Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ХАЗИНАИ ОПЕК БА ТОҶИКИСТОН ДАР ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ИНФРАСОХТОРӢ КӮМАК МЕКУНАД. Барои таҷдиди роҳи автомобилгард дар ВМКБ 30 миллион доллар ҷудо карда мешавад

Санаи нашр: 08-10-2026 Просмотрено: 2501

Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ барои марҳилаи аввали таҷдиду барқарорсозии роҳи автомобилгарди «Рӯшон – Варшез» ба Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо мекунад. Дар ин бора дар сомонаи  Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ хабар дода шудааст.

Созишномаи дахлдорро ҷонибҳо 31 августи соли 2026 дар доираи сафари Президенти Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифа ба Тоҷикистон имзо карданд.

Дар ҷараёни сафар мулоқоти ӯ бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамчунин Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим, Раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Ҷонибҳо афзалиятҳои рушди ҷумҳурӣ ва имкониятҳои тавсеаи ҳамкориро бо бахшҳои давлатӣ ва  хусусӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Натиҷаи асосии мулоқот имзои Стратегияи аввали шарикии кишварӣ бо Тоҷикистон  (CPF) барои солҳои 2026-2028 гардид. Санади мазкур ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, амнияти озуқаворӣ ва  рушди алоқаи минтақавии нақлиётӣ   дар бар мегирад.

Дар доираи сафари Президенти  Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ созишнома оид ба ҷудо намудани 30 миллион доллари ИМА барои марҳилаи якуми таҷдид ва барқарорсозии роҳи автомобилгарди «Рӯшон – Варшез» низ ба имзо расид.

Роҳи мазкур яке аз шохаҳои роҳи байналмилалии  «Душанбе - Кулма - сарҳади Чин» ва шоҳроҳи осиёии AH66 мебошад.

Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа имкон медиҳад бехатарии ҳаракат дар роҳҳо баланд бардошта, вақти сафар кам карда шавад ва алоқаи нақлиётии солона байни ноҳияҳои марказиву шарқии Тоҷикистон боэътимодтар таъмин  гардад.

Долони нақлиётии зикршуда барои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) аҳамияти муҳим дорад. Тақрибан 217 ҳазор нафар, ки дар зиёда аз 370 маҳалли аҳолинишин зиндагӣ мекунанд, ин хатсайрро барои дастрасӣ ба молу маҳсулот, хизматрасониҳои тиббӣ ва таълимӣ, инчунин бозорҳо истифода мебаранд. Тақрибан 25 ҳазор нафар баҳрабардорони бевоситаи лоиҳа хоҳанд буд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2023 Директори генералии  Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе ба ҳузур пазируфта буданд. Зимни мулоқот вазъи кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои рушди он байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҳамкории судманди кишвар бо  Хазинаи ОПЕК густариш ёфта, ба таъмини рушди устувори кишвар равона шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориро  ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ баррасӣ намуданд.

27 сентябри соли равон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷараёни сафари кориашон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди ВМКБ бунёд, навсозӣ ва мумфарш мегарданд, муаррифӣ карда шуданд.

Сарвари давлат, аз ҷумла, бо лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди «Рӯшон — Варшез» шинос шуданд.

Марҳилаи якуми  ин лоиҳа аз Дашти Шипад то Пастхуф 82,2 километрро дар бар мегирад. Роҳи мошингарди «Рӯшон — Варшез»   қисми долони байналмилалии нақлиётии «Душанбе-Кулма-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин» ба ҳисоб меравад. Роҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад.

                                                  

Фото: НИАТ «Ховар» и Фонд ОПЕК