21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суҳд дар ноҳияи Ашт тариқи фосилавӣ 7 иншооти таъйиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди «Куруш–Бекобод»-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётии ноҳияи Ашт бунёд гардидааст.
Роҳи мошингарди «Куруш–Бекобод» масофаи 12,7 километрро фаро гирифтааст ва бо назардошти талаботи муосири роҳсозӣ бунёд гардида, барои таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоиди рафтуомади сокинон хизмат хоҳад кард.
Мавриди истифода қарор гирифтани ин роҳи мошингард барои сокинони деҳот ва маҳалҳои аҳолинишини минтақа аҳамияти зиёд дошта, имкониятҳои нақлиётӣ ва робитаи байни маҳалҳоро беҳтар менамояд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ роҳи мошингарди «Хистеварз–Соҳилоб»-ро низ мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур дар масофаи 10 километр бунёд гардида, яке аз иншооти муҳими инфрасохторӣ ба ҳисоб меравад. Бунёди роҳи нав барои тақвияти робитаи нақлиётии байни маҳалҳои аҳолинишин, осон намудани дастрасии сокинон ба марказҳои хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли молу маҳсулот замина мегузорад.
Дар идома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Бобоҷон Ғафуров – Ашт» ба масофаи 106 километр муаррифӣ гардид.
Ин роҳи мошингард аҳамияти байналмилалӣ дошта, тавассути ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд убур намуда, Тоҷикистонро бо Узбекистон пайванд месозад.
Лоиҳаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳо, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати нақлиёт таҳия шудааст. Сохтмони ин роҳ ба беҳтар гардидани алоқаи нақлиётӣ байни шаҳру ноҳияҳо ва рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳа барои осон намудани рафтуомади сокинон ва интиқоли молу маҳсулот аҳамияти зиёд дорад.
Сохтмони роҳ барои рушди саноат ва кишоварзӣ дар ин минтақа такони нав мебахшад. Бунёди роҳи мазкур шиддатнокии ҳаракати нақлиётро ба таври назаррас меафзояд, дар канори роҳ нуқтаҳои сершуморихизматрасонӣ пайдо мешаванд ва истеҳсоли мол дар минтақа афзоиш ёфта, муносибатҳои тиҷоратиро бо Ҷумҳурии Узбекистон афзун менамояд.
Манбаъ: www.President.t