8-9 октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон бо сафари корӣ ба Туркманистон ташриф оварданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар минтақаи миллии сайёҳии (ММС) «Аваза»-и Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ дар мулоқот Сарвари давлати мо қабл аз ҳама ба муҳтарам Сардор Бердимуҳаммадов барои меҳмоннавозӣ ва сатҳи баланди ташкили ҳамоиш изҳори сипос намуда, Туркманистони дӯстро бо раёсати муваффақ дар мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон табрик гуфтанд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба иқтидори назарраси Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ҷиҳати гузариш ба ҳамкориҳои зичтари иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ таъкид намуданд.
Ба гуфтаи Сарвари давлати мо, солҳои охир дар Тоҷикистон имкониятҳои нақлиётиву транзитӣ ба туфайли сохтмон ва навсозии роҳҳои автомобилгард, пулҳо ва роҳи оҳан хеле васеъ гардидаанд.
Таъкид гардид, ки бояд ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи хизматрасонӣ, фаъолгардонии лоиҳаҳои муштараки истеҳсолию содиротӣ, таҳкими устувории занҷираҳои минтақавии таъминот, инчунин табодули таҷриба оид ба мутобиқсозии маҳсулот ба талаботи экологӣ ва техникии бозорҳои хориҷӣ диққати махсус дода шавад.
Сарвари давлати мо аҳамияти таҳия ва татбиқи лоиҳаи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафтро дар заминаи технологияҳои навтарин бо дарназардошти қонеъ сохтани талаботи тамоми минтақа таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки барои таҳкими робитаҳои нақлиётии минтақа рушди минбаъдаи хатсайрҳои мултимодалӣ, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро бо дигар минтақаҳои ҷаҳон мепайванданд, аҳамияти калон дорад.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки барои рафъи монеаҳои маъмурӣ, инфрасохторӣ ва ташкилӣ, содда кардани расмиёт ва рақамисозии нақлиёт самаранок бояд кор кард.
Дар идомаи мавзӯи дигаргунсозии рақамӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти Маркази минтақавии зеҳни сунъиро, ки дар Душанбе таъсис дода мешавад, зикр карда, ҳамзамон изҳори итминон намуданд, ки фаъолияти ин Марказ имкон медиҳад иқтидори инноватсионии кишварҳои минтақа муттаҳид карда, ба ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ суръат бахшида шавад.
9 октябр дар ММС «Аваза»-и Туркманистон ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Ғайр аз Президенти Туркманистон, дар ҷаласа президентҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Сарвазири Арманистон иштирок карданд. Дар ин ҳамоиш бори аввал Президенти Эрон низ ширкат варзид.
Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо бо ишора ба рамзияти махсуси ҷаласаи кунунии Шӯрои сарони давлатҳо, ки зери нишони 35-солагии таъсисёбии ИДМ баргузор мегардад, иброз доштанд, ки роҳи тайкардаи ин солҳо зарурияти Иттиҳодро ҳамчун майдони муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои иқтисодӣ ва башардӯстона, инчунин вокуниши муштарак ба хатарҳо ва чолишҳои амниятӣ тасдиқ кардааст.
Идомаи кор оид ба рушди робитаҳои нақлиётӣ, диққати доимӣ ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният муҳим дониста шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълони Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ моҳи июни соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро бахшида ба ифтитоҳи расмии Даҳсола баргузор мекунад. Дар баробари ин, Сарвари давлати мо зикр намуданд, ки иштироки фаъолонаи кишварҳои ИДМ дар ин ҳамоиш, инчунин дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, бешубҳа, боз як зуҳуроти ҳамбастагии умумии кишварҳои иштирокчии Иттиҳод хоҳад буд.
Дар ҷаласаи Шӯроисарони давлатҳои ИДМ 15 ҳуҷҷат қабул карда шуд, аз ҷумла:
– Изҳороти сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ дар робита ба 35-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
– Қарор дар бораи Соли рушди иҷтимоӣ ва сифати зиндагӣ эълон намудани соли 2028;
– Қарор дар бораи Соли алоқаи нақлиётии ИДМ эълон кардани соли 2029;
– Қарор дар бораи гузаронидани Барӯйхатгирии аҳолии даври соли 2030;
– Қарор дар бораи ба Ҷумҳурии Узбекистон вогузор намудани раёсат дар ИДМ дар соли 2027.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ 8-9 октябри соли 2027 дар шаҳри Бухоро баргузор мешавад.