Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

МАВЗӮИ МУҲИМ: МАВОДИ СӮХТ ВА РАВҒАНҲОИ МОЛИДАНӢ. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои нави таҳвили маҳсулоти нафтиро фаъолона коркард менамояд

Санаи нашр: 06-08-2026 Просмотрено: 3774

Дар ҳоле, ки дар бар асари амалиёти низомӣ дар Шарқи Наздик  камбуди  маводи сӯхт ва болоравии нархи онҳо ба вуҷуд омадааст, бисёр кишварҳо  манбаъҳои алтернативии интиқоли сӯзишвориро меҷӯянд. Тоҷикистон истисно нест – Ҳукумати мамлакат  дар самти даёфти роҳҳои нави таҳвили маҳсулоти нафтӣ фаъолона кор  мебарад.

Тавре қаблан хабар дода шуд, Президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев дар мулоқот дар Остона масоили афзоиши интиқоли маҳсулоти нафтии Қазоқистонро ба бозори Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Музокирот 29 июл, пеш аз маросими ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии мултиварзишии «Бозиҳои оянда – 2026» баргузор шуд.

«Бо дарназардошти вазъияте, ки имрӯз дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии энергетикӣ ба вуҷуд омадааст, масъалаҳои боз ҳам афзоиш додани таъминоти маҳсулоти нафтии Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон баррасӣ шуданд», — навиштааст Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, раванди мусбати ҳамкории дуҷонибаро қариб дар ҳамаи самтҳо зикр намуданд. Дар байни афзалиятҳо тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, логистика, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ номбар карда шуданд.

Як рӯз пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи таъмини бозори дохилиро бо маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ таҳлил намуда, ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи мӯътадили нархҳо, инчунин ҳарчи зудтар ташкил намудани таҳвили маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ сохторҳои масъули давлатиро вазифадор карданд, ки тадбирҳои зарурии амалӣ андешанд.

29 июл Вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Далер Ҷумъа бо Сафири Чин Го Чжитзюн мулоқот кард, ки дар он масъалаи интиқоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба кишвари мо аз  Чин бо мақсади тағйир ва тавсеаи манбаъҳои воридоти сӯзишворӣ ва таҳкими амнияти энергетикии ҶТ баррасӣ шуд.

Дар иртибот ба ин масъала Вазорати энергетика ва захоири оби кишвар инчунин бо Туркманистон, Эрон ва Беларус гуфтушунид мекунад, ҳаҷм, арзиш ва тартиби воридоти сӯзишворӣ аз ин кишварҳо баррасӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ба масъалаи мазбур дар ҷаласаи васеи  ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти ҶТ низ, ки 10 июли соли равон таҳти раёсати Вазири нақлиёт Азим Иброҳим баргузор гардид, таъкид шуда буд.

Зикр гардида буд, ки нархи сӯзишвории дизелӣ дар шароити гароншавии нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба таври назаррас боло рафт. Ин раванд на танҳо ба  соҳаи нақлиёт, балки ба бахши  нигоҳдорӣ, таъмир ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард низ таъсири манфӣ мерасонад. Бо болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ аз 10,40 сомонӣ то 16-18 сомонӣ барои як литр, яъне тақрибан 55 фоиз, арзиши воқеии нигоҳдорӣ ва таъмири ҳар километри роҳ ба таври эҳсосшаванда  боло меравад. Маблағгузории соҳаи роҳ, чун қоида, дар доираи буҷети тасдиқшуда сурат мегирад ва мутобиқи тағирёбии босуръати нархи захираҳои энергетикӣ зиёд намешавад.

Бо назардошти он, ки қисми зиёди лоиҳаҳои инфрасохтори роҳҳои Тоҷикистон аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои шарикони байналмилалии рушд маблағгузорӣ мешаванд, ноустувории (тағйирпазирии) нархи сӯзишворӣ низ метавонад ба арзиши ниҳоӣ, мӯҳлати татбиқ ва самаранокии иқтисодии ин лоиҳаҳо таъсири манфӣ расонад.

Дар робита ба ин, дар  маҷлиси ҳайати мушовараи вазорат Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ба  Раёсати ояндабинӣ ва таҳлили иқтисодии вазорат супориш дода шуд, ки якҷо бо МД «Нақлиёти втомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ»,  КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии  иншооти  нақлиётӣ», муассисаҳои сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо, марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳо оид ба сохтмон ва  таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар доираи Гурӯҳи корӣ Нақшаи  тадбирҳоиро бо пешниҳодҳои асоснок оид ба таъмини бефосилаи соҳа бо маводи сӯхт ва сӯзишвории дизелӣ таҳия намояд.