Намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқҳои пагоҳирӯзӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии йога иштирок намуданд. Машқҳо имрӯз дар майдони шаршараи Муассисаи давлатии «Наврузгох» - и шаҳри Душанбе баргузор гардиданд.
Машқҳо таҳти шиори «Як Замин, як саломатӣ» ("One Earth, H Health") садҳо нафар сокинон ва меҳмонони пойтахтро ба ҳам оварданд. Барнома бо ибтикори Сафорати Ҳиндустон дар ҶТ, мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Рӯзи байналмилалии йога ҳамасола дар саросари ҷаҳон 21 июн ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн тибқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ таҳти № 69/131 аз 11 декабри соли 2014 таъсис дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аҳолии мамлакатро ба тарзи ҳаёти солим (ТҲС) даъват карда, ба аҳамияти ТҲС ҳам барои шахс ва ҳам барои ҷомеа дар маҷмӯъ таъкид намуданд. Пас аз ин даъватҳо ибораи маъмули «Дар бадани солим – рӯҳи солим» ба як навъ шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи сокинони кишвар табдил ёфтааст.
Аз ҷумла, дар Паёми солонаи худ ба парлумони кишвар соли 2022 Сарвари давлат чунин таъкид карданд: «Минбаъд мо бояд ба оммавияти варзиш, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ аҳамият ва таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем ва барои таҳкими саломатии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам орем».
Соли 2024 дар Паёмашон дар бораи саломатии ҷавонон ҳарф зада, Пешвои миллат зикр намуданд, ки давлат иншооти варзиширо барои таъмини саломатии насли наврас, оммавияти варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим бунед мекунад.
Даъватҳои Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомҳои мушаххас тақвият дода мешаванд. Бо супориши Сарвари давлат барномаҳои миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011 - 2020 ва солҳои 2022 - 2026 таҳия ва тасдиқ карда шуданд. Дар доираи ин барномаҳо мақомот ҷиҳати аз байн бурдани одатҳои зиёновар фаъолона кор мекарданд, ки ин ба коҳиши назарраси шумораи тамокукашон, истеъмолкунандагони машрубот ва одамони фарбеҳ мусоидат намуд.
17 июни соли 2026 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунеро имзо карданд, ки тибқи он ба Кодекси тандурустии ҶТ тағйирот ворид карда шуд. Мутобиқи ин тағйирот, минбаъд корфармоён (вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо) вазифадоранд, ки барои кормандон машқҳои ҳаррӯзаи 20-дақиқаӣ ташкил кунанд.
Қобили зикр аст, ки талошҳои Тоҷикистон барои пешбурди ТҲС эътирофи байналмилалӣ пайдо карданд. Соли 2018 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Медали тиллои «Барои таъмини тарзи ҳаети солими аҳолӣ» - ро тақдим намуд.