12 август муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода бо Роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Канг Син Хонг (Kang Sin Hong) мулоқот кард.
Дар мулоқот ҷараёни татбиқи лоиҳаи Асосноккунии техникӣ - иқтисодии сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини «Балхӣ – Панҷи поён», ки дар доираи кӯмаки техникии кӯмакҳои расмии (Official Development Assistant) Ҷумҳурии Корея амалӣ мешавад, баррасӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ҷузъи ташаббуси сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» буда, имкон фароҳам меорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда ба яке аз кишварҳои транзитии минтақа табдил ёбад.
Инчунин дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт бо Ҷумҳури Корея, аз ҷумло Агентии KOICA баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 17 майи соли 2025 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ноиби президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Корея (KOICA) Хон Сок Хва мулоқот доир карда буд. Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва Агентии ҳамкории байналмилалии Корея Ёддошти тафоҳум оид ба Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи поён» ба имзо расид. Вазири нақлиёти ҶТ ҳамчунин пешниҳод кард, дар доираи Барномаи нави Project Concept Paper масъалаи таҳияи лоиҳаи муфассали сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи поён» ба нақшаи тадбирҳо дохил карда шавад.
Тибқи лоиҳа, асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи мазкур бо дастгирии молиявии KOICA соли 2025 оғоз гардида, то охири соли 2026 ба анҷом расонида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони роҳи оҳани мазкур бо дарозии 51 километр, ки яке аз шохаҳои масири пайвандгари Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ ва бандарҳои баҳрӣ хоҳад гашт, аз лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ мебошад, ки барои ноил шудан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати ҶТ оид ба табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ мусоидат менамояд.