сарвазири Беларус Александр Турчин, Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Тсян, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов, Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов, муовини аввали Раиси Девони вазирони Қирғизистон Дониёр Амонгелдиев дар қатори ширкаткунандагон буданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбоев, Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии диддитеррористии СҲШ Уларбек Шаршеев, муовини аввали Сарвазир, Вазири рушди иқтисоди Муғулистон Жадамбин Энхбаяр, муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Хоҷамурод Келдимуродов, Раиси шӯрои тиҷоратии СҲШ Темир Сариев ва Раиси Шӯрои иттиҳодияи байнибонкии СҲШ Уланбек Ногаев иштирок намуданд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, як рӯз пеш, 19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот карданд. Ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба таҳкиму густариши ҳамкорӣ бо Чин аҳамияти хоса медиҳад. Ли Тсян дар навбати худ омодагии Чинро барои дастгирии рушди Тоҷикистон ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки афзалиятнок изҳор дошт.
Ҷонибҳо ба лоиҳаҳои нав дар саноат, энергетика, нақлиёт, инфрасохтор ва кишоварзӣ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва тайёр кардани кадрҳо диққати махсус доданд.
Худи ҳамон рӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф баргузор гардид. Дар он рушди муносибатҳои дуҷониба муҳокима карда шуд ва ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар байни афзалиятҳо тавсеаи тиҷорат, ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ номбар карда шуд.
Тоҷикистон ва Эронро муносибатҳои таърихӣ, забонӣ ва фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд. Солҳои охир ҷонибҳо кӯшиш мекунанд, ки робитаҳои иқтисодиро, аз ҷумла тавассути рушди хатсайрҳои нақлиётӣ ва кооператсияи саноатӣ васеъ намоянд.
Барои Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Эрон аз нуқтаи назари дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ ва тавсеаи имкониятҳои тиҷоратӣ берун аз Осиёи Марказӣ муҳим аст. Эрон Тоҷикистонро шарики худ дар минтақа ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҳамгироӣ, аз ҷумла СҲШ медонад.
20 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви СҲШ мулоқот карданд. Сарвари давлати мо нақши СҲШ-ро дар рушди муколама ва ҳамкории мутақобилан судманд таъкид намуда, манфиати Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот ва эътимод дар минтақа арзёбӣ намуданд.
Дар байни афзалиятҳои ҳамкорӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, рушди робитаҳои нақлиётӣ, кооператсияи саноатӣ, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои «сабз», инчунин таҳкими амнияти энергетикӣ ва озуқавориро ном бурданд.
20 октябр таҳти раёсати Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд.
«Дар ҳашт моҳи соли 2026 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва ишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ба 6,3 миллиард доллар расид», – гуфт Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ ва илова намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 32 фоиз афзудааст, ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ бо кишварҳои узви созмон беш аз 70 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар заминаи 25-солагии таъсиси Созмон баррасӣ шуданд Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи созишномаҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмон 1 сентябр дар Бишкек ба даст оварда шуданд, инчунин татбиқи Стратегияи рушди СҲШ то соли 2035 равона карда шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа якчанд ташаббусҳои мушаххасро дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ карданд, аз ҷумла:
ТАШКИЛИ ПЛАТФОРМАИ ЯГОНАИ РАҚАМӢ. Истифодаи он ҷиҳати идоракунии ҳамлу нақли мултимодалии (яъне бо иштироки намудҳои гуногуни нақлиёт: роҳҳои оҳан, автомобилгард) борҳои заминӣ пешбинӣ мешавад. Ҳадаф содда гардонидан ва суръат бахшидани логистика дар дохили Созмон аст.
РУШДИ ҲАМЛУ НАҚЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РОҲИ ОҲАН. Ташаббуси мусоидат ба рушди босифат ва устувори ин намуди нақлиёт байни кишварҳои СҲШ тасдиқ карда шуд.
Ин қарорҳо як қисми татбиқи созишномаҳое ҳастанд, ки дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек 1 сентябри соли 2026 ва инчунин дар доираи татбиқи Стратегияи рушди СҲШ то соли 2035 ба даст оварда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки мавзӯи нақлиёт ва логистика аллакай дар ҳамоиши бузурги қаблӣ — ҷаласаи 25-уми Шӯрои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои СҲШ дар Бишкек (31 август – 1 сентябри соли 2026) садо дода буд, ки дар он, аз ҷумла, Нақшаи амал (Харитаи роҳ) оид ба рушди бандарҳо ва марказҳои логистикӣ барои солҳои 2026-2030 ба имзо расид.
Дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) дар Душанбе ҳамзамон Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи СҲШ» роҳандозӣ гардид. Дар он иқтидори кишварҳои иштирокчӣ дар соҳаи нақлиёт, логистика, автомобилсозӣ, инчунин қарорҳои муосири логистикӣ ва лоиҳаҳои рушди инфрасохтор пешниҳод карда шуд.
Дар доираи ҷаласа инчунин мизи мудаввар оид ба масъалаҳои инфрасохтори нақлиётӣ дар формати ВКС (видеоконфронс) доир гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа иштирокчиёни он Баёнияи муштарак қабул карданд, ки дар он қарорҳои қабулшуда инъикос гардидаанд. Дар он иштирокчиён самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаро, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, рушди долонҳоли нақлиётӣ, инфрасохтори рақамӣ ва механизмҳои молиявӣ дар қаламрави кишварҳои Созмон муайян карданд.
Қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и СҲШ дар Узбекистон баргузор шавад.
(Бо истифода аз хабарҳои www.President.tj)