Хабарҳо

slider_img
slider_img

Вазири нақлиёт бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон мулоқот кард

Санаи нашр: 10-10-2026 Просмотрено: 3806

9 октябри соли 2026 мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон, хонум Кейко Фурута, баргузор гардид.

Ҷонибҳо вазъи кунунии робитаҳои ду кишварро дар соҳаи роҳу нақлиёт ва дурнамои ҳамкориҳоро дар ин самт муҳокима намуданд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ва Ҷопон, ҳамчун ду кишвари дӯст, ҳамкории судмандро дар соҳаҳои гуногун, бахусус дар соҳаи роҳу нақлиёт, ба роҳ мондаанд. Дар тӯли чоряк аср бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 лоиҳаи хурду бузург амалӣ гардидааст, ки аз ҷумла 12 лоиҳа тавассути Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) оид ба сохтмон ва ташхиси техникии роҳу пулҳо, харидории техникаи нигоҳдории роҳҳо ва пешниҳоди бурсияҳои омӯзишӣ барои кормандони соҳа амалӣ шудаанд.

Яке аз масъалаҳое, ки Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Сафири Ҷопон дар ҷараёни мулоқот баррасӣ намуданд, лоиҳаи сохтмони пули нав аз болои дарёи Кофарниҳон дар километри 19+800-и роҳи автомобилгарди «Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Қулма» буд. Лоиҳа бо дастгирии молиявии JICA татбиқ карда мешавад. Айни замон асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкати муҳандисию машваратии ҷопонии «СиТиАйИ» (CTII) дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

«Новобаста аз он ки пули мазкур дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қарор дорад, шумораи хатҳои ҳаракат ва ҳолати техникии он ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нестанд», — иброз дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим. «Азбаски пул дар роҳи автомобилгарди байналмилалӣ ҷойгир аст, ҳарчи зудтар оғоз намудани лоиҳакашӣ ва сохтмони он ба манфиати ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои дигари минтақа хоҳад буд».

Сафири Ҷопон Кейко Фурута зикр намуд, ки ҷониби Ҷопон низ ба татбиқи ин лоиҳа ҳавасманд буда, онро марҳила ба марҳила амалӣ намуданӣ аст.

Ҷонибҳо натиҷаҳои фаъолияти худро дар ин самт мусбат арзёбӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва табодули назари созанда сурат гирифт.