Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ЛАҲЗАИ ТАЪРИХӢ. Тоҷикистон ва Гурҷистон ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт густариш диҳанд

Санаи нашр: 22-06-2026 Просмотрено: 3487

Тоҷикистон ва Гурҷистон ба мувофиқа расиданд, ки Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ таъсис дода, ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни ду кишварро тезонанд ва ҳамкориро дар тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳо густариш диҳанд. Дар ин бора дар ҷараёни сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Тоҷикистон, ки  19-20 июн сурат гирифт,  иттилоъ дода шуд,  навиштааст Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 19 июн дар Қасри миллат Сарвари Ҳукумати Гурҷистонро ба ҳузур пазируфтанд. Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо, ҷонибҳо бастаи иборат аз 11 санади ҳамкориро имзо карданд ва Эъломияи муштарак қабул намуданд, ки дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои минбаъда муайян карда шудаанд.

Тибқи Созишномаи имзошудаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба алоқаи ҳавоӣ, мақомоти марбутаи ду кишвар дар самтҳои фаъолияти тиҷоратӣ, таъини ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва иҷозатномадиҳӣ, бехатарии авиатсионӣ ва эътимоднокии парвозҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард. Дар доираи Созишнома имкониятҳо барои ташкили парвозҳои мунтазами мустақим байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Гурҷистон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, хизматрасониҳои алоқаи ҳавоӣ ва сайёҳӣ фароҳам оварда мешаванд.

Тавре дар Эъломияи муштарак омадааст, ҷонибҳо:

– омодагии худро ҷиҳати боз ҳам амиқтар кардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ-транзитӣ ва аграрӣ, инчунин соҳаҳои иҷтимоӣ таъйид карданд;

– аз имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон дар бораи таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ истиқбол намуданд;

– соҳаи нақлиёту логистикаро  ҳодии (пешбарандаи ) калидии рушди иқтисодӣ эътироф намуда,  ба мувофиқа расиданд, ки ба инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ ва истифодаи самараноки иқтидори транзитӣ мусоидат кунанд;

–  ҷонибдори ҳарчи зудтар ба роҳ мондани алоқаи мунтазам ва  мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон шуданд ва ба таҳия ва татбиқи якҷояи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия изҳори омодагӣ намуданд.

Ҷонибҳо сафари нахустини расмии ҳайати баландпояи Гурҷистон  ба Душанберо «таърихӣ» арзебӣ карданд.

«Ин як лаҳзаи таърихӣ аст. Аввалин сафари расмии cатҳи олӣ аз Гурҷистон ба Тоҷикистон сурат  гирифт. Халқҳои мо, кишварҳои мо бо анъанаҳои таърихӣ ва дӯстии дерина зич алоқаманданд ва вазифаи мо ин аст, ки барои таҳкими шарикӣ ва ҳамкорӣ ҳадди аксар кор кунем. Мо ӯҳдадории худро ба ин ҳадаф тасдиқ мекунем», – гуфт аз ҷумла Кобахидзе.                                                  

***

Ҳамин тавр, мутобиқи созишҳои бадастомада, Тоҷикистон ва Гурҷистон барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия изҳори омодагӣ намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои транзитӣ мусоидат кунанд.

Тавре дар ҷараёни гуфтушунидҳо  зикр гардид, соли гузашта гардиши мол миёни Тоҷикистону Гурҷистон беш аз 37 дарсад зиёд шуда, танҳо дар чор моҳи аввали соли 2026 ба андозаи  64 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳандаи мусбат аст. Ҷонибҳо барои боз ҳам суръат бахшидан ба афзоиши ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол байни ду кишвар аҳамияти истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷудаи Тоҷикистону Гурҷистонро таъкид намуданд.

Аз ҷумла, дар ин замина метавон фаъолсозии алоқаи байналмилалии автомобилиро, ки қаблан дар бораи он  санади ҳамкорӣ имзо шуда буд, муҳим арзёбӣ кард. 14 апрели соли 2021 дар шаҳри Тифлис Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Ибоҳим ва Вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Натия Турнава бори аввал Созишнома дар бораи интиқоли байналмилалии автомобилиро ба имзо расониданд. Ҳуҷҷати мазкур интиқоли молҳоро дар қаламрави кишварҳо бо иҷозатномаҳои дуҷониба ва транзитӣ, инчунин дар асоси рухсатномаҳо тибқи квота – ба кишварҳои сеюм пешбинӣ мекунад.

Дар Форуми IV байналмилалии Тифлис «Роҳи Абрешим» (Tbilisi Silk Road Forum), ки 26-27 октябри соли 2023 дар пойтахти Гурҷистон баргузор шуд, лоиҳаи «Чорроҳаи ҷаҳон» дар бораи рушди алоқаи нақлиётӣ миёни Арманистон, Озарбойҷон, Туркия ва Эрон муаррифӣ карда шуд.

«Ин маънии онро дорад, ки Роҳи Абрешим, ки дар аҳди қадим аз Қафқози Шимолӣ мегузашт, акнун ба қисмати Қафқози Ҷанубӣ низ мепайвандадад, – изҳор дошт Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни ширкат ва суханронӣ дар ин форум. – Ҳамин тариқ, ба долони мултимодалии "Чин –Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо" як  роҳи дигар илова мегардад, ки ба супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи васеъ кардани долонҳои байналмилалии нақлиётии мо мувофиқат мекунад».

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон, ки  бо долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, аз қабили ТРАСЕКА, ЦАРЭС, ИА ва ғайра алоқаманд аст, метавонад ва ба нақша гирифтааст, ки барои дигар кишварҳо минтақаи транзитӣ гардад. Дар ин бора Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир зимни мулоқот бо сарони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дар бисёр ҳамоишҳои байналмилалӣ таъкид намуда, пешниҳод кардаанд, ки  консепсияи ҳамгироӣ, «харитаҳои роҳ», лоиҳаҳои рушди инфрасохтор таҳия карда шаванд ва марказҳои логистикӣ бунёд гарданд.