Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ ҲУШДОР, ДАСТУР ВА ТАВСИЯ МЕДИҲАД. Дар Тоҷикистон ин ҳафта сардшавии ҳаво дар назар аст

Санаи нашр: 05-10-2026 Просмотрено: 2359

Дар Тоҷикистон рӯзи душанбе, 5 октябр якбора  сард шудани обу ҳаво дар назар аст: дар аксари минтақаҳои водию наздикӯҳӣ ҳарорати ҳаво 8-10 дараҷа паст мешавад, хабар медиҳад Агентии  ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ.

Дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, боришоти шадид пешгӯӣ мешавад. Дар баландии 2500 метр барф меборад.

Инчунин афзоиши шамол то 15-20 м/с пешбинӣ шудааст ва дар баъзе минтақаҳо шиддат метавонад ба 20-25 м/с расад.

5 ва 6 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ хавфи омадани сел мавҷуд аст.

Илова бар ин, дар ин рӯзҳо дар Душанбе, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ афзоиши сатҳи  хирашавии  ҳаво дар назар аст. Сабаби он меғ(туман) ва хокбориш хоҳад буд, ки аз самти ҷанубу ғарб ва ҷануб ворид мешавад.

Вобаста ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи корхонаҳои роҳу нақлиёт дастур додааст, ки мувофиқи Нақшаи  тасдиқшудаи тадбирҳо оид ба омодасозии соҳаи нақлиёт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 фаъолияти худро пурзӯр карда, омодагии техникаи роҳ, захирасозии маводи зиддилағзиш, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданиро таъмин намоянд, нигоҳдории меъёрии ҳамаи категорияҳои роҳҳои автомобилиро дар ҳама гуна шароити обу ҳаво кафолат дода, хатари  садамаҳои нақлиётиро  коҳиш диҳанд.

Барои ҳамоҳангсозӣ ва назорати ин раванд Ситоди фаврӣ таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири нақлиёти ҶТ Фаррух Неъматзод таъсис дода шудааст.

Феълан дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ 2957 корхона, аз ҷумла 2579  корхонаи нақлиёти автомобилӣ, 241 муассисаи нигоҳдорӣ ва хоҷагии роҳҳо ва 137 корхонаи роҳи оҳан фаъолият мекунанд. Дар маҷмуъ 800 926 адад воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст.  94,6% борҳо ва 99,8% мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд.

Вазорати нақлиёт инчунин ба ронандагон тавсия медиҳад, ки маълумот дар бораи обу ҳаворо пешакӣ пайгирӣ кунанд, омодагии воситаи нақлиёти худро (тозагии чароғҳо, оинаҳо, шишаи пеш) бисанҷанд, занҷирҳои барфӣ ва бел бо худ бигиранд, суръати ҳаракатро коҳиш диҳанд, масофаи байни мошинҳоро  зиёд кунанд, нури наздикро фурӯзон созанд, дар паси чамбараки мошин  саргарми телефон нашаванд, тамоми Қоидаҳои ҳаракат дар  роҳро қатъиян риоя намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 30 сентябр дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин оид ба омодагии ҳамаҷониба ба зимистони солҳои 2026-2027 вазифаҳои мушаххас гузоштанд.