Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе Конфронси V байналмилалии роҳсозии Осиёи Марказӣ оғоз ёфт

Санаи нашр: 24-09-2026 Просмотрено: 2148

Дар меҳмонсарои Hyatt Regency Dushanbe имрӯз Конфронси панҷуми байналмилалии  роҳсозии Осиёи Марказӣ (Central Asian Road Conference, CARS-2026) ба кори худ шурӯъ кард.

Пойтахти Тоҷикистон бори аввал мутахассисони варзидаи соҳаи роҳсозиро аз Осиёи Марказӣ, Русия, Гурҷистон, Чин, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Италия, ИМА ва дигар кишварҳо ҷамъ овард.

Созмондиҳандагони конфронс Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ширкати   "Технологияҳои Инноватсионии Роҳ" (InDorTech)-и Русия мебошанд.

Ҳамоиш бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар расми ботантанаи ифтитоҳи конфронс Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода, Раиси Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ Бӯрӣ Каримов иштирокчиёни онро хайрамақдам гуфтанд.

Сипас маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни соҳавӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика баргузор шуд.

Иштирокчиёни конфронс аз Намоишгоҳи CARC-2026 дидан намуданд.

Конфронс аз 24 то 26 сентябр баргузор мешавад. Ҳамоиш кори  худро дар чор  ҷаласа (сессия) идома мебахшад. Ҷаласаи нахустин ба мавзӯи «Соҳаи роҳсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ислоҳот ва маблағгузорӣ» бахшида шудааст.

(Дар бораи тафсилоти дигари кори конфронс пас аз анҷоми он хабар медиҳем)