Хабарҳо

slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 24-06-2026 Просмотрено: 3105

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 июн бинои маъмурии фурудгоҳи Ховалингро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ дод.

 Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва унсурҳои миллӣ бунёд гардида, дар он барои кормандону мутахассисон шароити мусоиди корӣ фароҳам аст.

Бинои маъмурии фурудгоҳ аз ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои интизорӣ, ҷаласа ва қабулу гусели мусофирон инчунин меҳмонхона иборат буда, инфрасохтори он барои хизматрасонӣ ба мусофирон мувофиқ гардонида шудааст.

***

Қатораи «Душанбе-Маскав» пас аз шаш соли танаффус  аз нав ба роҳ баромад. Қатораи мусофирбарии № 423/424 «Душанбе Маскав» 21 июн пас аз қариб шаш соли танаффус бори аввал ба роҳ баромад. Хатсайр  ба туфайли ҳамкории КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ҶСК «Роҳҳои оҳани Русия»,  инчунин дар мувофиқа бо маъмурияти роҳи оҳани Қазоқистон ва Узбекистон  дубора фаъол шуд.

Қатора бояд 24 июн соати 22:08 бо вақти Маскав ба  истгоҳи Павелецкии  пойтахти Русия расад. Тибқи маълумоти интиқолдиҳанда, қатораи мусофирбари № 423/424 дар ду ҳафта як маротиба ҳаракат мекунад. Бозгашти  қатора аз Маскав  25 июн оғоз меёбад.  

***

Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар қитъаҳои хатарноки роҳҳои ноҳияи Рашт бартараф карда шуданд. Дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар қитъаҳои хатарноки роҳҳои ноҳияи Рашт ва роҳи мошингарди «Лабиҷар – Сангвор» 56 щолати тармафароӣ ва селҳои хурду калон  рух доданд, ки оқибатҳои онҳо саривақт бартараф карда шуданд,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи маълумоти  Муассисаи давлатии хоҷагии роҳҳои ноҳияи Рашт, ҳоло корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои лағжиши замин дар километри 141,5-уми роҳи байналмилалии «Ваҳдат – Рашт – Лахш  – марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон», ки 11 май  ба вуқуъ омад, идома доранд.  Корҳо бо истифода аз техникаи  махсуси Вазорати нақлиёт  ба ҷо оварда мешаванд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин қитъа рӯзҳои наздик пурра барқарор карда мешавад.                                            

***

Дар Душанбе  IT Hub Dushanbe бунёд карда мешавад. 9 июн Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таҳкурсии маҷмааи ояндаи IT Hub Dushanbe дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт санги асос  гузоштанд. Дар ин бора МИХД шаҳри Душанбе хабар додааст.

Лоиҳа ба рушди иқтисодиеёи рақамӣ, васеъ кардани истифодаи технологияҳои муосир, ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ равона шудааст.                                             

***

Чин дар бунёди роҳи оҳани нав дар Вилояти Суғд кӯмак хоҳад кард. Дар Вилояти Суғд сохтмони роҳи оҳан ба нақша гирифта шудааст, ки Шаҳрҳои Истаравшан Ва Истиқлолро бо Ноҳияи Спитамен мепайвандад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии маъмурияти вилоят.

Ин лоиҳа дар мулоқоти раиси минтақа Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати мутахассисони чинӣ бо роҳбарии президенти институти илм, техника Ва тадқиқоти Пекин Чен Хэ баррасӣ шуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотӣ, лоиҳа сохтмони роҳи оҳани 171 километрро бо дастгирии ҷониби чин дар назар дорад. Дар айни замон асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ омӯхта мешавад.

Дар Тоҷикистон корҳо оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳҳои нави автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин марказҳои логистикӣ идома доранд.

Дар айни замон 573 км роҳҳои автомобилӣ ва 71 км роҳи оҳан бояд тарҳрезӣ карда шаванд.

Ҳоло кор бо шарикони рушд оид ба ҷалби сармоягузорӣ барои сохтмони 327 км роҳҳои тарҳрезишуда, инчунин сохтмони марказҳои логистикӣ, хариди техника ва таҷҳизот барои нигоҳдории роҳҳо идома дорад.                                                        

***

Бонки Аврупоиии таҷдид ва рушд (БАТР) рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2026 7,9% пешбинӣ мекунад. Тибуи малумоти БАТР, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 ба андохаи 7,9% афзоиш хоҳад ёфт. Ин баландтарин нишондиҳанда дар Осиёи Марказӣ мебошад. Аммо аллакай дар соли 2027, тибқи арзёбии бонк, афзоиш то 7% коҳиш пайдо мекунад. Чунин маълумот дар гузориши нави БАТР «Дурнамои иқтисодии минтақа», ки моҳи июни соли 2026 нашр шудааст,  зикр гардидааст.

БАТР тазаккур додааст, ки иқтисоди  Тоҷикистон яке аз босуръат рушдёбанда дар минтақа боқӣ мемонад. Тибқи арзёбии бонк, соли 2024 ММД-и Тоҷикистон 8,4% афзоиш ёфтааст. Афзоиши 8,4%-ро БАТР дар соли 2025 низ  таъйид мекунад. Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди кишвар, тибқи гузориш, дар як сол тақрибан 8% рушд ёфтааст.

 Рушд дар аввали соли 2026 ба туфайли афзоиши фаъолият дар савдо, нақлиёт ва алоқа, инчунин  раванди қавӣ дар саноати коркард ва афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ таъмин карда шуд.

***

Алоқаи байниҳамдигарии нақлиётӣ дар ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд. Ҷаласаи 2-юми Кумитаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо 19 июн дар Брюссел таҳти раёсати муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахлиддин Нуриддинзода ва муовини Директори идоракунанда оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо (EEAS) Аудроне Перкаускен баргузор гардид.

Тавре ки вазорат хабар дод, доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, дурнамои имзои Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеъ, ҷалби сармоягузорӣ, алоқаи байниҳамдигарии  нақлиётӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, захираҳои об, маориф, рақамисозӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун баррасӣ шуданд.

ДАР МИНТАҚА

Дар Зангиат роҳи оҳани муосир сохта мешавад. Дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканди Узбекистон сохтмони роҳи нав дар қитъаи байни истгоҳҳои «Собир Раҳимов» ва «Уртааул» оғоз ёфт. Лоиҳа бояд мушкилоти дарозмуддати нақлиётии сокинони ноҳияро ҳал кунад.

Сохтмони роҳи замонавӣ дар ҷои гузаргоҳи роҳи оҳан оғоз ёфт, ки солҳои зиёд ба ҳаракати нақлиёт халал мерасонд.

Тибқи нақша, дар ҷои кӯчиши мавҷуда роҳи муосир бо дарозии 23,6 метр сохта мешавад. Пас аз ба кор даровардани иншоот, ҷараёни нақлиет бефосила таъмин карда мешавад, тамбашавии воситаҳои нақлиёт ба таври назаррас коҳиш меёбад ва барои сокинон ва ронандагон шароити қулайтар ва бехатартари ҳаракат фароҳам оварда мешавад.

***

Дар байни ду ноҳияи вилояти Самарқанд роҳи оҳани нав сохта мешавад.  Сохтмони роҳи оҳан бо дарозии 53,6 км барои пайваст кардани ноҳияҳои Ҷамбай ва Ургут оғоз пазируфт. Лоиҳа иқтидори МОИ «Ургут» - ро беҳтар мекунад.

Хабаргузории давлатии иттилоотии Узбекистон «УзА» иттилоъ медиҳад, ки  гузаргоҳи гумрукии «Ҷартеппа» дар марз бо Тоҷикистон истгоҳе хоҳад дошт, ки сафарҳои сокинони Тоҷикистонро ба Узбекистон осонтар мекунад.

Хатти нави рощи ощан бо дарозии 53,6 км ноҳияҳои Ҷамбай ва Ургутро бо ҳам мепайвандад. Он бо назардошти қарорҳои муосири муҳандисӣ тибқи нақшаи генералии таҳиякардаи ҶДММ «Тоштемирйюллойиха» сохта мешавад.

Роҳи оҳани нав, ки аз корхонаи MAN дар ноҳияи Ҷамбай оғоз меёбад, роҳи автомобилгарди 4Р-238-ро убур мекунад, аз шафати дарёи Зарафшон мегузарад ва тавассути пули болои ин дарё ба ноҳияи Ургут мебарояд.

Дар маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ҷамбай, Самарқанд, Тайлак ва Ургут, ки роҳи оҳан аз ҳудуди онҳо мегузарад, таваққуфгоҳҳо ташкил карда мешаванд. Аз ҷумла, дар наздикии гузаргоҳи  гумрукии «Ҷартеппа», ки дар марз бо Тоҷикистон ҷойгир аст, истгоҳ сохта мешавад, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад бо қатора ба Узбекистон сафар кунанд.                                                     

***

Дар Сурхондарё роҳи нав бунёд мегардад, ки он ду шоҳроҳи байналмилалиро ба ҳам пайваста, вақти расонидани бор то Тошкандро коҳиш медиҳад.  Дар ин бора Podrobno.uz. хабар додааст.

Роҳи нав шоҳроҳҳои автомобилии  M39 ва M41-ро  ба ҳам мепайвандад. Пештар дар ин ҷо  роҳи санггфарш вуҷуд дошт, ки барои ҳаракати мошинҳои сабукрав ва гаронвазн муносиб набуд. Сохтмон роҳ дар доираи лоиҳаи Бонки   Осиёии рушд маблағгузорӣ карда мешавад.   Корҳои сохтмонӣ аз ду марҳила иборатанд: қитъаи роҳи автомобилгард 4R105 «Дарбанд – Бойсун – Эльбайон»  (65 км) ва қитъаи 4R100 «Мангузар – Ҷарқӯрғон – Бандихон – Олтинсой – Деҳнав» (46 км). Дар натиҷа дарозии умумии роҳи автомобилгард, ки  сохта мешавад, 111 км-ро ташкил хоҳад дод.

Пас аз ба итмом расидани лоиҳа, роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалии M39 ва M41, ки аз қаламрави вилояти Сурхондарё мегузаранд, муттаҳид карда мешаванд, ки ин роҳи интиқолдиҳандагони байналмилалӣ ва маҳаллиро, ки борҳоро ба Тошканд ва кишварҳои ҳамсоя интиқол медиҳанд, 146 км  кутоҳ мекунад.

ДАР ҶАҲОН

Аз 1 сентябри соли 2026 дар Русия истифодаи ҳатмии ҳуҷҷатҳои электронии ҳамлу нақл барои ҳамаи иштирокчиёни интиқоли борҳои тиҷоратӣ ҷорӣ карда мешавад. Ин дар қонуни федералии кишвар аз   7 июни соли 2025 таҳти №140-ФЗ муқаррар карда шудааст, ки он ба як қатор қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла Қонуни федералӣ «Дар бораи фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ» тағйирот ворид кардааст.

Мубодилаи ҳуҷҷатҳо тавассути системаи давлатии GIS EPD ё операторони EDO бо истифода аз имзои электронӣ сурат мегирад. Дар хабарҳои  расонащои Русия гуфта мешавад, ки санҷиши имзои электронии хориҷӣ имрӯз дар Русия ва аксари кишварҳои шарики иқтисодии Русия ҳал шудааст.

Қоидаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути CMR тағйир наефтаанд. Аммо    ронандагон борро ба кишвари дигар интиқол диҳанд, дар қитъаи  қаламрави Русия  ҳуҷҷатҳои электронӣ лозиманд.

***

750 метр роҳ дар як соат – чиниҳо рекорди нав  нишон доданд. Рекордҳои ба дастовардаи чиниҳо дар бунёди  роҳу пулҳо,  одамонро ба ваҷд меоранд.  Чанде пеш онҳо дар давоми 9 соат барои истгоҳи нави роҳи оҳан роҳ кушоданд, менависад рӯзномаи «Аргументы и факты».

1500 нафар коргар ва 23 адад экскаватор дар як шабонарӯз 3 шохаи калони роҳи оҳанро бо хатти нави Нанлун дар ҷануби Чин пайваст карданд. Дар баробари ин, на танҳо роҳро бунёд карданд, балки дар он чароғҳо ва дигар воситаҳои назорат насб карда шуданд.

Тавре муовини роҳбари гурӯҳи Tiesiju Civil Engineering,  бунёдгари асосии ооҳи оҳан дар Чин Чжан Даосун шарҳ дод, лоиҳа дар муддати  камтарин иҷро карда шуд, зеро коргарон ба 7 бригада ҷудо шуда, корҳои гуногунро иҷро мекарданд. Аммо маълум аст, ки сирри муваффақияти Чин на танҳо дар идоракунии оқилона аст. 750 метр дар як соат – бо чунин суръат имрӯз дар  ин кишвар роҳҳои нав сохта мешаванд. Ҳамаи роҳҳои баландсуръат дар 20 соли охир сохта шудаанд!

***

Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба Гурҷистон барои рушди хатсайри байналмилалии Транскаспий 372 миллион доллар қарз ҷудо кард.  БҶ ба Гурҷистон барои навсозии роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилӣ дар доираи хатсайри байналмилалии нақлиётии Транскаспий – Долони Миёна, ки Аврупо ва Осиёро ба ҳам мепайвандад, 372 миллион доллар қарз ҷудо кард.. Дар ин бора  АИ «Синхуа» хабар медиҳад.

Қарори шӯрои директорони бонк ба Гурҷистон дастрасӣ ба маблағгузории калонтарро фароҳам меорад: арзиши умумии лоиҳаи TC-GATE (Долони нақлиётии Транскаспий – баланд бардоштани дастрасӣ ва такмили системаи нақлиётии Гурҷистон) аз 750 миллион доллар зиёд аст. Ғайр аз қарзи Бонки ыаҳонӣ, Тифлис интизор дорад, ки аз Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ 182 миллион доллар ва аз Бонки Осиеии рушд (БОР) 175 миллион доллар ҷалб кунад.