Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
.ДАР ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон боркашонии тиҷоратиро афзоиш дод. Ҳаҷми боркашонии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз афзудааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (КБО ИДМ), аз январ то июни соли равон дар ҷумҳурӣ 58,1 миллион тонна бор интиқол дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба нимсолаи аввали соли 2025 ба андозаи 5% бештар аст.
Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми ҳамлу нақли тиҷоратӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 7,1 фоиз афзуда буд.
«Афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли тиҷоратӣ аз фаъолияти устувори бахши нақлиётии Тоҷикистон ва талаботи устувор шаҳодат медиҳад», – омадааст дар иттилоияи КБО ИДМ.
***
Дар шаҳри Душанбе харитаи нави электронӣ барои пешгирии тамбашавӣ дар роҳҳои автомобилгард муаррифӣ карда шуд. 3 сентябри соли 2026 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart City)-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо фаъолияти кормандони Маркази «Шаҳри бехатар»-и РВКД шаҳри Душанбе шинос шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот бо директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзода лоиҳаи харитаи нави электронии шаҳри Душанбе ва як қатор барномаҳои нави рақамӣ муаррифӣ гардиданд. Ин лоиҳаҳо ба истифодаи имкониятҳои технологияҳои муосир барои таҳлили вазъи роҳ, ошкор кардани қитъаҳои аз ҳад зиёд серҳаракат ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии инфрасохтори шаҳр равона карда шудаанд.
***
Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон хатти нави коркарди нафт сохта мешавад. Дар он ҷо санги аввалини сохтмони хатти нави технологии коркарди нафт гузошта шуд. Иқтидори он дар як сол 50 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ хоҳад буд, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.
Маросим 6 сентябр дар ҳудуди ҶДММ «Салоса» дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни касбии кормандони соҳаи нафту газ баргузор гардид.
Санги аввалини сохтмони иншоотро муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Шарифа Худобахш ва Раиси ноҳияи Ҷайҳун Азизулло Ализода гузоштанд.
Ҳоло корхона асосан битуми баландсифатро барои сохтмони роҳҳо истеҳсол мекунад. Пас аз ба кор даровардани хати нав ва насби таҷҳизоти муосир дар ин ҷо истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ ва бензин низ ба нақша гирифта шудааст.
***
Покистон ният дорад, ки парвозҳои мустақим ба Тоҷикистонро ба роҳ монад. Мақомоти ин кишвар нақшаи роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавопайморо дар Душанбе эълон карданд, гуфт Сафири Покистон дар Тоҷикистон Ирфон Аҳмад дар нишасти матбуотӣ. Дар ин бора хабаргузории Sputnik иттилоъ дод.
Сафир зикр кард, ки парвозҳои мустақим метавонанд дар таҳкими муносибатҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар нақши муҳим бозанд. Ба гуфтаи ӯ, набудани алоқаи ҳавоӣ байни ду кишвар дар ҳоли ҳозир ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Покистон таъсир мерасонад.
Ирфон Аҳмад тазаккур дод, ки ин масъала миёни раҳбарони ду кишвар ва вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Покистон баррасӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Тоҷикистону Эрон масъалаи барқарор намудани парвозҳо миёни Душанбе ва Теҳронр баррасӣ карда буданд.
ДАР МИНТАҚА
Аввалин силсилақатора аз Чин ба Эрон тавассути Осиёи Марказӣ ба роҳ баромад. 10 сентябр аввалин поезди силсилавӣ аз Чин ба Эрон тавассути қаламрави Узбекистон фиристонида шуд, он аз 55 контейнер иборат аст, хабар медиҳад Интерфакс Қазоқистон бо истинод ба хадамоти матбуотии ҶСК «Узтемирйулконтейнер» (оператори парки контейнерии Роҳи оҳани Узбекистон).
Тавассути ин контейнерҳо ҷузъҳои автомобилҳои сабукрав, молҳои мавриди ниёзи мардум ва дигар борҳои ҷамъоваришуда интиқол дода мешаванд.
Масири қатора аз Чин, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон мегузарад. Сипас ҳайат сарҳади Эронро тавассути гузаргоҳи роҳи оҳани Сарахс убур мекунад.
Дар «Узтемирйулконтейнер» парвози аввал ҳамчун санҷиши амалии долони нақлиётии «Чин-Осиеи Марказӣ-Эрон» баррасӣ карда мешавад.
***
Олимони Қазоқистон конденсатори фавқулодаро бо иқтидори зиёда аз 750 ҳазор давр (сикл) ихтироъ карданд. Онҳо дастгоҳи захирасозии энергияро аз санҷиш гузарониданд, ки ба зиёда аз 750 ҳазор даври пуркунӣ ва сарфнамоии қувваи барқ тоб оварда метавонад, хабар медиҳад АИ Kazinform рӯзи 1 сентябри соли равон.
Олимони Донишгоҳи Satbayev наномаводҳои навро барои захираи энергия таҳия ва онҳоро дар намунаи аввали конденсатори гибридӣ озмоиш намуданд. Дастгоҳ зиёда аз 750 ҳазор даври пуркунӣ ва сарфнамоии қувваи барқ таҳаммул карда, кори худро устувор нигоҳ дошт. Ин ихтироъ метавонад дар системаҳои нигоҳдории энергия, нақлиёти барқӣ ва энергетика дар асоси манбаъҳои барқароршавандаи қувваи барқ истифода бурда шавад.
***
Пули нави 481-метра соҳилҳои дарёи Наринро дар вилояти Намангони Узбекистон ба ҳам пайваст. Дар он ҷо сохтмони пул дар болои дарёи Нарин бо арзиши 62 миллиард сӯм, ки ноҳияҳои Уйчин, Учқӯрғон ва Наринро бо маркази вилоят мепайвандад, ба анҷом расид. Дар ин бора 7 сентябри соли 2026 Gazeta.uz бо истинод ба хадамоти матбуоти ҳукумати минтақа хабар дод
Тибқи маълумоти идораи марказии роҳҳои автомобилгарди вилоят, пули дуҷониба бо дарозии 481,5 метр яке аз тӯлонитарин пулҳоест, ки дар тӯли солҳои истиқлолияти кишвар дар Узбекистон дар болои дарё сохта шудааст. Иншооти дорои 20 такягоҳи миёна масофаи рафтуомади сокинони ноҳияҳои Учқӯрғон ва Наринро ба Наманган 20 км кам мекунад.
Илова бар ин, пул робитаро бо нуқтаи сарҳадии автомобилии Учқӯрғон (аз ҷониби Қирғизистон — «Кенсай»), ки моҳи сентябри соли 2024 ифтитоҳ шудааст, беҳтар мекунад.
***
Вазорати нақлиёти Қирғизистон дар бораи норасоии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи нақлиёт изҳор дошт. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон ният дорад, ки ҳамкориро бо донишгоҳҳо барои тайёр кардани мутахассисони зарурии соҳаи нақлиёт тақвият диҳад.
4 сентябри соли 2026 муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Кубаничбек Турғанбоев бо роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ мулоқот кард.
Ҷонибҳо зарурати ҳозира ва ояндаи вазорат ва ташкилотҳои тобеъро ба кадрҳо, инчунин сифати тайёр кардани мутахассисонро муҳокима карданд.
Тавре Вазорати нақлиёт зикр кард, талабот ба кадрҳои муҳандисӣ ва техникӣ дар заминаи рушди инфрасохтори роҳ ва нақлиёт, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани талабот ба бехатарӣ меафзояд.
ДАР ҶАҲОН
Имтиёзҳои андоз аз арзиши иловашуда барои мошинҳои барқӣ дар Беларус бекор карда мешаванд. Ассотсиатсияи автомобилии Беларус пешниҳод кардааст, ки аз соли 2027 масъалаи бекор кардани имтиёз барои мошинҳои барқӣ ва ҳамоҳангсозии шартҳои танзим бо Русия баррасӣ карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Раиси Ассотсиатсияи автомобилии Беларус, Директори кулли ҶСП «БЕЛДЖИ» Геннадий Свидерский садо додааст.
Шарҳи ӯ дар гузориши ассотсиатсия оварда шудааст. Имтиёзҳои ассосиатсия барои мошинҳои барқӣ ва шабакаҳои барқгиранда моҳи декабри соли 2025 то 31 декабри соли 2028 тамдид карда шуда буданд. Ба ин васила дар кишвар рушди нақлиети барқӣ дастгирӣ карда шуд. Ҳаракат дар ин самт ҳоло ҳам идома дорад. Инфрасохтори дахлдор рушд мекунад, сегмент афзоиш меебад, таъкид кард сарвари Ассосиатсияи автомобилии ҶБ.
Дар баробари ин, гуфтааст ӯ, барои пурра истифода бурдани мошинҳои барқӣ шабакаи васеътар ва пешгӯишавандаи истгоҳҳои барқдиҳӣ лозим аст. Ин махсусан дар сафарҳои дур муҳим аст. Свидерский инчунин таъкид кардааст, ки бозори мошинҳои барқӣ тадриҷан ба марҳилаи нав мегузарад. Арзиши истеҳсоли чунин нақлиёт ба сатҳи мошин бо муҳаррикҳои анъанавӣ наздиктар мешавад.
***
Дар пойтахти Русия конфронси амалӣ барои интиқолдиҳандагон ва соҳибони бор «TRANSIT 2026» баргузор мешавад. 14 октябри соли 2026 дар Москва конфронси амалии «TRANSIT 2026: Нақлиети боркашонии автомобилӣ» баргузор мешавад, ки ба масъалаҳои мубрами бозори нақлиёти боркашонии автомобилӣ, логистикаи нақлиётӣ ва идоракунии паркҳои автомобилӣ бахшида мешавад.
Дар конфронс намояндагони ширкатҳои нақлиётӣ ва экспедиторӣ, соҳибони бор, фурӯшандагон, шабакаҳои савдо, истеҳсолкунандагон ва дилерҳои таҷҳизоти тиҷоратӣ, ширкатҳои лизингӣ ва суғурта, инчунин мақомоти давлатӣ ва мутахассисоне, ки барои логистика, рақамисозии гардиши ҳуҷҷатҳо ва хизматрасониҳои нақлиётӣ масъуланд, иштирок мекунанд.
Ба масъалаҳои амалӣ, ки тиҷорат имрӯз дучор меояд, таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад. Коршиносон дурнамои бозори боркашонӣ дар солҳои 2026-2027, арзиши нигоҳдории нақлиёти боркаш, сохтори парки нақлиёти автомобилии боркашонии Русия, пешгӯии нархҳо ва дастрасии сӯзишворӣ, инчунин дурнамои навсозии техникаро муҳокима хоҳанд кард.
Бахши алоҳидаи барнома ба рақамикунонии нақлиёт ва гузариш ба ҳуҷҷатҳои электронии нақлиётӣ бахшида мешавад.
Илова бар ин, коршиносон таъсири бозори бастабандӣ, таъсири тиҷорати электронӣ ба ҷараёни ҳамлу нақл, кор бо шабакаҳои тиҷоратӣ, беҳдошти хатсайрҳои логистикӣ ва иқтисодиёти тиҷорати нақлиётиро баррасӣ мекунанд.
***
Логистика дар Русия: чанд тағироти асосӣ барои тиҷорат. Аз 1 сентябри соли 2026 дар Русия маҷмӯи талаботи нав барои интиқолдиҳандагон, экспедиторҳо, соҳибони бор ва ширкатҳои дорои парки автомобилӣ ба ҳукми амал медарояд. Аз ҷумла:
1.Ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақл электронӣ мешаванд. Дар шакли электронӣ бояд борхатҳои автоморбилӣ, фармоиш ва дархост барои интиқоли автомобилӣ, борхатҳои нақлиёти роҳи оҳан, борхатҳои интиқоли авиатсионӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои экспедиторӣ ба расмият дароварда шаванд.
2. Шаҳодатномаҳо барои интиқоли маҳсулоти зуд вайроншаванда ба ба феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ мегузаранд. Тағйирот ба рефрежираторҳо (яхдонҳо), фургонҳои изотермикӣ, мошинҳои сардкунанда ва гармкунанда дахл дорад. Шаҳодатномаро тавассути портали «Хизматрасониҳои давлатӣ» ба расмият даровардан мумкин аст.
3. Мошинҳои боркаши хориҷӣ бо қарзҳои роҳ дар сарҳад боздошта мешаванд. Мақомоти гумрук ҳангоми ворид шудан ба Русия ва хориҷ шудан аз он қарзи соҳибони мошинҳои хориҷиро тафтиш мекунанд. Асоси рад кардани роҳхат қарз хоҳад буд: барои напардохтани ҳақи истифодаи роҳҳои автомобилгарди пулакӣ ва пардохти зарари ба роҳҳо расонидашуда тавассути воситаҳои нақлиети дорои вазни зиёда аз 12 тонна.
4. Шартҳои додани рухсатнома барои интиқоли байналмилалии борҳои хатарнок тағйир меёбад. Тартиби нав мувофиқати хатсайр, додани иҷозати махсус ва пешбурди феҳристи рухсатномаҳо барои интиқоли байналмилалии борҳои хатарнокро танзим мекунад. Масир бояд бо соҳибони роҳҳо бо назардошти маҳдудиятҳои доимӣ ва вақти ҳаракат мувофиқа карда шавад.
5. Меъёрҳои меҳнат ва истироҳати ронандагон нав карда мешаванд. Давомнокии муқаррарии вақти корӣ дар як ҳафта 40 соатро ташкил мекунад. Ҳангоми баҳисобгирии ҷамъбастӣ кори ҳаррӯза одатан набояд аз даҳ соат зиёд бошад.
6. Қоидаҳои нави бехатарии нақлиёт эътибор пайдо мекунанд. Ҳуҷҷат омодагии техникии мошинҳо, ба хати ҳаракат баровардан, риояи вазни иҷозатдодашуда ва бори меҳвар, инчунин ҳаракат дар шароити зимистон, роҳҳои кӯҳӣ ва гузаргоҳҳои паромро танзим мекунад.
7.Тартиби ҳамлу нақли байналмилалии мошинҳо мушаххас карда мешавад. Шартҳои боркашонии дуҷониба ва транзитӣ, ки тибқи созишномаи имзонамудаи Русия бидуни рухсатнома сурат мегиранд, нав карда мешаванд.