Аз 24 то 26 сентябри соли 2026 дар пойтахти Тоҷикистон Конфронси панҷуми байналмилалии роҳсозии Осиёи Марказӣ «CARC-2026» баргузор мегардад. Он аз ҷониби Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ширкати «ИнДорТех» (InDorTech) доир карда мешавад.
Дар майдони конфронс роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои марбута, ширкатҳои роҳсозӣ, истеҳсолкунандагони мавод ва таҷҳизот, пудратчиён, муҳаққиқон, мушовирон ва коршиносони байналмилалӣ ҷамъ меоянд.
Ҳадафи асосии конфронс барқарор намудани робитаҳо байни иштирокчиёни бозори байналмилалии роҳсозӣ (аз хориҷаи дуру наздик), табодули таҷриба ва дониш, муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи роҳ, муаррифии технологияҳо ва маҳсулоти баландсифат дар соҳаи роҳсозӣ, технологияҳои инноватсионӣ, муайян кардани роҳҳои рушди инфрасохтори устувори роҳ дар минтақа мебошад.
Ширкаткунандагон метавонанд мустақиман бо ҳамкорони худ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон сӯҳбат кунанд, дар бораи лоиҳаҳои ҷорӣ маълумот гиранд ва шарикони нав пайдо намоянд.
Конфронс барои муттаҳид кардани намояндагони вазоратҳои марбута, ассотсиатсияҳо, истеҳсолкунандагони таҷҳизот ва маводҳои роҳсозӣ, таъминкунандагони битум, пудратчиён, пажъҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дигар иштирокчиёни бозор пешбинӣ шудааст.
Барномаи конфронс аз сессияҳо оид ба масъалаҳои мубрами сохтмони роҳ, таҷдид ва истифодабарӣ иборат мебошад. Дар онҳо мавзӯъҳои вобаста ба сифати битумҳои роҳ, полимер-модификатсияи битумҳо, таҷҳизоти муосир барои истеҳсол ва хобондани асфалтбетон, рақамикунонӣ ва роҳҳои «ҳушманд», стратегияи ESG ва инфрасохтори «сабз» ба муҳокима гузошта мешаванд.
Дар доираи ҳамоиш инчунин баргузории намоишгоҳ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он иштирокчиён метавонанд технология ва маҳсулоти худро пешниҳод кунанд.
P.S. CARC – Central Asian Road Conference (конфронси оид ба роҳсозӣ дар Осиёи Марказӣ). Ин конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ мебошад, ки ба масъалаҳои сохтмони роҳҳо, таҷдид, таъмир ва истифодаи роҳҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида мешавад.