Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 09-10-2026 Просмотрено: 2795

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ба 9 сентябри соли 2031 таъин шуд. Ҳукумати мамлакат вазифадор шудааст, ки дар давоми шаш моҳ нақшаи чорабиниҳои идонаро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд. Фармони дахлдорро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо карданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Ҳуҷҷат ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифз ва тавсеаи арзишҳои миллӣ,   таъмини рушди устувори ҷомеа равона шудааст.

Тибқи фармон, ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни 40-солагии Истиқлолият тасдиқ карда шуд.

Дар шарҳи ҳуҷҷат зикр карда мешавад, ки масъалаҳои худшиносии миллӣ, эҳтиром ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла истиқлолият ва озодӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян карда шудаанд. Ба идомаи корҳои созанда, рушди кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, инчунин таъмини шароити сулҳу субот диққати махсус дода мешавад.                                                    

***

Дар шаҳри Бохтар камераҳо ба сабти вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ шурӯъ мекунанд. Аз 5 октябри соли 2026 дар ҳудуди шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, лоиҳаи «Неру» ба кор шурӯъ кард, ки дар доираи он камераҳои назорати видеоӣ ва радарҳо вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар  роҳро ба таври худкор сабт мекунанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Бохтар хабар медиҳад.

Бино ба гузоришҳо, камераҳо ва радарҳои дар кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳр насбшуда вайронкунии гуногуни қоидаҳои ҳаракатро сабт хоҳанд кард. Аз ҷумла, аз ҳад зиёд кардани суръати муқарраршуда, ҳаракат ҳангоми сигнали манъкунандаи светофор ва инчунин таваққкфгоҳи нодуруст бояд ба таври худкор сабт карда шаванд.

 Дар робита ба оғози кори лоиҳа, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ даъват карда шуданд, ки қоидаҳои ҳаракатро  қатъиян риоя кунанд. Ин барои пешгирии нақзи қоидаҳо ва садамаҳои нақлиётӣ зарур аст.

***

Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) парвози ҳавопаймоҳоро густариш медиҳанд. 1 октябр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи тасдиқи созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва  АМА дар бораи алоқаи ҳавоӣ баррасӣ шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Созишнома 17 июли соли 2025 дар Душанбе ба имзо расидааст. Он барои зиёд кардани шумораи парвозҳо, кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва васеъ кардани ҷуғрофияи парвозҳо байни Тоҷикистон ва АМА заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Созишнома инчунин ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, инчунин васеъ кардани имкониятҳои сафар барои шаҳрвандони ду давлат равона карда шудааст.                                                    

***   

Ҳафтаи сипаришуда дар роҳи автомобилгарди  «Душанбе — Чанок»   сел омад. 1 октябр дар километри 63-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чанок», ки аз қаламрави ноҳияи Варзоб мегузарад, дар натиҷаи боронҳои шадид ҷараёни сел ба амал омад. Дар ин бора филиали  ширкати IRS Дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Техникаи махсуси филиали ширкат зуд ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.

 Филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон рӯзи 6 октябр хабар дод, ки оқибатҳои  сел, ки аввал пеши дарё ва сипас роҳи ноҳияи Варзобро баста буд, бартараф карда шуданд. Феълан шоҳроҳи «Душанбе – Чанок» барои ҳама намудҳои нақлиёт боз аст.

Дар ҳамин ҳол, филиали ширкат зикр намуд, ки боришот идома дорад ва ронандагонро даъват кард, ки эҳтиёткор бошанд, дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро эҳтиром кунанд ва тавсияҳои кормандони ширкатро риоя  намоянд.

ДАР МИНТАҚА

Татбиқи Паёми Президенти Қазоқистон: чӣ гуна системаи нақлиётии кишвар тағйир меёбад.  Дар доираи иҷрои супориши Сарвари давлат Қасим-Жомарт Токаев оид ба рушди робитаҳои минтақавии нақлиётӣ, ки дар Паёми  Сарвари давлат «Қазоқистон дар даврони зеҳни сунъӣ: вазифаҳои муҳим ва ҳалли онҳо тавассути тағирёбии рақамӣ» баён шудааст, Ҳукумат инфрасохтори автомобилӣ, роҳи оҳан, авиатсионӣ ва баҳриро навсозӣ мекунад ва инчунин хатсайрҳои логистикиро рушд медиҳад. Дар ин бора сомонаи Вазорати нақлиёти ҶТ хабар медиҳад.

Рушди системаи нақлиётӣ ҳамгироии навсозии инфрасохтори автомобилӣ, роҳи оҳан, авиатсионӣ ва баҳриро бо рақамикунонии нақлиёт таъмин мекунад. Ин алоқамандии минтақаҳоро афзоиш, вақти сафарро коҳиш медиҳад ва имкониятҳои транзитии Қазоқистонро тақвият мебахшад.

***

Дар пойтахти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки кори валидаторҳоро ҳангоми санҷиши пардохти роҳкиро манъ кунанд. Назоратчиёни пардохти роҳкиро дар автобусҳои Тошканд аз 2 октябри соли 2026 ҳангоми санҷиши далели пардохт дар байни мусофирон ба хомӯш кардани валидаторҳо (дастгоҳҳои пардохт ва бақайдгирии роҳкиро) шурӯъ карданд. Агар чипта пардохт нагардад  ё ҳангоми ворид шудан ба қайд гирифта нашавад, мусофирон ҷарима  баста мешаванд. Дар ин бора ширкати «Тошшаҳартрансхизмат» хабар дод.

Аз 1 сентябр мусофирони автобусҳои хатсайрҳо, ки бо низоми шартномаҳои умумӣ кор мекунанд, вазифадоранд, ки ҳангоми ворид шудан роҳкироро пардохт кунанд. Дар акси ҳол, мусофирон ҷарима   карда мешаванд,  омадааст дар қарори Ҳукумати Узбекистон, ки моҳи июни соли 2026 тасдиқ шудааст.

Ҷарима барои бе чипта истифода бурдани автобус дар айни замон 44 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад.

***

Квота (саҳмия) ба охир расид: барои воридоти мошинҳои барқӣ дар Қирғизистон акнун бояд боҷ пардохт кард. Тибқи иттилои нашрияи Economist, дар Қирғизистон квота барои воридоти бидуни боҷи мошинҳои барқӣ комилан тамом шудааст.

Соли 2026 кишвар ҳуқуқ пайдо кард, ки 25 ҳазор мошини барқиро бе боҷи гумрукӣ ворид кунад, аммо ҳоло тамоми ҳаҷми муқаррарнамудаи квота истифода шудааст. Имтиёз ба мошинҳои барқӣ ва гибридҳои пайдарпай, ки аз рӯи рамзҳои 8703 80 000 3 ва 8703 80 000 5 ТН ВЭД ЕАЭС тасниф карда шудаанд, дахл дошт. Шаҳрвандони Қирғизистон, ки  ба таври доимӣ дар кишвар зиндагӣ мекунанд, метавонистанд аз он истифода баранд.                                                

ДАР ҶАҲОН

Аз 1 октябри соли 2026 дар Русия шароити истифодаи мошинҳо тағйир меёбад. Навовариҳо ба назорати автоматии роҳҳо, фурӯши сӯзишворӣ, шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва талабот ба тамғаҳои бақайдгирӣ дахл доранд.

«Навоварии асосии технологӣ оғози инфрасохтори санҷишӣ барои санҷиши автоматии полисҳои суғурта (ОСАГО) мебошад. Камераҳои роҳ дар ҳама минтақаҳо ба муқоисаи нишонаҳои бақайдгирии мошинҳои ҳаракаткунанда бо пойгоҳи ягонаи системаи иттилоотии суғурта шурӯъ мекунанд», –  навиштааст Общественная служба новостей.

Феълан, ба ронандагони бидуни суғурта дар портали «Хизматрасониҳои давлатӣ» танҳо огоҳӣ меояд. Гузариш ба ҷаримаҳои воқеӣ дар моҳҳои оянда ба нақша гирифта шудааст.

***

Бозрасии давлатии автомобилии (ГАИ) Ҷумҳурии Беларус назорати мошинҳои таксиро аз 1 октябри соли 2026 пурзӯр намуд. Аз 1 то 9 октябри соли 2026 Бозрасӣ дар саросари кишвар тадбирҳои пешгирикунанда доир  мекунад, ки ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳ ва коҳиш додани оқибатҳои садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки таксиҳо равона карда шудаанд. Дар ин бора ВКД Ҷумҳурии Беларус хабар дод.

Тибқи маълумоти муовини аввали сардори РВКД Андрей Гаркуши, аз аввали сол бо иштироки мошинҳои  такси 67 садамаи автомобилӣ рух додааст. Бар асари ин ҳодисаҳо 74 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Нозирони ГАИ ба пешгирии қонуншиканиҳои  дағалона  сафарбар шудаанд. Ин, пеш аз ҳама, аз идоракунӣ дур кардани  ронандагони  дар ҳолати мастӣ   ва бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ дастгиршуда, вайронкунандагони  ашаддии маҳдудиятҳои суръат ва  дигар қоидаҳои ҳаракат  мебошад.

Барои ошкор кардани чунин вайронкунандагон имкониятҳои системаи ҷумҳуриявии мониторинги амнияти ҷамъиятӣ фаъолона истифода мешаванд. Кормандони ГАИ риояи шароити бехатари интиқоли мусофирон ва инчунин ҳолати техникии нақлиёти истифодашавандаро месанҷанд. Ҳангоми ошкор кардани қонуншиканиҳо роҳбарони субъектҳои хоҷагидор низ  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

                                                         ***

Чин аз 1 январи соли 2027 қоидаҳои содироти мошинҳоро сахттар мекунад. Навгониҳо ба мубориза бо схемаҳое равона карда шудаанд, ки дар онҳо мошинҳои нав ҳамчун мошинҳои истифодашуда фурӯхта мешаванд.Дар ин бора Вазорати тиҷорати Чин хабар дод.

Аз соли ҷорӣ содиркунандагони мошинҳои  истифодашуда бояд шаш моҳ аз лаҳзаи бақайдгирӣ пеш аз фиристодан интизор шаванд. Ин қоида барои он ҷорӣ карда шуд, ки дилерҳо интиқоли мустақими мошинҳои навро бо ниқоби мошинҳои дар истифода буда пинҳон накунанд. Аммо миёнаравҳо роҳи  «гурехтан» аз маҳдудиятро пайдо карданд. Онҳо мошинҳоро  такмил ва ба «воситаҳои нақлиёти махсус» табдил медиҳанд, масалан, патрулӣ ё техникӣ.

Аз соли 2027, истеҳсолкунандагони мошинҳои тағирдодашуда ва содиркунандагон бояд имкони хизматрасонии пас аз фурӯшро бо ширкати истеҳсолӣ тасдиқ кунанд.

Барои мошинҳое, ки тағйироти ночиз доранд, корхона бояд ҳуҷҷатҳои нигоҳдорӣ ва қисмҳоро пешниҳод ва хизматрасониро дар кишвари воридот ташкил кунад. Коорхонаҳои калон бояд дар хориҷа на камтар аз 50 чунин нуқта ва иҷозатномаи таъмир дошта бошанд.