Имрӯз дар толори Вазорати нақлиёти ба муносибарти Рӯзи забони давлатӣӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода ҳозиринро бо ин санаи муборак табрик гуфта, забони давлатиро ҳамчун ганҷинаи бебаҳои таъриху тамаддун, яке аз рукни муҳими давлатдории миллӣ, омили таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ арзёбӣ намуд.
Тавре ӯ изҳор дошт, дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯшиши эҳтимом ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифз, рушд ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Дар ин замина, ба гуфтаи ӯ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ танҳо таҷлили як санаи тақвимӣ набуда, балки ифодаи эҳтиром ба таърих, фарҳанг, давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Дар ҳамоиш муҳаққиқи маъруфи таърихи миллат ва забони тоҷикӣ, муаллифи китобҳои «Тоҷик», «Сурӯши сухан» ва ғайра, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам ба сухан баромада, аз муроҷиати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишмандону мутахассисон ҷиҳати ғанӣ гардондани захираи луғавии забони тоҷикӣ бо истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногун, ки имрз дар Паёми шодбошии Сарвари давлат ба ифтихори Рӯи забони давлатӣ садо дод, ҷонибдорӣ намуд.
«Албатта, дар тӯли ҳазор соли баъди давлати Сомониён маҳз талоши хештаншиносӣ, руҳи истиқлолхоҳӣ ва забони миллӣ тоҷиконро аз нобудшавӣ раҳонидаанд»,– иброз дошт ӯ.