Гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соли 2025 аз 700 миллион доллар зиёд шуд. Кишварҳо ният доранд то соли 2030 ин нишондиҳандаро ба 2 миллиард доллар расонанд. Дар ин бора Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Каҳҳорзода дар Тошканд ибрози назар намуд, навиштааст «Газета.uz».
Вазири молияи ҶТ дар муҳокимаҳои сатҳи баланди «Муносибатҳои минтақавӣ: ҳамкорӣ, сармоягузории бахши хусусӣ ва савдои озод», ки 29 июни соли 2026 дар пойтахти Узбекистон, дар доираи ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои узви Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор (Constituency Meeting) баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Ба гуфтаи вазир, ширкатҳои минтақавӣ торафт бештар ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя ворид мешаванд ва иштироки мутақобилаи сармояи хусусӣ дар Осиёи Марказӣ ба як тамоюли назаррас табдил меёбад.
Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2025 ба беш аз 2 миллиард доллар расид. Ин зиёда аз 20% тиҷорати хориҷии кишварро ташкил медиҳад.
Вазир ба ҳамкорӣ бо Узбекистон таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир кард. Вай онро яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ номид.
«Гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон соли 2025 беш аз 700 миллион долларро ташкил дод», – гуфт Каҳҳорзода ва зикр кард, ки сарони давлатҳои ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев вазифа гузоштанд, ки тиҷорати мутақобиларо то соли 2030 қариб се баробар афзоиш диҳанд.
Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҶТ, ҳоло дар Узбекистон зиёда аз 400 ширкат бо иштироки сармояи соҳибкорони тоҷик фаъолият доранд. Дар Тоҷикистон дар навбати худ беш аз 160 ширкат бо иштироки сармоягузорони Узбекистон ба қайд гирифта шудаанд. Вазир инчунин иттилоъ дод, ки ба ҳолати то 1 июли соли 2026 дар Тоҷикистон 112 ниҳоди тиҷоратӣ бо иштироки сармояи Қазоқистон, 42 ниҳод бо иштироки сармояи Қирғизистон ва 12 ниҳод бо иштироки сармоя аз Туркманистон фаъолият мекунанд.
Ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои муштарак, ба гуфтаи Каххорзода, Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон бо сармояи беш аз 50 миллион доллар таъсис дода шуд, ки он бояд воситаи маблағгузории лоиҳаҳо дар саноат, коркарди кишоварзӣ, логистика, тиҷорати хурд ва миёна гардад.
Вазир нақши калидии инфрасохтори нақлиётиро дар рушди гардиши мол байни кишварҳо махсус таъкид сохта, дар айни замон аҳамияти махсуси лоиҳаҳои бузурги минтақавиро, ки бо дастгирии институтҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ карда мешаванд, зикр намуд.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар доираи Марҳилаи чоруми Барномаи беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ - 4) беш аз 130 миллион доллари ИМА барои рушди хатсайрҳои автомобилгарди фаромарзӣ, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва навсозии инфрасохтори гумрукӣ пешбинӣ шудааст.
«Барои Осиёи Марказӣ ин бисёр муҳим аст, зеро иқтисодиёти кишварҳои мо аз ҳамдигар мукаммал мешаванд», – изҳор намуд ӯ ва илова кард, ки бо истифодаи дурусти тамоми имкониятҳои минтақа, Осиёи Марказӣ метавонад на танҳо фазои транзитӣ, балки маркази мустақили истеҳсол, коркард, савдо ва хидматрасониҳои рақамӣ гардад.