Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 - 3 июл дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон бо сабаби боридани борон омадани сел пешгӯӣ мешавад.
Моҳи июн маъмулан гарм мешавад. Ҳарорат дар ин моҳ, ба ҷуз минтақаҳои кӯҳистон, қариб то 40 баланд мешавад, вале дар баъзе рӯзҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Дар ВМКБ ҳавои бебориш пешгӯӣ шудааст, вале дар ғарби ин вилоят, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз ҳаво дар давоми моҳи июл 29-36 дараҷа гарм хоҳад шуд,ки ин аз меъёри иқлимӣ (16-21 дараҷа) хеле зиёд аст.
Дар натиҷаи болоравии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо ва баландшавии сатҳи об дар раёҳои Панҷ, Вахш, Варзоб, Зарафшон эҳтимоли омадани сел дар минтақаҳои мазкур дар назар аст.
Инчунин 2 - 4 июл дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби шидданокии вазиши шамол аз самти минтақаҳои ҷанубӣ ба амал омадани хокбориш аз эҳтимол дур нест.
Дар натиҷаи хокбориш ва чангу ғубор ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ, аз ҷумла заррачаҳои андозаашон то 10 мкр (PM-10) ва то 2,5 мкр (РМ-2,5) вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи идораю муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо супориш додааст, ки ҳолати роҳҳои автомобилгардро ба таври шабонарӯзӣ назорат намоянд.
Ҳамзамон Вазорати нақлиёт ба ронандагону мусофирон чунин тавсия медиҳад:
– то ҷои имкон дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои куҳӣ ва надисоҳилӣ худдорӣ кунед;
– пеш аз ба роҳ баромадан бо маълумот дар бораи обу ҳаво шинос шавед;
– ҳангоми ҳаракат дар наздикии соҳили дарёҳо ва мавзеҳои осебпазир ва хатарнок (сангрезу селрав) сахт эҳтиёткор бошед;
– қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоед!