Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ҲАЙАТҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН ДАР ТЕҲРОН МУЛОҚОТ КАРДАНД. Роҳандозии механизмҳои нави логистикӣ ва интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ шуд

Санаи нашр: 17-08-2026 Просмотрено: 5141

Ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон метавонад ба маротиб афзоиш ёбад. Ҳарду кишвар барои бастани созишномаи дарозмуддати ҳамкорӣ дар соҳаи нафт омодагӣ мегиранд. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳорчӯбаи созишномаи дарозмуддати ҳамкорӣ дар соҳаи нафтро мувофиқа карданд. Дар ин бора 15 август дар Теҳрон, дар ҷараёни сафари кории ҳайати расмии Тоҷикистон  ба шумули Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Раиси ҶСК «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода, ки бо муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ, Вазири нафти ин кишвар Муҳсин Покнажод ва Вазири роҳу шаҳрсозии ҶИЭ  Фарзона Содиқ музокирот анҷом доданд,   ризоияти дахлдор ҳосил гардид.

Ҳуҷҷат ду самти асосиро пешбинӣ мекунад: содироти мустақими маҳсулоти зиёдатии нафти Эрон барои рафъи норасоии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ва интиқоли мунтазами нафти хом барои корхонаҳои коркарди нафти Тоҷикистон.

Ҷиҳати ҳалли муфассали масъалаҳои техникӣ гурӯҳи муштараки коршиносон таъсис дода мешавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи пешниҳоди нархҳои имтиёзнокро барои таъмини талаботи бозори Тоҷикистон баррасӣ карданд. Илова бар ин, масъалаҳои роҳандозӣ ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаи нафту газ баррасӣ шуданд.

Вазири энергетикаи Тоҷикистон Далер Ҷумъа таъкид кард, ки афзоиши воридоти сӯзишворӣ аз Эрон барои Душанбе вазифаи  афзалиятнок мебошад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зикр намуд, ки ҳоло ҳаҷми мубодилаи маҳсулоти нафтӣ дар як сол тақрибан 800 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, аммо бо роҳандозии механизмҳои нави логистикӣ ва ҷалби имкониятҳои транзитии кишварҳои ҳамсоя ин нишондиҳанда метавонад  ба марогтиб афзоиш ёбад.

Вазири нақлиёти ҶТ хабар дод, ки дар ин робита роҳҳои интиқоли маҳсулоти нафтӣ омӯхта мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар айни замон интиқоли чунин ҳаҷми маҳсулот имконпазир аст, аммо бо назардошти нақшаҳои афзоиши  интиқол  ҷиҳати рушди иқтидори нақлиётӣ ва логистикӣ бояд тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.

Вай илова кард, ки бо мақсади таъмини инфрасохтори пешбинишуда байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя музокирот сурат мегирад.

Вазири нақлиёти ҶТ ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки бо дарназардошти афзоиши воридоти нафту маҳсулоти хом барои рушди инфрасохтори зарурӣ барои интиқоли ин борҳо дар Эрон шароит фароҳам оварда мешавад.

Вазири нафти ҶИЭ Муҳсин Покнажод тазаккур дод, ки қисми зиёди созишномаҳои дар ин самт байни Эрон ва Тоҷикистон қаблан бадастомада аллакай амалӣ шуда истодаанд ё ба марҳилаи амалӣ мегузаранд. Ба гуфтаи ӯ, созишномаи нав метавонад ба Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти таъмини сӯзишворӣ дар пасманзари бӯҳрони ҷаҳонии энержӣ кумак кунад.

Дар рафти гуфтушунидҳо ҷонибҳо оид ба масъалаҳои татбиқи муқаррароти протоколи ҷаласаи охирини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ табодули афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки рушду таҳкими муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои соҳавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Эрон ба шумор меравад.

Дар доираи сафари корӣ ҳайати Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Эрон Сайид Аббос Ароқчӣ низ мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид. Ҷонибҳо аз раванди густариши робитаҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистону Эрон солҳои охир ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва  фарҳангиро пайваста густариш  медиҳанд. Моҳи январи соли 2025 аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар Душанбе 23 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт, иқтисод ва сиёсати хориҷӣ ба имзо расиданд.

Моҳи майи соли 2026 дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар тиҷорат, энергетика, захираҳои об, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, илм ва технологияро баррасӣ карданд.