Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Душанбе маҳаллисозии марҳилавии истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва мототехникаро баррасӣ карданд. Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноат ва технологияҳои рақамиро муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар ва ҳайати шаҳри Чунтсини Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ намуданд. Дар ин бора 23 июл АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи маълумоти вазорат, таъсиси поркҳои саноатӣ, маҳалликунонии марҳила ба марҳилаи истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва мототехника, инчунин тайёр кардани кадрҳои баландихтисос баррасӣ карда шуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Чунтсин моҳи майи соли равон зоҳир гардид. Дар робита ба ин, ҷонибҳо аҳамияти истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо барои татбиқи амалии созишномаҳои бадастомада таъкид карданд.
Дар натиҷаи мулоқот ба ҷониби Чин маҷмӯи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки ба роҳандозии ташаббусҳои муштараки сармоягузорӣ ва таълимӣ равона карда шуда буд, супорида шуд.
***
Дар Тоҷикистон нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар шаш моҳ поин рафтааст. Дар натиҷаи тахфифҳо дар парвозҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ арзиши чиптаҳо ба ҳисоби миена 20-30% коҳиш ёфт, хабар медиҳад Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки нархи парвозҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ ва байналмилалӣ моҳи июли соли 2025 коҳиш ёфта буд. Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2026 нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ дар Тоҷикистон боз 25-30% коҳиш ёфт. Моҳи январи соли равон директори агентӣ Ҳабибулло Назарзода дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки ин ба шарофати тахфифи 40%-и хизматрасонӣ, ки фурудгоҳҳои кишвар ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ пешниҳод кардаанд, инчунин афзоиши шумораи парвозҳо дар доираи сиесати «осмони кушод» имконпазир гардид.
***
Somon Air нақша дорад, ки ба Лондон, Эр-Риёз, Сеул ва Пекин парвозҳо шуруъ кунад. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон Somon Air барои тавсеаи ҷуғрофияи парвозҳои байналмилалӣ тадбирҳо меандешад ва имкони кушодани парвозҳо ба Лондон, Эр-Риёз, Сеул ва Пекинро баррасӣ мекунад. Дар ин бора 8 июли соли 2026 Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2026 хабар дод.
Зикр карда шуд, ки ширкати ҳавопаймоӣ инчунин корро барои барқарор кардани парвозҳо дар Тифлис ва Анталия идома медиҳад. Интиқолдиҳанда аз ҷумла аз ҳисоби пурра кардани парки ҳавопаймоҳо тасмим гирифтааст шабакаи хатсайрҳоро васеъ намояд. Дар моҳҳои июл ва августи соли 2026 Somon Air нақша дорад, ки тариқи лизинг ду ҳавопаймои Boeing MAX-ро ба даст орад.
***
Дар Тоҷикистон сомонаи махсус бо маълумот дар бораи сифати ҳаво боз гардид. Дар кишвар веб-портали махсус ба кор даромад, ки дар он сокинон метавонанд сифати ҳаворо назорат кунанд.Маълумот дар сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод карда мешавад.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиногсии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар портал индекси сифати ҳаво, омехтаи зарраҳои хурди дисперсии PM2, 5 ва PM10, инчунин маълумот дар бораи ҳарорат, намӣ ва суръати шамол нашр карда мешавад.
Истифодабарандагон метавонанд ба ҷойгиршавии нуқтаҳои назоратӣ дар харита назар кунанд, тағйироти нишондиҳандаҳоро дар ҷадвалҳо пайгирӣ намоянд ва тавсияҳои тиббиро дар сурати зиёд шудани ифлосшавии ҳаво тафтиш кунанд.
Тибқи рӯйхати нашркардаи идора, мониторинг дар 9 нуқта гузаронида мешавад. Шаш адади онҳо дар Душанбе, дар Боғи Садриддин Айнӣ, дар хиёбони Рӯдакӣ, дар ҳудуди Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи Султон Умарови Академиди миллии илмҳо, Мактаби байналмилалии президентӣ, инчунин дар маҳаллаҳои 65 ва 103- уми пойтахт ҷойгиранд. Дар Кӯлоб, Ваҳдат ва Ҳисор низ боз як ададӣ нуқтаи назорати автоматӣ насб карда шудаанд.
***
Чиниҳо ба сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди «Қалаихумб – Ванҷ» баргаштанд. Мутахассисони чинӣ пас аз ним соли танаффус аз нав ба кор дар сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди «Қалаихумб – Ванҷ» (то сарҳади ноҳияи Рӯшон)-и шоҳроҳи «Душанбе –Хоруғ – Кулма» (сарҳади Чин) шуруъ карданд.
«Ҳоло дар он ҷо 214 нафар кор мекунанд, ки дар байнашон 30 нафар мутахассисони чинӣ ҳастанд», — гуфт Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим 8 июл дар нишасти матбуотӣ. Вай зикр кард, ки чанде қабл аз сафири Чин дар Тоҷқикистон хоҳиш кард, ки шумораи мутахассисони чинӣ зиёд карда шавад. Ба гуфтаи вазир, аксари корҳо аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ анҷом дода мешаванд ва мутахассисони чинӣ риояи меъёрҳо ва стандартҳои роҳро назорат мекунанд.
Вазир таъкид кард, ки анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ то моҳи октябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Вазир илова кард, ки марҳилаи навбатии таҷдиди роҳи «Душанбе-Хоруғ-Кулма» қитъаи 83-километрии роҳ дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон (аз дарвозаи ғарбии ноҳияи Рушан то маҳаллаи аҳолинишини Пастхуф) хоҳад буд.
«Санги аввал дар моҳҳои август-сентябр гузошта мешавад», — гуфт Вазири нақлиети ҶТ.
Минбаъд таҷдиди қитъаи 153-километрии роҳ аз Пастхуф то Хоруғ ва пас аз он 82 км роҳ аз Хоруғ то маҳаллаи аҳолинишини Ваҳедз (дар наздикии сарҳади ноҳияҳои Шуғнон ва Мурғоб) пешбинӣ шудааст.
ДАР МИНТАҚА
Дар Қазоқистон Талаботи ягона барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои шаҳрӣ қабул карда шуд. Меъёри идоравии таҳиякардаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии роҳҳои Қазоқистон (КаздорНИИ) тасдиқ гардид, ки талаботи ягонаро барои нигоҳдорӣ, истифода ва таъмири иншооти шабакаи роҳҳои шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро муқаррар мекунад. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҶҚ хабар дод.
Ҳуҷҷат мӯҳлатҳои ҳатмии байни таъмир, давраҳои кафолат ва тартиби нигоҳдории инфрасохтори роҳҳои шаҳрро муайян мекунад. Татбиқи он имкон медиҳад, ки сифати роҳҳо баланд бардошта, мӯҳлати хизмати онҳо дароз ва бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин карда шавад.
***
Қазоқистон шабакаи байналмилалии хатсайрҳоро васеъ мекунад: парвозҳои нав ба Чин ва Қирғизистон кушода шудаанд. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон корҳоро оид ба васеъ кардани ҷуғрофияи парвозҳо ва зиёд намудани шумораи парвозҳои байналмилалӣ идома медиҳад, хабар додааст маркази матбуоти вазорат.
Дар доираи ин кор Ширкати ҳавопаймоии қазоқистон FlyArystan хатсайрҳои нави байналмилалиро ба Чин ва Қирғизистон боз намуд.
Аз 26 июни соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро бо хатсайри «Оқтов – Урумчи» (Чин) бо шумори 2 маротиба дар як ҳафта (сешанбе ва ҷумъа) тариқи ҳавопаймоҳои навъи Airbus A320 оғоз кард.
Илова бар ин, аз 3 июли соли ҷорӣ парвозҳои мунтазам аз тариқи хатсайри «Остона – Иссиқкӯл» (Қирғизистон) оғоз гардиданд. Парвозҳо дар як ҳафта 2 маротиба – душанбе ва ҷумъа – дар ҳавопаймоҳои навъи Airbus A320 анҷом дода мешаванд.
***
Дар Самарқанд Намоишгоҳи «Занҷираи миллии саноатӣ» дар соҳаи нақлиёт баргузор шуд. 15-16 июли соли ҷорӣ дар маркази намоишгоҳи «Sof Expo» дар ноҳияи Ҷомбои вилояти Самарқанд намоишгоҳи «Занҷираи миллии саноатӣ» дар соҳаи нақлиёт баргузор гардид, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон.
Намоишгоҳ дар ҳамкорӣ бо кооператсияи саноатӣ ва Агентии хариди давлатӣ, Вазорати нақлиёт, инчунин фармоишгарони давлатӣ ва корхонаҳои соҳавии соҳаи нақлиёт ташкил карда шуд.
Дар намоишгоҳ талаботи ҷорӣ ва ояндадори хариди фармоишгарони калони давлатӣ дар соҳаи нақлиёт пешниҳод карда шуд. Инчунин, истеҳсолкунандагони ватанӣ тавонистанд маҳсулоти худ, ҷузъҳо, қарорҳои технологӣ ва коркардҳои воридотивазкунандаро намоиш диҳанд.
***
Қирғизистон дар сохтмони роҳҳо ба нишондиҳандаҳои рекордӣ ноил гардид. Ҳоло дар ин кишвар 426 километр роҳҳои автомобилгард пурра асфалтпӯш карда шудаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати нақлиет ва коммуникатсияи Қирғизистон.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 234 километр зиёд аст. Барои муқоиса, то моҳи июни соли 2025 дар кишвар 191,5 километр роҳ асфалтпӯш карда шудааст.
Айни замон дар саросари кишвар корҳо оид ба сохтмон ва таҷдиди роҳҳо бо мақсади баланд бардоштани иқтидори нақлиётӣ-логистикӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва беҳтар кардани инфрасохтори минтақаҳо пайваста идома доранд.
***
Дар интиқоли борҳои фаромарзии Туркманистон афзоиши назаррас ба даст оварда шудааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар ҳаҷми интиқоли борҳои фаромарзии Туркманистон суръати баланди афзоиш ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Хадамоти давлатии гумруки Туркманистон хабар медиҳад.
Дар ин давра 94 давлати ҷаҳон аз имкониятҳои транзитии нақлиёти кишвар истифода карданд. Дар айни замон, ҳаҷми умумии борҳои транзитии байналмилалӣ, ки тавассути қаламрави Туркманистон интиқол дода шудаанд, аз 3,5 миллион тонна зиёд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 фоиз афзоиш ефтааст.
ДАР ҶАҲОН
Дар айёми гармии ҳаво дар роҳҳои Русия назорати мошинҳои гаронвазн пурзӯр карда шуд. Аз сабаби гармӣ дар роҳҳои пойтахти Ҷумҳурии Бурятия шаҳри Улан-Удэ, кормандони БДА ва кумитаи нақлиёт назорати борҳои вазнинро тақвият доданд. Дар ин бора Gazeta.ru хабар медиҳад.
Аз 10 июн то 31 август ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин маҳдуд карда шуд. Дар роҳҳои асосии шаҳр санҷишҳо гузаронида мешаванд. Вақте ҳарорати ҳаво дар давоми рӯз аз 32 дараҷа зиёд шуд, мошинҳои боркаш бо сарбории беш аз 10 тонна ба меҳвари мошин наметавонанд дар роҳҳои асфалтпӯши шаҳр ҳаракат кунанд. Дар чунин ҳолатҳо борҳои вазнинро танҳо дар вақти шабона аз соати 22:00 то 10:00 кашондан мумкин аст.
«Ин аз он сабаб аст, ки асфалт дар ҳарорати баланд нарм мешавад ва мошинҳои вазнин метавонанд болопӯши роҳро вайрон кунанд. Барои пешгирии вайроншавии роҳҳо санҷишҳои нақлиёти вазнин дар рӯзҳои гарм пурзӯр карда мешаванд», - шарҳ доданд дар кумитаи нақлиёт. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат ҷарима пешбинӣ шудааст.
***
Маҳдудияти воридшавии мошинҳои сабукрав дар пойтахти Арманистон аз сабаби тамбашавӣ. Шаҳрдори Ереван Тигран Авинян қаблан дар парлумон изҳор дошта буд, ки яке аз чораҳои мубориза бо тамбашавии воситаҳои нақлиёт метавонад маҳдуд кардани «сабукравҳо» дар пойтахт ё ҳадди аққал дар маркази шаҳр бошад. Ба гуфтаи ӯ, барномаи озмоишии мушоҳидаи (мониторинги) ҳаракати мошинҳо дар даромадгоҳҳои шаҳр аллакай оғоз шудааст. Дар асоси маълумоти ҷамъоваришуда дар давоми сол омода кардани барномаи мукаммали тағйирот дар низоми нақлиётии пойтахт ба нақша гирифта шудааст.
Галстян қисман маҳдудиятро иҷозат медиҳад: масалан, дар рӯзҳои ҷуфт танҳо мошинҳои рақами ҷуфт метавонанд аз ноҳияҳои атрофи шаҳр ба марказ ворид шаванд ва баръакс. Онҳо инчунин метавонанд вурудро дар соатҳои муайян дар давоми рӯз манъ кунанд. Аммо ин ҳама, ба гуфтаи ӯ, бояд бо ҳалли алтернативии масъала, ки ба шаҳрвандон мушкилоти иловагӣ эҷод намекунад, амалӣ карда шавад.